Бахшҳо

Эҳтимоли даъвати ёвари Путин ба додгоҳи Зайд Саидов

Бино ба хабарҳое, ки дастраси “Озодагон” шуд, қарор аст, Владислав Сурков -- ёвари раисиҷумҳури Русия ба мурофиаи Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи Тоҷикистони нав, даъват шавад. Номи Сурков дар нишондоди як шаҳрванди Украина, ки рӯзи 27-уми сентябри соли ҷорӣ дар мурофиаи Зайд Саидов иштирок карда, ба суоли додрасу вакилон посух гуфтааст, берун омадааст.

Ин шаҳрванди Украина гуфтааст, Зайд Саидов аз роҳи фиреб аз ӯ бештар аз як миллион доллар қарз гирифта, баъдан 700 ҳазор доллари онро пас надодааст. Манбаи мо аз қавли шаҳрванди Украина гуфт, ин додугирифт гӯиё дар Русия, дар бӯстонсарои Владислав Сурков, сурат гирифтааст. Сурков то моҳи майи соли ҷорӣ муовини раиси ҳукумати Русия буд, вале аз мақомаш истеъфо дод. Вай дар охирҳои моҳи сентябр дубора ба Кремл баргашт ва ҳоло дар мақоми ёвари Владимир Путин ифои вазифа мекунад.

Бо ин ҳол, ҷузъиёти бештар дар бораи пайванди Владислав Сурков бо Зайд Саидов дастрас нест. Тамоси мо барои дақиқ кардани ин қазия аз сӯи Владислав Сурков то ҳоло бенатиҷа буд. Аммо моҳи июни соли ҷорӣ Оҷонсии зидди фасод дар иттилоияи худ гуфта буд, Зайд Саидов дар авоили соли 2011 дар Маскав бо Корецкий И.В -- шаҳрванди Украина “бо мақсади қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр ба миқдори махсусан калон шинос мешавад”.

Бино ба ин иттилоия, “...Зайд Саидов худро ҳамчун тоҷир вобаста ба сохтмонҳои бузург дар Тоҷикистон муаррифӣ намуда, бо ин роҳ ба боварии Корецкий И.В. даромад. Вай бо истифода аз боварии Корецкий И.В. моҳи майи соли 2012 дар шаҳри Маскав бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр аз ӯ 1070000 (як миллиону ҳафтод ҳазор) доллари амрикоиро гӯиё ба сифати қарз гирифт. Баъдан моҳи декабри соли 2012 Саидов З.Ш. аз маблағи 1070000 доллари амрикоии гирифтааш, маблағи 300000 (сесад ҳазор) доллари ИМА-ро ба Корецкий И.В. дар шаҳри Маскав баргардонида боқимонда 770000 доллари амрикоиро тассаруф намуда, онро ба манфиатҳои шахсии худаш сарф намуд. Дар натиҷа Саидов З.Ш. бо чунин ҳаракатҳои ғайриқонунии худ ба шаҳрванди Украина Корецкий И.В. зарари моддӣ ба миқдори махсусан калон расонд."

Вакилони оқои Саидов ба далели махфӣ будани парвандаи нафари таҳти ҳимояташон дар ин замина чизе нагуфтанд. Вале онҳо эҳтимоли ирсоли дархост барои ҳузури Сурков дар мурофиаи Зайд Саидовро таъйид карданд. Ба қавли онҳо, “агар додгоҳ бихоҳад, ки бисёр ҳам одилона ва ҳаматарафа ин қазия баррасӣ шавад, бояд Сурковро даъват кунад ва назари ӯро ҳам бипурсад.”

Мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов, раҳбари боздоштшудаи Ҳизби Тоҷикистони нав 12-уми сентябри соли ҷорӣ дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ оғоз ёфт. То кунун афроде ба мисли Далер Бобоев, Низомхон Ҷӯраев, Беҳзод Файзуллоев, Сериқбол Окошев дар мурофиаи ӯ иштирок ва шоҳидӣ додаанд. Оқои Саидов дар нимаи дувуми моҳи май ҳангоми бозгашт аз Фаронса боздошт гардид ва мақомот ӯро дар қаллобӣ, сӯистифода аз мақом, таҷовуз ба номуси ноболиғ, пора муттаҳм медонанд. Иттиҳоме, ки Зайд Саидов ҳамаи онро рад кардаву худро бегуноҳ донистааст.
Мӯҳр
Чонибек
Ачиб аст, мегуянд махфи асл, вале айбхои Зайдро ошкор мекунанду........

Мурод
Чонибек,
Чонибек агар аз фабрикаи чавоб набоши мефахми ки хамаи тухматхо сохта шудаанд...
барои ин на онкадар акли зиёд лозим аст, чун агар Зайд Саид гунахкор мешуд инхо хатман суди озод мекарданд то хама донад...
дуввум худашон сирри махфи мегуянд локин тухматхои сохтаашонро боз дар телвизюн намоиш медиханд...
ин чи шармандаги аст?!
магар конун факат барои як гурух бояд кор кунад?!
ин гурух гайри конуни касеро хатто аз тарики телвизюн тухмат кунанд ичозат аст?!

Илёс
Ба Мурод!
Агар ту аз фабрикаи карздорхо ё мутахамхои Зайд сайид набоши телефоната бидех ба ту исбот кунам, ки дар корхонаи ба ин шахс итоаткунанда кор карда, шаш мох маош нагирифтаем. Агар пул пурси одами Зайдро меёби баъд дар чои маошат чи мегири якчоя рафта мегирем.
Барои чи ягон нафарро намегузоред, ки дар бораи Зайд чизе нависад. Пас маълум мешавад, ки ту раиси фабрикаи чавоб хасти. Ва хамаи сайтхоро назорат мекуни ки агар дар бораи Зайд чизе нависанд, бо тахкир ва суханхои кабех муносибат намои. Кори худата кун.
Дузд- дуздай. Капидан чавоб мегуй накапидан фоида.

770000 доллари амрикоиро медошт додгохро ба кулли мехарид!!!!

озодагон илтимос дар бораи хами мардаки Зайд дига ягон чи нанавис барои, ки камам боша гунахкор буд монен маъракохои сиёси дар пеш истода тенч гузара. миллати точик интихоби дуруст кунан ..хохиш аст ин.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)