Номаи хонанда: Дӯстону душманони Зайд Саидов
Рӯзи 19 октябр аз боздошти Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари Ҳизби Тоҷикистони нав, панҷ моҳ гузашт. Дар тӯли ин муддат даҳҳо номаи хонандагон ба дасти мо расид, ки баъзеи онро нашр кардем. Ҳоло боз як номаи хонандаро, ки дастраси мо шудааст, дар ихтиёри Шумо мегузорем.
“Аз боздошти соҳибкори дар гузашта муваффақ ва аз роҳбарони Гурӯҳи ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов расо 5 моҳ сипарӣ шуд. Баъди эълони ташаббуси таъсиси ҳизб ғайричашмдошт зиндонияш карданд.
Пас аз фаҳмиши нодурусти амалкарди ӯ аз ҷониби мақомот, ӯ воқеан гумон дошт, ки ба ҷонаш сӯиқасд сурат мегирад, аммо зиндонӣ шудан барояш ҳеч қобили тасаввур ҳам набуд. Зеро ӯ, ки табиатан рост меандешид ва рост амал менамуд, тасаввур ҳам карда наметавонист, ки чӣ гуна беасос ӯро зиндонӣ кардан имкон дорад!? Аз ин рӯ, нисбати тақдири худ сӯиқасдро наздиктар мешумурд, вале масъулин аз рӯйи «ақлу инсоф» кор гирифтанд ва ӯ зинда монд - ҳамагӣ равонаи зиндон шуд.
Кулли мушкили Зайд дар он аст, ки ӯ дунёро сирф аз зовияи биниши содда ва аммо қонунманди худ менигарад. Ҳадди ақал то замони зиндонӣ шуданаш чунин боварҳо дошт. Акнун имрӯз ӯ ҷафои садоқат ва эътимод ба боварҳояшро мекашад. Бояд гуфт, агар ӯро қаблан барои зиндонӣ гардиданаш мутақоид сохтан имконпазир буд, вале эҳтимоли хиёнати дӯстонашро ӯ ҳеч гоҳ тасаввур ҳам намекард.
Зайд зинҳор вориди зиндон намешуд, агар аз миёни афроде, ки ӯро солиёни зиёд ҳамроҳӣ мекарданд, ҳадди ақал 100 дӯсти ҷонфидо пайдо мебуд; 100 нафар ҷавонмард, 100 нафар равашанзамирони устувор ва собитқадам. Аз миёни онҳое, ки имрӯз нестанд ва гӯиё умуман набуданд, ё шояд мурдаанд…!? Аммо ин афроди бешафоат, чун имрӯз, дар гузашта низ ҳеч гоҳ ба дарди касе марҳам набуданд, балки баръакс, ҳамеша чун нонхӯракон аз дигарон истифода мекарданд.
Ҳамагон бояд бидонанд, ки имрӯз дар зиндон будани Зайд маҳз натиҷаи хиёнати ба ном дӯстонаш аст, ки ҳамеша ба эшон эҳтиром ва эътимод дошт. Бароям хеле нанговар аст, ки чӣ гуна метавон бо касе дар рӯзи шодӣ дӯст буд, аммо дар мусибат канорагирӣ кард. Ман ин манзараро ҳеч намефаҳмам; барои ин воқеиятро дарк кардан ва ба он муросо намудан, шояд ҳатман хоин бояд буд!?
Зайд барои ормонаш мавриди тазъиқу фишор қарор дорад. Ормони ӯ ба ҳеч ваҷҳ ғаризаи нафсӣ набуд, зеро Худованд барояш тамоми неъматҳоро ато карда аст, то ӯ нӯши ҷон кунад ва парвои ҳеч ғарибу мискине надошта бошад, аммо ӯ бо дарки масъулияти сангин вориди роҳи пурхатар шуд.
Мусибати Зайд дар он аст, ки худ ҳамеша бо фақирону мискинон ҳамнишин буд ва дар ниҳоят дарду алами ин тоифаи нодор ӯро водор ба дарки масъулият кард. Агар ӯ миёни мардум намебуд, табиист, ки мисли дигарҳо аз мушкилоти ҷомеа воқиф намегашт ва дар натиҷа гирифтори дарди буҳронситезӣ ҳам намешуд.
