Вакил коҳиши арзиши газ барои аҳолиро талаб кард
Талгат Ергалиев, вакили парлумони Қазоқистон аз Серик Аҳмедов, сарвазири кишвар талаб кардааст, ки арзиши гази табиӣ ба аҳолӣ коҳиш дода шавад.
Бино ба иттилои расонаҳои ин кишвар, Ергалиев гуфтааст, Қазоқистон аз рӯи захоири гази табиӣ яке аз ҷойҳои намоёнро дар ҷаҳон ишғол мекунад. Аммо нархи сузишвории кабуд дар бархе вилоятҳо ба арзиши газ ба давлатҳои воридкунанда баробар аст. Ба ҷуз ин ҳангоми нархи ягонаи яклухти газ - 85 доллар барои як метри мукааб, дар вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ тарофаи хизматрасонии он 22,9 танга, дар вилояти Алмаато 21,76 танга ва дар вилояти Костанай 18,6 танга аст.
Ин вакили парлумон аз фраксияи “Оқ жол” гуфтааст, ин нақзи меъёри қонун аст, ки хизматрасонии ягонаро барои ҳамаи истифодабарандаҳо талаб мекунад. “Арзиши газ дар вилояти Костанай дар қиёс ба вилояти ҳамсояи Актюбин 8 маротиба гаронтар аст. Сокинони Костанай маҷбуранд барои истифодаи сузишвории кабуд беш аз 106 танга дар як моҳ пардозанд “, - гуфтааст Талгат Ергалиев.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |