Бахшҳо

Синамои тоҷик: Роҳ ба сӯи Ҳолливуд, Болливуд ё "Русвуд"? (ВИДЕО)

Дар назари аввал синамои тоҷик гӯиё ба ҷаҳонӣ шудан меандешад. Шумораи зиёди филмҳо, нақшофарону коргардонҳои нав ба нав ва сенарияҳои дарбеҳу поргишуда нишоне аз рушди кинои ватаниянд. Аммо, мутаасуф, бо ин ҳама ҳоло танҳо аз Голливуд ҳақорат, аз Болливуд фантастикаву рақс ва “Русвуд” амалҳои шаҳвониро омӯхтаанд. То сифат бошад, ҳанӯз ҳазорҳо чақрим роҳ мондааст.

Синамои даврони истиқлоли Тоҷикистон ҳарчанд бади бади бад нест, аммо ба сатҳи миёна ҳам нарасида. Чанд дастовард, ки бо шарофати коргардонҳои ҳирфаӣ ноил шудаем, гуле дар анбуҳи хорҳоро мемонад. Дар ин бахш якҷоя дунболи ҳақиқати чанд филми тоҷикӣ хоҳем рафт. Нахуст аз сохтакориҳо оғоз мекунем, ки табиӣ бозӣ накардани бештари қаҳрамонҳо асоситарин мушкили филмҳои тоҷикӣ гуфта мешавад. Дар бештари маврид ин мушкилро дубляж даҳчанд мекунад. Баъзан ҳатто ба ҷои худи ҳунармандони ҳирфаӣ, ки садои хуб ва ба худашон хос доранд, дигар кас садо медиҳад.

Баъдан муруре ба мувофиқат накардани кадрҳо низ назар хоҳем кард. Масалан, дар филми “Зиндагӣ” ду нафар бо ҳам даст ба гиребон мешаванд. Яке айнак дорад, ки баъд аз афту дарафти зиёд ва мушткӯбиҳои бешумор ҳам айнак аз чашми ӯ намеафтад. Дар филми “Нотарс” бошад, ҳавопаймо дар роҳ ба сӯи Теҳрон суқут мекунад. Онҳое, ки аз ин садама ҷон ба саломат мебаранд, дар гармои тобистон ва он ҳам рӯзона гулхан мегиронанд. Дар “Нишони зиндагӣ” ҳодисаҳои филм дар замони Шӯравӣ ба вуқуъ мепайвандад, аммо мизу курсӣ, либоси қаҳрамонҳо ҳозиразамонанд. Дар дохили мошине, ки рақами Шӯравӣ дорад, диски “CD” овезон аст.

Беҳтараш наворро бубинед ва агар мабодо бо мо розӣ нашудед, андешаи худро зери он бинависед. Бо умеди шуҳрати ҷаҳонӣ, ҳади аққал минтақаӣ ёфтани синамои тоҷик то ҳафтаи дигар Худо нигаҳбонатон!


Мӯҳр
тамошобин
Хубай барномаи пекаш намудаат барои бахсу мунозира.Холо чунон коргардонхо пайдо шудааст ки намедонанд АКТЁРОН ба кастинги кадомаш раванд. Лекин ба хар хол кушиш мекунанд . Озодагон ин кадар вазнини бад нагиред филмсозхоро. Дар барномаи тв Бахористон оиди камбудихои кинохои чахони бо номи "ИШТИБОХ" барнома хаст . Пас маълум мешавад ки дар ГОЛИВУД. БОЛИВУД, РОСИЯВУД ВА ТОЧИКВУД хам камбуди хаст. Чое, ки кор хаст бе камбуди намешавад!!!!!!!!!!!!!!

човон
шармандаги аз ин гузарад аку))) оли акои жулналист кобед боз меёбед хато пур пур аст. масалан хамон овозе ки шумо ишора карден аввал хунарманде ки накш меофарад ва баъдан овоздиханда аз пушташ гаполи ваия мегуяд ки хеле дахшатаи.... мекунен соз омода кунен наметонен илтимос ба хамин коротон хаваи набудагиш созаи...

Khalqi tojik imruz dar hamai soha qarib rohi taqlidro giriftaanaand. In nishonai past budani ejodkori, hunarnamoii kasbi, hissi vatandustii hunarmandonro nishon medihad. Va dar borai sahnai ba qavli muallif (seksi ) guftani hastam ki, khalqi tojik boyad motam girad az chunin madaniyati tahmili ki bolyash omadaast. Mardumi garb az akhloqu odobi mo hasad mebarad ammo mo boshem az razzolati onho. INNA LILLAH VA INNA ILAYHI ROJIUN.

Раҳмати калон барои эродҳои гирифтаатон ин ҳам бошад "аз баҳр ними қатра"мебошад фақат ҳаминро гуфтани ҳастам. бо чунин тарз яъне бо "забони фаҳмо" саҳнаҳои дорои фаҳшу таҳқиру дашномро нишон дода наврасону ҷавононро "тарбият" мекунанд. Бояд он чи ки ба фарҳангу миллату дину мазҳаби мо бегона аст аз он дури ҷустан даркор наход ки асарҳои тарбиявию ахлоқи надошта бошем? Наход ки аз куштору зуроварию тирпарони сер набошем????

э ака хама хатоги мекунад ина ранги шумон дар 6:12 дакика ба чои КОРГАРДОН " КОРГАДОН" навиштен, монен ки синамои точик хам пеш равад танкиду бадгуи чи лозим!!!

Як савол аз хамин коргардонхо, барои чи дар ягон филми точики масчид ё намозхонии муйсафедон дида намешавад?? Ё шояд метарсанд ? Вокеъан филмхои точики на характери тарбияви доранд, на мазхакави, хама сохтакори ва такалллуб. Аз узбако ёд гирен филмсозиро....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Январ 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)