Ӯ на танҳо миёни мардум буд, балки чашми бино, гӯши шунаво, забони гӯё ва дили пӯё дошт. Зайд имрӯз сазои ҳаминро мебинад. Аммо барои касоне, ки ба дарки умқи масъала расидаанд, пайдост, ки ин мушкил чандон мусибати Зайд ҳам нест, балки пеш аз ҳама мусибати мост, ки хиёнат кардаем, аз бародару дӯсти содиқ ва нексиришти худ ҳимоят нанамудаем. Ин мусибати мост, ки парда аз рӯйи садоқату ҳуввиятамон бардошта шуда. Хасу хошок будани мо барои халқи олам хувайдо гардида. Магар мо шарманда нестем?!
Ба Худо қасам, агар ба ҷойи Зайд ҳар балое ба сари 10-ҳо балки 100-ҳо фарзандони дигари ин миллат, ки ном ба ном маълуманд, меомад, ӯ хомӯш наменишаст, балки ҷавонмардона барои ҳимояи мову Шумо садо баланд мекард.
Ман хеле рӯшан тасаввур мекунам, ки аз ҳама туҳматҳо дида, шояд хиёнати дӯстон барои Зайд дардноктар уфтод. Зеро ӯ бо тамоми вуҷудаш инсон, махсусан ашхоси нексириштро дӯст медошт, вале бо он ки худ дили поку беолоиш дорад, дар шинохти дигарон сахтгирӣ намекард. Ин аст, ки тоифае аз буздилони беномус ва номуносиб тасодуфан бо ӯ ифтихори ҳамнишиниро соҳиб гардида буданд.
Ман чунин андеша дорам, ки бояд ин ҳодиса иттифоқ меафтод! Шояд худи Зайд ҳам ба дарки ин масъала расида бошад, ки маҳз ба туфайли ҳамин имтиҳони тақдир ӯ аз «дӯстон»-и номуносиб халосӣ ёфтааст. Барои бардоштани парда аз рӯйи ин ҳақиқат, шояд Худованд лозим донист, ки бандаи накӯноми ӯ ба чунин ҳол гирифтор шавад, то аз ин тоифаи номӯҳтарам эмин бимонад. Умед аст, ки бо хости Худо ва расидани вақт Зайд ба озодӣ мебарояд ва агар як рӯз ҳам ҷудо аз афроди манфиатҷӯ ва дурӯя нафаси озодӣ кашад, беҳтар аз он аст, ки як умр бе шинохт дар иҳотаи чунин афрод бошад. Ҳоло агарчи ӯ дар маҳбаси торик, тани танҳо, дур аз ҳама пайвандонаш қарор дорад, аммо боз ҳам ин манзара беҳтар аз он ҳолатест, ки ӯ ҳамеша дар ҳалқаи афроди номуносиб ба сар мебурд.
Аммо Зайд имрӯз танҳо нест! Агар ӯ қаблан рӯйи дидаи як зумра афроди ношоиста ва носанҷида буд, имрӯз меҳру муҳаббати Зайд дар дили садҳо нафар ашхоси беғараз ва гавҳаршинос ҷой гирифтааст. Инсонҳое, ки Зайдро зинҳор аз наздик намешинохтанд, инак ӯро маҳз барои ормонҳои миллияш самимона ва содиқона дӯст доштаанд. Яъне ба ҷойи иттифоқи вуҷудӣ иттиҳоди қалбӣ ҳосил гардидааст.
Дар ин 5 моҳи маҳрумиятҳо, ки Зайд пушти сар мекунад, банда вобаста ба шахсияти ӯ шоҳиди манзараҳои гуногуни ҳаётӣ будам, ки бароям хеле таъсирбахшанд. Ҳодисае буд вобаста ба як ҳамсабақи Зайд, ки тасодуфан бо ӯ ҳамсӯҳбат шудем. Шамсиддин Абдуллоев - муаллими оддӣ аз ноҳияи Восеъст, ки тобистони имсол дар шаҳри Душанбе бо ӯ вохӯрдам. Бо худ чанд нусхае аз рӯзномаҳои давриро дар ихтиёр дошт, ки иттифоқан аксҳои Зайд низ намудор буданд. Ҳисси кунҷкобиям боло гирифта, аз ӯ суол кардам, ки нисбат ба қазияи Зайд чӣ назар дорад, аммо ғайриинтизор дар ҷавоб хеле қиссаи тӯлонӣ ва ҷолибе шунидам.
Маълум мешавад, ки ӯ аз ҳамсабақони Зайд буда, ба таври параллелӣ дар факултаи физикаву математика таҳсил мекардаасту Зайд дар факултаи иқтисодии он замон Донишгоҳи давлатӣ. Ба гуфтаи ин муаллим, Зайд аз аввалин рӯзҳои донишҷӯӣ бо сару либос ва ҳаққониву ҳушёрияш аз дигарон фарқ мекардааст. Ҳатто Зайди чӯпонбача (падараш чорводор буд) то ҳадде олуфтаву зебо мегаштааст, ки то ҳол муаллими восеъгӣ гумон дорад падари Зайд кадом як раисе буд.
Хуллас, вақте онҳо дар курси 5-ум мехондаанд, ҳамсӯҳбати мо хонадор мешавад. Пеш аз тӯй, ки ӯ мехост аз маркази савдои «Садбарг» сару либоси тӯёнаи худ ва ҳамсарашро харидорӣ кунад, маблағаш намерасад ва дар ин ҳолат Зайди олуфтаву чаққон пайдо мегардад ва нисфи маблағи харидкардаашро аз номи худ ҳамчун ҳадя пардохт менамояд (дар ҳоле ки тавре худи муллим Абдуллоев иқрор шуд, онҳо ҳамагӣ ҳамкурси паралелӣ буданду аз наздик дӯстӣ надоштанд). Баъди бо шиддати хеле баланд қиссакарданҳо, ҳамкурси Зайд ба ин ҷо расид, ки вақте соли 1999 фармони таъин шудани ҳамсабақашро ба вазифаи баланд шунид, хеле хушҳол гардид ва тайи чанд сол мунтазам аз ҳоли ӯ хабардор мешуд, дар робита ба ҳалли баъзе проблемаҳояш машваратҳо низ мегирифт. Аммо тавре муаллим Абдуллоев иқрор мешавад, тайи чанд соли ахир ӯ Зайдро аз наздик надида буд, зеро тибқи маслиҳати баъзе ҳамшаҳриҳояш, ин муаллими содда бояд ор хӯрад, ки чӣ гуна ҳамчун як кӯлобӣ, ки қудрат дар дасти онҳост, пеши бегонае барои ҳалли мушкилаш меравад? Аз ин рӯ, ҷиҳати ҳифзи номуси маҳаллӣ ӯ маҷбур шуда, ки дигар назди ҳамксабақаш наояд…
Ҳодисаи дигар вобаста ба як шахсияти барӯманди кишвар аст, ки дар саргаҳи равшанфикрони муосири кишвар қарор дорад. Ин устоди соҳибном, ки вобаста ба бисёре аз масоили муҳими рӯз мунтазам изҳори назар мекунад, вақте дар хусуси Зайд аз ӯ пурсида шуд, посухи хеле аҷибе дод: «Имрӯз дар дохили кишвар чӣ коре мекунед бо якдигар кардан гиред, хархаша мекунед ё ҳар балои дигар… Ман барои миллат, барои таърихи он, барои нишон додани он дар чашми оламиён талош дорам. Тамом вассалом».
Хуллас дар ин муддат бардоштҳову мулоҳизаҳо вобаста ба тақдири Зайд хеле гуногун буданд. Аммо хулосаи кулл чунин аст: то оташе ба хонаи мо нарасад, аз хатари он ташвиш надорем.
Ифтихор КАРИМОВ,
шаҳри Душанбе"
Аз идора: Ин навишта назари шахсии муаллиф аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |