Мӯйсафеди маст дар Душанбе занашро корд задааст
Мақомоти пулис дар шаҳри Душанбе мӯйсафеди 68-соларо дастгир кардаанд, ки дар куштори ҳамсараш муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ боздоштшуда Усмонов Саидқул Турақулович, соли таваллудаш 1945, сокини шаҳри Душанбе, рӯзи 3-юми август, дар хонаи истиқоматиаш дар ҳолати мастӣ, бо корди хоҷагӣ як маротиба ба қафаси синаи ҳамсараш Усмонова Моҳчеҳра Нуъмоновна, соли таваллудаш 1955, задааст, ки дар натиҷа охирон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ба иттилои манбаъ аз ҷойи ҳодиса далели шайъӣ гирифта шудааст ва айни ҳол парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |