Суоли баҳсбарангези Сайфулло Сафаров ба Кабирӣ ва Зоиров

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС), дар як нишаст дар қароргоҳи Ҳизби Наҳзати Исломӣ гуфт, ҳукумати кунунии Тоҷикистон, ки аз соли 1992 сари қудрат мебошад, ҳанӯз хидматашро ба поён нарасондааст. Ба ҳисоби оқои Сафаров, ин ҳукумат ҳадди ақалл даҳ соли дигар метавонад барои миллат хидматҳои дигареро анҷом бидиҳад.
Ин ҳарфҳоро Сайфулло Сафаров дар ҳоле рӯи забон овард, ки рӯзи 2-юми август бештари коршиносон дар нишасти “Демократияи номуваффақ ё бозгашт ба авторитаризм” дар қароргоҳи ҲНИТ сабабҳои инқилоб дар ҷаҳони арабро дарозумрии раҳбарон номиданд. Онҳо гуфтанд, ҳукуматҳои дарозумр чунин вазъиятеро ба вуҷуд меоранд, ки мардуми ба "ҷономада" ба хиёбонҳо бирезанд. Нишасти “Демократияи номуваффақ ё бозгашт ба авторитаризм” дувуми август дар қароргоҳи ҲНИТ дар Душанбе баргузор шуд. Дар кори он коршиносони дохиливу хориҷӣ ва намояндагони чанде аз сафоратҳо иштирок доранд.
Сайфулло Сафаров дар оғози сӯҳбаташ ба инқилоби баъзе кишварҳои арабӣ ишора карда ва дар идома дар бораи низоми феълии Тоҷикистон, ки бештар аз бист сол инҷониб зимоми қударатро дар даст дорад, низ сӯҳбат кард. Ӯ гуфт, “мо ин низомро интихоб кардаем ва дар ҳақиқат хидматашро карда истодааст. Ҳоло вақти иваз намудани он нарасидааст. Ин аз соли 1993 бояд 30 соли давом кунад.”
Сафаров дар ҳамин вақт ба тарафи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва Раҳматулло Зоиров, раҳбари ҲСДТ, ки дар паҳлӯяш менишастанд, нигаристу гуфт, “агар Шумо демократияро қабул доред, пас, бояд онро ба ҷомеа, аз ҷумла давлат нишон диҳед, ки чигуна раҳбарият тез-тез дар 4 ё 5 сол иваз мешавад. Вале Шумо чанд соле ҳаст, ман медонам, онро накардаед, ба ин савол чӣ ҷавоб медиҳед? Ба оқои Зоиров низ ҳамин саволро доданиам, ки раҳбари ҳизби Шумо кай иваз мешавад?”
Ба гуфтаи муовини раиси МТС, аҳзоби сиёсӣ дар ҳоле метавонанд, дар бораи зуд-зуд иваз шудани раҳбарият ҳарф зананд, ки худ таҷрибаи онро дошта бошанд: “Ин танҳо савол мебошад, агар инро анҷом диҳед, сипас ҳақ доред аз дигарон, бахусус Эмомалӣ Раҳмон ё Ҳизби халқӣ-демократӣ иваз шудани раҳбарро пурсед ва ба ҳамаи мардум низ роҳеро нишон диҳед, ки мана мо кардем, Шумо низ кунед. Вале то вақте инро карда наметавонед, пас маълум аст, ки ин фарҳанги мо гашта, ҳамаамон чунинем.”
Муҳиддин Кабирӣ дар ҷавоб ба Сайфулло Сафаров гуфт, дар оинномаи ягон ҳизб давраи раисӣ маҳдуд нашудааст: “Ойинномаи тамоми аҳзоби сиёсӣ барои давраи раҳбарият маҳдудият надоранд. Маҳдудият дар мавриди сол ё то анҷуман вуҷуд дорад. Вале чанд бор раҳбар интихоб шудани як шахс наомадааст. Агар маҳдудияти чанд бор интихоб шудани раҳбар дар ойинномаи ҲНИТ вуҷуд медошт ва мо онро тагйир карда, давраи сеюм раҳбар интихоб мешудем, ин суол мантиқ дошт. Вале мо ҳоло давраи дуюми раҳбарияти худро ба поён нарасонидаем.”
Вале, ба гуфтаи ӯ, бино ба қонунҳои Тоҷикистон раисиҷумҳур танҳо барои ду давра ҳаққи интихоб дорад, ки риоя накардани он хилофкорӣ хоҳад буд: “Мо таҷрибае дорем, ки демократ асту номи демократӣ дорад, вале баъдан қонунгузориро барои тамдиди салоҳиятҳояш тағйир медиҳад. Ин алакай ошкоро нишон медиҳад, ки ин ҷониб пойбанд ба арзишҳои демократӣ нест.”
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, то кунун се давра дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ иштирок карда, баранда шудааст. Қарор аст, ӯ моҳи ноябри соли ҷорӣ барои чорумин бор дар интихоботи президентӣ ширкат ҷӯяд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |