Бахшҳо
12 окт 2013 16:24Тоҷикистон / Сиёсат

Шартҳои ҲСДТ барои бойкот накардани интихоботи президентӣ

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) аз Кумиссиюни марказии интихоботи кишвар (КМИР) сабти номзадии Ойниҳол Бобоназарова ба мақоми президентиро қотеона талаб карда, ба ин ниҳод то 1-уми ноябр муҳлат додааст.

Шӯрои сиёсии ин ҳизб дар анҷумани навбатии ҳизбии худ, ки рӯзи 12-уми октябр баргузор шуд, ба қароре омадааст, ки агар то 1-уми ноябр номзадии Ойниҳол Бобоназарова ба мақоми президентӣ ба қайд гирифта нашавад, интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи ноябрро таҳрим ё бойкот хоҳад кард.

Шоҳиён Анҷумани ҳизби Зоировро ғайриқонунӣ номид

Ба гуфтаи раҳбарияти ҲСДТ, ба ҷонибдорӣ аз Ойниҳол Бобоназарова, номзад ба мақоми президентӣ аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон аз миқдори муайяншуда зиёд имзо ҷамъоварӣ шуда ва сабтином накардани ӯ амали ғайриконситутсионист. Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ гуфт, “панҷ дарсад аз 4 миллиону 34 ҳазор интихобкунандагони кишвар, ки онро КМИР тасдиқ кардааст, 200 ҳазору 110 имзо мешавад. Дар ҳоле ки ситоди Бобоназарова 201 ҳазору 236 имзо ҷамъ овардааст. Яъне, як ҳазору 126 имзо зиёд дорад.”

Ин дар ҳолест, ки номзади ягонаи ИНИТ -- Ойниҳол Бобоназарова бо далели гирдоварӣ карда натавонистани шумораи лозими имзоҳо то муҳлати муайяншуда (10 октябр) ба тарафдории худ, аз идомаи рақобатҳои интихоботӣ маҳрум гардид. Зеро мақомоти Тоҷикистон шумораи имзои зарурӣ ба тарафдории номзадҳоро 210 ҳазор муайян кардаанд.

Инчунин ҲСДТ барои бойкот нашудани интихоботи президентӣ аз сӯи он шарти дигареро низ назди КМИР гузоштааст. Ин ҳизб мегӯяд, бақайдгирии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури вақти кишвар ва яке аз муддаиёни курсии президентӣ дар интихобот “амали ғайриконститутсионӣ мебошад”. Чун ба гуфтаи онҳо Эмомалӣ Раҳмон тибқи Сарқонуни Тоҷикистон ба ин ҳуқуқ надорад ва ба қайдгири номзадии ӯ ғайриқонунист: “Аз ин рӯ, ҲСДТ натиҷаи интихобот бо иштироки Эмомалӣ Раҳмонро ғайриқонунӣ ҳисобида, агар номзадии ӯ гирифта нашавад, интихоботи моҳи ноябрро таҳрим хоҳад кард.”

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон 6-уми ноябри соли равон баргузор мешавад. КМИРТ шаш муддаии ин курсӣ, намояндаҳои ҲХДТ, ҲДТ, ҲКТ, ҲСТ, ҲАТ ва ҲИИТ-ро сабти ном кардааст. Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон моҳи декабри соли 2002 дар Вазорати адлияи кишвар сабтином шуда, ҳамчун ҳизби мухолиф фаъолият дорад.
Мӯҳр
шермард
Ташаккур зоиров ҳаминхел кардан даркор шерри нар

донишчу
мо хам аз барои шаффофияти интихобот хамфикрам. чунки аз мо донишчуён новобаста аз хохиши худи ашхос плта-плта имзо ба тарафи хизби хоким чам карда шуд.

Мухтор
Бояд интихобот бойкот эълон карда шавад, ба сари мардум ин интихоботи ношаффофу демократиро мачбуран бор карданиянд.

Рахим
Зоиров рост мегуд. Ин президента иштирокаш интихоботба гайриконституциони аст 3-сомони меистад китобчаи конституция гиред хонет! Озодагон озод боши чоп кун!

Donishju
Dar in intikhobot tanho Bobonazarova qagi ishtirok kardan dorad hej kasi digar haqi ishtirok kardan nadorad, zero hamai imzohoi jam kardai Hizbi Hokim az donishjuyoni Donishgoho budand in zani bechora khona ba khonai mardum gashta imzoi halol jam kard na ba misli inho imzoi qalbaki

КАРИМ
Ин интихобот не як спектакл шуд. Байкот ба ин интихоботи мачбури.Огои Зохиров ба пеш мо бо Шумо.

Хами бойкот чи маъни дора? Агар аз интихобот даст кашиданбошад ин чифойда дорад? Онхо хаминро мехоханд, хостаи хукумат хаминаст. Аз даст кашидан чифоида мегиред? Агар ягонкас фахмад илтимос, фахмонед!!!

Вафо
Ягона нафаре, ки нотарсида аз конуншиканихо харф мезанад, ин чаноби Зоиров аст. Саводнокии ин мард дар сатхи олист. Инро ман баъди як баромадашон дар симои мустаъкил мушохида кардам.

Мухочир
ман хам хамфикри бародар Мухтор хастам.

Ин зоиров кам кам ба фикрм вайронай. И маълиматон ягон хуччат пешниход накадай охи ку. Чи хел кмир бе ягон хуччат ура номзад мекадай? Холо хаму микдори мегуфтагишон ба фикрм дуругай. Озоди чоп накуни нисбатт "тахрим" эълон мекнм. Ранги зоируф)))

изатуллох
Вокеан хам Зоиров инсони хак ва часур мебоша ман гуфтаниам ки хатман гутаи Зиоровро бояд кад ин демократия нес

Sharm nakarda boz gap mezaned ? Ba hama malum bud ki in zan imzo jam ovarda nametonad ... Ruze ki khabar yoftam ki INIT , HSDT va HNIT Bobonazaro peshbari ba intikhobot kardaast mebakhshedu lekin khandaam omad ... Ba khud guftam in zirakii siyosii Emomali ast, ki tavonist shumoro qone kunad ki zanro peshbari kuned yo iqboli balandi uuu. Zoirov tu imruz ba ehsosot doda shudai va namekhohi maglubiyati khudro e'tirof namoi ehtiyot kun chi baloero ba sari khud va ba sari mardumi tojik naori...

az rui konun boi doded mardakvori.shumo kisted ki usloviya memoned?vatanro noorom kardan mexohed?.hukumat besohib nest paxtaro az gushaton duuuur kuned.

Рахим,
xondem konstuticiyaro-durust ast kori rahmon.

Azizullo,
hak gufti azizullo.lekin az dastashon hej chiz naomadu nameoyad.

Мухтарам Зоиров шуморо ки гуфтан бо хадамоти махсуси Узбекистон хамкори мекунед чаро мардумро саргардон карданиед супориш аз он тарафи марз гирифтед чи? Маглубиятро бипазиред чаро дубора худро шарманда мекунед то чое фахмидам маардум огох шудаанд, ки шумо бо узбекхо алока доред аммо шахрвандони чумхури зиди шумо омаданд баъд аз фахмидани ин холат хубаш ором шинед ки боз ягон шербачаи точик бо ягон санге бе хушатон накунад аз хамин метарсам ин аз хакикат дур намемонад ман ку хоинони миллатро тарафдори намекунам аммо холо вакт аст//////

Акаи Зойируф, намонди хами анчуманта баъди 6 ноябр мегзаронди охи))). Не, не баъди савгандёдкунии Президенти навинтихобшида мегзаронди. Баъд талаб мекади ки номзади ХНИТа ба кайд бигирен. Чунки ту ба фикри хдт бозии сиёси кадесай, лекин тура ХНИТ боб кад, расман эълон кад, ки агенти узбакистони)))). Хатто хдт коил шиди ки тура тахкир кадан. Барои чи дар хами квартират анчуманта пештар нагзаронди? Ана у вакт мегуфти ки мо расман маълимара дастгири мекнем мешид. Акнун после пожара... Рост мега хаму Шохиён, баъди кор ай кор гзаштан анчуман мекадиян акъ.
Озодагон, ман бовари дорм, ки чоп мекни. Дар акси хол як духонагада чамъ мешем, хдмон ба хдмон "бойкот" мекнем)))))) (ИНАШ ХАЗЛ)

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Январ 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)