Бахшҳо
01 ноя 2013 08:52Тоҷикистон / Сиёсат

Ҳизби Зоиров интихоботи президентиро бойкот кард

Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) интихоботи президентии 6 ноябрро таҳрим ё худ бойкот кард.

Ин ҳизб, ки рӯзи 31 октябр ҷаласаи навбатии Шӯрои сиёсии худро баргузор кард, мегӯяд, интихоботи президентии Тоҷикистон хилофи арзишҳои демократӣ, манофеи миллӣ ва ғайриқонунӣ буда, онро қабул надорад. Дар баёнияи ин ҳизб, аз ҷумла омадааст, Тоҷикистон дар ҷараёни интихоботи президентӣ ба ҳолати буҳрони конститутсионӣ ворид шудааст.

Масъулини ҳизби мазкур гуфтаанд, Қонуни асосӣ, қонун ва ҳуқуқи конститутсионии инсон ва шаҳрванди Точикистон беқадр гардида, бо натиҷагирии раванди интихоботи ғайриқонунӣ ва қалбакӣ ба сохти конститутсионӣ, амнияти миллӣ ва идораи давлатӣ хатар таҳдид мекунад. "Бинобар ин, натиҷаи интихоботи ғайриқонунӣ ва қалбакиро, ки хилофи Конститутсия, манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои демократӣ мебошад, ҲСДТ эътироф надорад ва интихоботи президенти моҳи ноябро таҳрим мекунад",-омадааст дар баёния.

Ин дар ҳолест, ки ахиран ҲСДТ аз Кумисюни марказии интихоботи кишвар (КМИР) сабти номзадии Ойниҳол Бобоназарова ба мақоми президентиро қотеона талаб карда, ба ин ниҳод то 1 ноябр муҳлат дода буд. Шӯрои сиёсии ин ҳизб дар анҷумани пешазинтихоботии худ, ки рӯзи 12 октябр баргузор шуда буд, ба қароре омад, ки агар то 1 ноябр номзадии Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, ба мақоми президентӣ ба қайд гирифта нашавад, интихоботи раёсати ҷумҳури моҳи ноябрро таҳрим хоҳад кард.

Ба гуфтаи раҳбарияти ҲСДТ, ба ҷонибдорӣ аз Бобоназарова аз миқдори муайяншуда зиёд имзо ҷамъоварӣ шуда ва сабтином накардани ӯ амали ғайриконситутсионист. Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ гуфт, “панҷ дарсад аз 4 миллиону 34 ҳазор интихобкунандагони кишвар, ки онро КМИР тасдиқ кардааст, 200 ҳазору 110 имзо мешавад. Дар ҳоле ки ситоди Бобоназарова 201 ҳазору 236 имзо ҷамъ овардааст. Яъне, як ҳазору 126 имзо зиёд дорад.”

Инчунин, ҲСДТ барои бойкот нашудани интихоботи президентӣ аз сӯи он шарти дигареро низ назди КМИР гузошта буд. Ин ҳизб гуфт, бақайдгирии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури вақти кишвар ва яке аз муддаиёни курсии президентӣ дар интихобот “амали ғайриконститутсионӣ мебошад”. Чун ба гуфтаи онҳо Эмомалӣ Раҳмон тибқи Сарқонуни Тоҷикистон ба ин ҳуқуқ надорад ва ба қайдгири номзадии ӯ ғайриқонунист: “Аз ин рӯ, ҲСДТ натиҷаи интихобот бо иштироки Эмомалӣ Раҳмонро ғайриқонунӣ ҳисобида, агар номзадии ӯ гирифта нашавад, интихоботи моҳи ноябрро таҳрим хоҳад кард.”

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон 6-уми ноябри соли равон баргузор мешавад. КМИРТ шаш муддаии ин курсӣ, намояндаҳои ҲХДТ, ҲДТ, ҲКТ, ҲСТ, ҲАТ ва ҲИИТ-ро сабти ном кардааст. Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон моҳи декабри соли 2002 дар Вазорати адлияи кишвар сабтином шуда, ҳамчун ҳизби мухолиф фаъолият дорад.
Мӯҳр
Бойкотали
Мохира
кай халки точик мисли Зоиров нотарс мешавад, ки халки бечора аз азоб халос шаванд

Хаким
Хизби чиан ино як Зоирову Ш.Хакимов. Ду нафар интихобота бойкот мекадиан. Акли ино медонен кай корда медроя хм? :)

А
Дар хакикат интихобот гайридемократи хаст.куру,карру девонахам инро медонад.

вахдат
Бисёр кори хуб шуд.
Бе хамин Зоиров хам интихобот мегузарад.
Симои уро дидан намехохем.
Мо интихобкунандагон аз КМИР ЧТ минатдор.

Интихобкунанда
Офарин мухтарам Зоиров,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,

манучехр
ин интихоботро 90 фоизи мардум медонанд ки гайри конунист

дилшод
мо ин инхоботро тамоман кабул надорем рахмонов кай ин маскарабозиро бас мекарда бошад
хатто аз як зан хам тарсид нагузоштанд ки хатто як зан дар интихобот ширкат кунад

Чамшед8808 н.Восеъ
Хай бечоро дигар чи кор кунанд ягон кас тарафдоришон накард мачбуран ай изошона байкот кунан. Як накл хаст ку мегуянд: Дарвозира токиш дар чуйбор меафтадб хамика зур мезанад кушиш мекунад гирифташ наметавонад. Бад меистад фикр мекунад мегуяд еее хай бало ба пасаш (нобутуш) бай сарма калун буд. И бечорохам дигар илоч надоранд.Мачбуран байкот кунанд.

Ягона кишваре ки дар руи замин аст ин ТЧ аст ки натичаи интихоботаш аз чанд сол кабл маълум ва ки баранда аст ин чи интихобот мазхака ва сарфи пули мардуми бечора

Мухтор
Интихоботи президентии Тоҷикистон хилофи арзишҳои демократӣ, манофеи миллӣ ва ғайриқонунӣ буда, мо чонибдории бойкот хастем.
Ахсан чаноби Р. Зоиров, мо бо шумоем.

сафар
Мухтарам зоиров давоми соли 2013 факат мардума бо гапои сафсатаю хушку холи сардард кардаи. Рав дар пеши оилаат чой нушида шин. Хамин бойкот ки карди худат кати кудакоту оилат намерафтаи бад чи.

Норози буданд аз интихобот ,ва иштирок накарда дар интихобот ин фикри Мардони но тарсу ,бо номуси Милати Точик аст. АХСАН ба Шумо Р.Зоиров мо хамфикри Шумо хастаем.

Бехруз
Хамин истилохои бемаъниро ворид накунед. Тахрим чи гуфтани гап худаш Бойкотали,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)