Нигаронии вазир аз худсариҳои кормандони пулис дар рӯзҳои иди Фитр

Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, барои дарёфт ва муҷозоти кормандони пулис, ки дар рӯзҳои иди Фитр худсарона дар ноҳияи Восеъ дидбонгоҳ ташкил намуда, ронандаю мусофиронро беасос тафтишу санҷиш кардаанд, супориш додааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзҳои 6 ва 7-уми августи соли равон дар минтақаи «Олимтой»-и ноҳияи Восеъ як гуруҳ кормандони милитсия бемувофиқа бо роҳбарияти ин ниҳод дидбонгоҳ ташкил карда, ронандагон ва мусофиронро беасос манъ намуда, мавриди санҷиш қарор додаанд.
Ба иттилои вазорат ин худсарии кормандон, ки боиси норозигии ронандагон ва шаҳрвандон дар арафаи Иди саиди Фитр гардидааст, роҳбарияти ин ниҳодро ба ташвиш оварда, барои муайян намудани кормандони милитсия, ки ба ин амали номатлуб даст задаанд ва ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани онҳо санҷиши хизматӣ таъин карда шудааст. Манбаъ афзуд, ки рафти санҷиши хизматӣ зери назорати бевоситаи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон қарор дорад.
Вазорати умури дохилӣ аз шаҳрвандоне, ки вобаста ба дидбонгоҳи мазкур ягон арзу шикоят доранд, даъват мекунад, ки тариқи телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ (221-21-21) муроҷиат намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Июн 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |