Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт падар дар ҳолати мастӣ фарзанди худро бо корд як маротиба мезанад, ки дар натиҷаи гирифтани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ҷабрдида дар беморхона ба ҳалокат мерасад.
Дар ин бора ба Озодагон Маҳмадулло Асадуллооев, сардори Хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ дод: «Аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ шаҳрванд Раҷаб Каримови 72- сола ҳамчун гумонбар дар расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ дастгир карда шуд, ки номбурда дар хонаи истиқомтиаш, дар ҳолати мастӣ бо писараш Муҳаммадяҳё Каримови 42- сола муноқиша намуда, ба воситаи корди ошхонагии дар дасташ буда, 1-маротиба ба қафаси синаи писараш задааст». Ба гуфти ӯ, дар натиҷа писари мӯйсафеди номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуда, пас аз 5-соат ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад»-афзуд манбаъ.
Мӯҳр