Бахшҳо

Зоиров: “Бовар кунед, бо мақомоти Узбакистон мулоқот надоштам”

Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), мегӯяд, сафари ахири ӯ ба Узбакистон сарусадоҳоеро ба миён овардааст, ки аслан поя надоранд. Хабарнигори “Озодагон” бо оқои Зоиров дар робита ба сафари ахираш ба Узбакистон ва посухҳои ӯ ба суоли корбарони шабакаи “Одноклассники” дар бораи номзадияш дар интихоботи президентӣ сӯҳбати кӯтоҳе дошт, ки пешкаши Шумо мешавад.


Озодагон: Ҳадаф аз ин сафаратон ба Узбакистон чӣ буд? Шумо пештар гуфтед, барои дидорбинии хоҳарбузургатон меравед, вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук чизи дигар мегӯянд...

Зоиров: “Қаблан ҳам гуфта будам ва ҳоло ҳам мегӯям, ки ҳадафи ба Узбакистон рафтани ман фақат дидорбинӣ ва аёдати хешовандон буд. Чанд вақт боз хоҳарбузургам бемор буданд ва он касро надида будам.”

Озодагон: Мегӯянд, сафари Шумо ба Узбакистон ногаҳонӣ ва ғайримунтазира буд, алалхусус дар ҳамин шабу рӯз...

Зоиров: “Оё ман ногаҳон рафтам? Дар мавриди сафари ман, ҳама аз ҷумла Шӯрои сиёсии ҲСДТ, аъзои раёсат иттилоъ доштанд. Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ дар ҷараён буд. Ман инро махфӣ нигоҳ надошта, ба ҳама хабар дода будам. Вақте ки рафтам, мақомот ҳамаи ҳуҷҷатҳоямро аз назар гузаронида, баъд равон карданд. Рӯзе, ки баргаштам, маро дар марз намояндагони Кумитаи амният пешвоз гирифтанд. Баъд аз омаданам бо онҳо тақрибан 2,5 соат сӯҳбат кардам. Он масъалае, ки ман ба Узбакистон меравам, аллакай аз 25-уми май ният доштам ва 12-уми июн рафтам. Раводидро бошад, 31-уми май гирифта будам. Яъне, 17-рӯз пеш маълум буд, ки ман меравам. Ман ба шаҳри Тошканд ворид нашуда, ба ноҳияи Бӯстонрез, қариб 150 километр дуртар аз он ҷо, рафтам. Танҳо рӯзи 21-ум ба Тошканд баргаштам. Ҳамон рӯз рост ба сафорати Тоҷикистон дар Узбакистон даромада, ҳуҷҷатҳоро пешниҳод карда, ба Душанбе баргаштам.”

Озодагон: Дар “Одноклассники” чанд рӯз пеш суолу ҷавоби Шумо дар мавриди ширкататон дар интихоботи президентии имсола ба нашр расид. Ин ҳақиқат дорад, ки Шумо дар интихобот ба ҳайси номзад иштирок мекунед?

Зоиров: “Бо корбарони “Одноклассники” сӯҳбат доштам ва ба суоли онҳо ҷавоб гуфта будам. Бояд гуфт, дар он ҷо тақрибан 70 савол буд, аз ҳамон суолҳо танҳо 4-тоаш ба интихоботи президентӣ рабт дошт, яъне мепурсиданд, ки номзадиатонро пешниҳод мекунед, ё не? Ман ҷавоб гардондам, ки “ҳа, номзадиамро пешниҳод мекунам. Мехоҳам, ки номзад на танҳо аз ҳизбҳои мухолиф, умуман аз кулли нерӯҳои демократӣ бошам”. Аммо дишаб омада хондам, ки онро ба тарзи дигар чоп кардаанд. Ба ин саволҳо ман 11-уми июн ба шабакаи “Однокласники” қабл аз рафтанам ба Узбакистон ҷавоб гардонда будам. Модераторони ин шабака суолҳоро ҷамъ карда, ба ман фиристода буданд ва ман тавассути почта ба онҳо ҷавоб гардондам. Суоле, ки ҷавобаш дар шабакаи мазкур ва аз номи ман паҳн гардид, бо номи “Гражданин свой страны” бо матни “Шумо номзадии худатонро ба интихоботи президентӣ мегузоред?” омада буд. Ман ҷавоб гардонда будам, ки “Гражданин свой страны” ман ҳам мисли ту, шаҳрванди кишвари худ мебошам ва дар ин интихобот иштирок мекунам. Аввал ин ки инро ман дар Узбакистон накардам, дар он ҷо имконияти изҳорот кардан ҳам набуд. Ман ба дигар масъалаҳо машғул будам.”

Озодагон: Сарусадо ҳаст, ки Шумо бо ашхоси баландпояи Узбакистон мулоқот доштаед?

Зоиров: “Агар ягон кас гуфта бошад, ки ман бо мақомоти баландпояи Узбакистон ягон вохӯрии махфӣ карда бошам, иштибоҳ мекунад ва дурӯғ мегӯяд. Ман шаффофии фаъолияти худ ва рафтуомадамро таъмин кардам. Ин хел чизҳо (овозаву сару садо)-ро мехонӣ, ҳайрон мешавӣ.”
Мӯҳр
БЕДИЛ, н. ВАНЧ
РОСТИ ГАП НАМЕДОНАМ ГАПРО АЗ КУЧО ОГОЗ НАМОЯМ.......... САРИ ОН, АНДЕША МЕКУНАМ, КИ БИГУЯМ Ё КИ НАГУЯМ АММО МЕГУЯМ..... ЧАНОБИ ЗОЙИРОВ МАН АСЛАН ШУМОРО НАМЕШИНОСАМ ВА БАРОИ ШИНОХТАН ХАМ КУШИШЕ БА ХАРЧ НАМЕДИХАМ ХАР ОН, ЧИ КИ НИСБАТАТОН ПАЙДО КАРДАМ ТАРИКИ ВАСОИТХОИ ИТТИЛООТИ БУД..... АСЛАН ЗАВКЕ АЗ БУДАНУ НАБУДАНИ ШУМОРО ДАР ВОСИТАХОИ ИТТИЛООТИ НАМЕПИСАНДАМ АММО ЧУН МАЧАЛАХО Ё САХИФАХОИ ИНТЕРНЕТИРО ВАРАК МЕЗАНАМ ВА МЕБИНАМ, КИ БО ФИКРХОИ ПУЧ ВА АФСОНАВИ РУИ КОГАЗ МЕОИ МАЧБУР МЕШАВАМ ОНРО ХОНАМ......ЗЕРО БАРОИ МАРДУМИ ОЗОДАНДЕШ ЧУНИН МАКОЛАХОИ ПОДАРХОВОИ ШУМО ВА ДИГАР ИН, КИ БО ХАМ МОНАНДУ ЯКРАНГ ЛОЗИМАНД БАРОИ КАМЕ ФОРИГ БУДАН АЗ МАСЪАЛАХОИ ЧИДДИ....... МИСЛИ АНЕКДОТ ГУФТА МОНЕМ МЕШАВАД..... ЯЪНЕ ФИКРХОИ ШУМО АНЕКДОТХОИ СИЁСИЯНД......ЯК МЕХАНДЕМУ БОЗ КОРИ ХУДАМОНРО, КИ РИСОЛАТИ АСЛИАШ ОБОДКОРИ АСТ ДАВОМ ДОДАН МЕГИРЕМ........ ИН ЗАМИН ВА ЯКЕ АЗ НЕЪМАТХОИ ОН, КИ ИСТИКЛОЛИЯТАШ НОМ МЕБАРЕМ БО ЧИ КАДАР ЗАХМАТ НАСИБАМОН ГАШТ БАРОЯМОН МАЪЛУМ АСТ ИНРО ШУМО ХУБ МЕДОНЕД ВА ХОЧАТИ ТАФСИР НЕСТ АММО НИГОХ ДОШТАНИ ИН АРЗИШИ ХЕЛЕ ГУВОРО РИСОЛАТИ ЧАВОНМАРДИИ ХАР ЯКИ МОСТ.. ОЁ НАМЕШАВАД, КИ ПАХЛУИ ОН ЧАВОНМАРДЕ, КИ ДАР СОЛХОИ ВАЗНИНТАРИНИ ВАЗНИНТАРИН ТАКДИРИ МИЛЛАТРО БАР ДУШ ДОШТ ВА ИМРУЗ ОНРО ПЕШ МЕБАРАД САРЧАМЪ ШАВЕМ?? ОЁ НАМЕШАВАД ИДЕЯХОИ СОЗАНДАИ ХУДРО (АГАР ДОШТА БОШЕМ) БАРОИ ПЕШРАВИИ КОР ПЕШНИХОД НАМОЕМ??? АЛБАТТА МЕШАВАД АГАР МО ОНРО ХОСТА БОШЕМ !!! АГАР ДАР САР ФИКРИ ДИГАР ДОШТА БОШИ………. ФАРОМУШ КУН!!! ЗЕРО АГАР ДАР ХОНА ПАДАР ЯКТО БОШАД ДАР ДАВЛАТ НИЗ, РОХБАР ЯКТО ХАСТ … ХОНАИ ДУ ПАДАРА ХЕЧГОХ НАМЕШАВАД БА ИН МИНВОЛ НИЗ ДАВЛАТ БО ЯК РОХБАР ПЕШ МЕРАВАД…… АЗ ШУМО ХОХИШ МЕКУНАМ АГАР ДАР БАРИ ИН МИЛЛАТИ БИЁ АЗ ПЕШВОЁНАШ ЧУН ЭМОМАЛИ РАХМОН ПАЙРАВИ КУН(ХАРЧАНД, КИ НИЁЗ БА ДАСТГИРИИ ШУМО БАРИНХО НАДОРАД) ВАГАР НЕ ПАС БЕХУДА КУШИШ НАКУН ЗЕРО МИЛЛАТ ВА ВАТАН ПЕШВОИ ХУДРО ДОРАД
НОМАШ ЭМОМАЛИ РАХМОН-КАХРАМОНИ ТОЧИКИСТОН, ПАДАРИ ЯТИМОН, УММЕДИ ТОЧИКОН, ЗОТИ ОЛИ СОМОН, ДАСТГИРИ ПИРОН ВА МАХБУБИ ОЛАМИЁН, ДУСТИ ЧАВОНОН,

парвиз сугд
манам тарафдори хамин бародарам хастам ЭМОМАЛИ РАХМОН призидент хаст ва мемонад барои хамин огои Раҳматуллоҳ Зоиров ин кадар зур назанед

БЕДИЛ,  н.  ВАНЧ,


НОМАШ ЭМОМАЛИ РАХМОН-КАХРАМОНИ ТОЧИКИСТОН, ПАДАРИ ЯТИМОН, УММЕДИ ТОЧИКОН, ЗОТИ ОЛИ СОМОН, ДАСТГИРИ ПИРОН ВА МАХБУБИ ОЛАМИЁН, ДУСТИ ЧАВОНОН,

хами пайгамбари точикон нагуед, шуд...

БЕДИЛ,  н.  ВАНЧ,

E handondi lekin hamara ! Boz bo harfhoi kalon , naverno az planshethoi Rahmon takdimkarda ! Safsatahoniya hubtarash bas kunu az pasi kor shav, Moskov tura intizor ..!

БЕДИЛ , ВАНЧ
ПАЁМБАРИ МО МУХАММАДИ МУСТАФО ВА ЯКЕ НАЗАРКАРДАИ ПАРВАРДИГОРИ ОЛАМ ЭМОМАЛИ ХАСТ КИ САРИ МИЛЛАТАШ ПОДШОХ АСТ МУТМАИН БОШ БАРОДАРИ АЗИЗ КИ АМРИ ПОДШАХ ВОЧИБ АСТ

300
БЕДИЛ, ВАНЧ
чиба аку ика нохиё мондаги ванча интихоб карди? гуё ки ванчиё хам тарафдори э.ш.р хастан?))) хай.. зур..., неки амри подшох вочибайкатит кшти аката)). бра даф ща ай ича... холоп). аз номи ванч дига нанавис.

Алӣ
БЕДИЛ,  н.  ВАНЧ,
Агар ба қавли шумо ЗОТИ ОЛИ СОМОН бошад, президент нею, шоҳ гӯед, давлати демократӣ.... нею шоҳаншоҳӣ эълон кунед ва мардумро бо интихоботҳои бемаъно саргардон накарда ба ҳоли худ монед. Подшоҳ подшоҳӣ кунад, мардум ғуломӣ!?

Сироч Ванч
Бедил дар асл дил надори аз навиштагихот маълум аст ки аз доброволетсхои айпад гирифтаги мебоши.Ба фикри ман навиштагихои ту пучанд ки бо шеваи лаганбардорону маддохони дарбори сухан мегуи.Илтимос вакте лаганбардори ё косалеси карди хамон номи Ванчро нанавис ,ки боиси озурдахотирии мо мешави.Ва ман шармам меоёяд аз чунин ашхос ,ки ноадолатии сартосаро бо чашми худ дида бо ин шева суханрони мекуни.Ва номи Ванчихоро паст мезани.

Бодил
Бародари азиз Бедил, беҳуда ҳамин қадар вақту нақд сарф карда дароз навиштаӣ. кӯтоҳакак мегуфтӣ, ки ҳамин Э.Ш.Р. ро барои мо Худо додааст ва чун имоми мунтазараи шиаён дар ҳолати вазнин барои мо омад, мешуд.
ба андешаи ман, миллате, ки танҳо бастаи як марди "сарварзеб" мебошад, ҳаргиз ҳаққи даъвои миллатро надорад. чигуна мешудааст, ки мо ин миллатро бостонӣ ва соҳиби хиради азалӣ номему онро пеши пойи як шахс ба зону гузорем. албатта, ин Э.Ш.Р. и шумо қаҳрамонӣ кард, вале як қаҳрамонии дигар (ихтиёран, ба нафақа рафтан) зиён намекард..............

сафар
Ванчи мо чонибдори шумо. Асос он аст, ки бародари Ванчи кадру кимати тинчи ободи ва захмати бунёдкоронаи чаноби олира медонад. махсусан барои сарзамини кухистони Бадахшон Ванч. Шум чашми дилтон кураст

Рахмат
Сафари Зоиров ба Узбакистон сад дар сад шеваи сиёси дошт ва ман пурра бовари дорам, ки аз он чо бе "дастовез" наомаддаст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)