Умеди Э.Раҳмон ба ҳамкории хуб бо президенти нави Покистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як нома, президенти тозаинтихоби Покистон, Мамнун Ҳусейнро ба ин мақом табрик гуфтааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар номааш аз ҷумла зикр намудааст, ки “мо ба ояндаи неки муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон бовар дорем ва ҳамеша барои рушду равнақи онҳо саъй хоҳем кард.”
Дар идома раисиҷумҳури Тоҷикистон афзудааст, ки “аз ин фурсати муносиб истифода карда, мехоҳам изҳори итминон намоям, ки робитаҳои байни кишварҳои мо бар асари саъю кӯшишҳои муштараки доимӣ дар арсаҳои ҳамкориҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мазмуну мундариҷаи мушаххасро касб карда рӯ ба густариши бемайлон хоҳанд ниҳод.”
Дар охир Эмомалӣ Раҳмон ба президенти нави Покистон сиҳатии комил, саодату хушрӯзӣ ва ба мардуми дӯсти Покистон – сулҳу субот ва пешрафту рифоҳ таманно намудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |