«Бавария» футболбози «Барселона»-ро бар ивази 25 миллион евро харид
Бошгоҳи футболи «Бавария»-и Мюнхен муваффақ шуд, нимҳимоятгари клуби «Барселона»-и Испания -- Тиаго Алкантарро ба ҳайати худ шомил кунад. Ба иттилои торнамои расмии «Бавария» ин кор бар ивази 25 миллион евро имконпазир шудааст. Гуфта мешавад, қарордоди Тиаго Алкантар ва «Бавария» барои чор сол баста мешавад.
Карл-Хайнтс Румменигг, сардори раёсати тими «Бавария» гуфтааст, «ба андешаи ман Алкантари 22 сола ояндаи хуб дорад».
Қаблан, ВАО навишта буд, ки ба ҷуз «Бавария» клубҳои «Манчестер Юнайтед»-и Англия ва «Реал»-и Мадрид ҳам Тиаго Алкантарро дар ҳайати худ дидан мехоҳанд.
Алкантар тарбиятгирифтаи «Барселона» аст. Дар ҳайати асосии ин даста соли 2008 бозӣ кардааст. Дар мусобиқаи Испания мавсими 2012/13 бошад 27 маротиба ба майдон баромада ва ду гол задааст.
акс аз Reuters
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |