20 ҳазор гектар замин дар Тоҷикистон киштношуда мондааст

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мехоҳад тибқи барномаи ислоҳоти кишоварзӣ маоши кишоварзонро дар кишвар боло бардорад.
Суюнхон Рустамов, муовини якуми вазири кишоварзӣ имрӯз, 18-уми июл зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иброз дошт, ки дар Тоҷикистон маоши камтаринро кишоварзон мегиранд ва ҳалли ин масъала дар барномаи ислоҳоти кишоварзӣ дар назар дошта шудааст.Номбурда ҳамчунин қайд намуд, ки дар доираи ислоҳоти кишоварзӣ даромаднокӣ аз ҳисоби ин соҳа, васеъ намудани заминҳои кишт пешбинӣ шудааст.
Дар ин нишаст гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон беш аз 760 ҳазор гектар замини кишт буда, аз ин наздики 20 ҳазораш аз гардиши кишоварзӣ дур мондааст. Назрулло Дадабоев, сухангуи вазорати мазкур иброз дошт, ки заминҳо аз ҳисоби норасоии об, шуршавӣ, ботлоқшавӣ, офатҳои табиӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд.
Масъулини вазорат иброз намуданд, ки дар ин нимсола бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ дар масоҳати 315 ҳазору 473 гектар замин кишти ғаладона гузаронида шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |