Тоҷик Эйр: “Аз манъи парвозҳои МА-60-и чинӣ зарар намебинем”

Созандагони ҳавопаймои чинӣ ё хитоии МА-60, ки ахиран Вазорати нақлиёти Тоҷикистон парвози онҳоро дар кишвар манъ кард, ба Душанбе омадаанд.
Лола Кенҷаева, масъули дафтари матбуотии ширкати “Тоҷик Эйр”, ба “Озодагон” гуфт, аз корхонаи истеҳсолкунандаи МА-60 “Xian Aircraft International” ҳайати техникӣ ба Душанбе омада, дар якҷоягӣ бо мутахассисони тоҷик қазияи ахир дар фурудгоҳи Душанберо таҳқиқ мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, “чанде қабл ҳангоми хизматрасонии техникии ҳавопамойии МА-60 шасии он беихтиёрона ғундошта шуда ва ҳавопаймо ба замин нишаст.”
Дар пайи ин қазия Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон парвози ҳавопаймоҳои МА-60-ро то анҷоми омӯзиши қазия мутаваққиф намуд. Лола Кенҷаева мегӯяд, манъи муваққатии парвозҳои МА-60 ба “Тоҷик Эйр” зарар нахоҳад расонд: “Айни ҳол боз истодани ҳавопаймо ба фаъолияти корхона ягон зарар намерасонад. “Тоҷик-Эйр” боз 5 “Боинг”- и дигар дорад, ки дар хатсайрҳои МА-60 парвоз доранд.”
Ба иттилои Кенҷаева, омӯзиши қазияи марбут ба МА-60 дар назар аст, давоми ду ҳафтаи оянда ба анҷом расад ва аз натиҷаҳои он қарорҳои нав қабул хоҳанд шуд. Ҳавопаймои МА-60 бо қарзи Эксимбонки Чин охирҳои соли 2012 гирифта шуда, дар хатсайрҳои дохилию хориҷӣ парвоз мекунад. Мӯҳлати пардохти қарз 12 сол муайян шудааст. МА-60 бо 56 ҷои нишаст ба масофаи то 1,3 ҳазор километр тавони парвоз дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | 31 | |