Тоҷикистон ҷаримаи мошинҳои гаронвазнро 3 баробар зиёд кард

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз ҳаракати ғайримеъёрии мошинҳои гаронвазн ҳаҷми ҷаримаро се маротиба зиёд кардааст.
Худоёр Худоёров, муовини вазири нақлиёт мегӯяд, ронандагони мошинҳои боркаше, ки аз миқдори муқаррарӣ, яъне 40 тонна зиёдтар бор дошта бошанд, барои ҳар тонна сари ҳар киллометр 0,3 долларӣ ё худ 30 сент ҷарима хоҳанд пардохт.
Худоёр Худоёров мақсад аз се маротиба зиёд шудани ҳаҷми ҷаримаҳоро танзими ҳаракати мошинҳои гаронвазн гуфт. Ӯ афзуд, ки барои танзими ҳаракати мошинҳои гаронвазн дар даромадгоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон ва дар даромадгоҳҳои Душанбе тарозуҳо насб шудаанд. Ба гуфтаи муовини вазир пас аз васл кардани тарозуҳои махсус ҳаракати ғайримеъёрии мошинҳои гаронвазн камтар шудааст.
Худоёров илова намуд, ки аз сабаби аз 40 градус боло рафтани ҳарорати ҳаво ҳаракати мошинҳои боркаш дар роҳу шоҳроҳҳои Тоҷикистон аз соати 8 то 22 шаб манъ карда шуданд: “Аввалан баланд будани ҳарорати ҳаво ба худи ронанда зарар дорад. Ҳангоми рондани мошин гаранг шуда, ба ягон хатоӣ роҳ медиҳад. Дуюм оби мошин ба ҷуш омада, муҳаррикро вайрон месозад. Сеюм дар ҳавои гарм роҳҳо, ки бо пули қарз ва грантҳо сохта шудаанд, хароб мегарданд.”
Ин дар ҳолест, ки идораи обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, дар охирҳои моҳи равон дар кишвар гармии бесобиқаи африқоӣ ҳукмфармо хоҳад буд ва ба ниҳодҳои давлатӣ ҳушдор додаст, ки ба пайомадҳои он омода бошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |