Бахшҳо
29 окт 2013 13:47Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ҳайрат: Чаро Сафорат нота мефиристаду Роҳи оҳан мегӯяд, "чизе нашудааст"?

Хилватшоҳи МАҲМУД

Ҳаводиси чанд вақти ахири дар кишварамон иттифоқ уфтода ва дар хориҷ аз онро, ки ба Тоҷикистон рабт доранд, ҷуз ҲАЙРАТ чӣ ҳам метавон унвон кард? На танҳо ман, балки аксари мо шоҳиди рухдодҳои “аҷиб”-е мебошем, ки бозтоби ин қазияҳо дар расонаҳову ҷомеа боиси тааҷҷубу сардаргумӣ мешаванд.

Фикр мекунед, ғалат гуфтам? На, ман чунин андеша надорам, мутмаинам, ки Шумо ҳам ба ин назаред. Агар ҳа, биёед, аз як сар бубинем, ки чӣ шуда ва чӣ мешавад?

Даҳаи аввали моҳи равон дар пойтахт садамаи нақлиётӣ боис ба марги се ҷавон гардида, чанд каси дигар бо захмҳои шадид ба касалхона интиқол ёфтанд. Субҳи фардои он рӯз эълом гардид, ки дар сари чанбараки сабукрави гаронарзиш пайванди як мансабдори ҳукумат будааст. Аммо бо гузашти чанд соат хабаре расонаӣ шуд, ки мошинро фарзанди ҳамон мансабдор идора мекарду алъон Тоҷикистонро тарк намудааст. Баъдан, ронандаи сеюми “номаълум” ҳам пайдо шуд…

Мақомот изҳорот пахш кард, ки мошин таҳти идораи фарзанди ноболиғи мансабдор буд ва ӯ ҳоло аз хориҷа ба Душанбе баргашта, дар яке аз бемористонҳо таҳти муоинаи табибон қарор дорад. Соате нагузашта, ВАО маълум кард, ки ноболиғи ронанда фақат «як сари қадам» ҳамроҳ бо модараш ба касалхона даромадааст. Оё ин ҳама сабаби ҳайрат шуда наметавонад?

Тазодди дигар ин ҷост, ки Сафорати Тоҷикистон дар Русия изҳор дошт, 26 октябри соли ҷорӣ дар минтақаи истгоҳи техникии роҳи оҳани “Терновка” як гурӯҳи 20-нафараи ҷавонон, ки ба славянҳо монанд буданд, ба қатори №320 (хатсайри Маскав-Душанбе) ҳамла карданд. Дар натиҷа, баъзе аз мусофирон осеб дида, 20 шишаи 1-ум ва 7-уми вагонҳои қатор шикаста шуданд ва ин амал бо таҳқиру алфози қабеҳи ҳамлагарон ба мусофирон шудааст. Манбаъ инчунин гуфта, ки пулиси нақлиётии маҳаллӣ ва кормандони роҳи оҳан, ки он замон он ҷо қарор доштанд, ҳеҷ чорае наандешиданд.

Шояд ин дафъа хабари мазкур боис ба ҳайратамон намешуд, агар ҳарфҳои як масъули баландпояи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»-ро намешунидем. Ӯ гуфта, ки "аслан, ба қатор ягон ҳамлае нашудааст ва ба ин обуранги сиёсӣ додан нашояд. Мо аз ин қазия огоҳ ҳастем. Як-ду кӯдаки рус ба қатор санг партофтаанд, ки 6 тирезааш шикастааст…”

Дипломатҳои тоҷики Маскав иддао доранд, ки ба қатор ҳамла кардаанд, аммо мансабдори тоҷик инро рад карда, мегӯяд, ба қатор ягон ҳамлае нашудааст. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз ниҳодҳои Русия талаб дорад, ки қазияи мазкурро мунсифона таҳқиқ намуда, зараре, ки ба корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” расонда шудааст, ҷуброн гардад.

Хайрият, дар гармогармии ин ҳодиса муовини сардори идораи «Роҳи оҳан» масъулияти бештар эҳсос карда, ҳамла ба қаторро эътироф кард. Собкалов ба далел такя карда гуфт, воқеан ба поезд аз сӯи миллатгароёни рус ҳамла сурат гирифтааст. “Баъд аз расиданаш ба Тоҷикистон мо ҳаҷми зарарро муайян карда, аз роҳи оҳани Русия ва мақомоти умури дохилии ин кишвар таҳқиқу ҷуброни зарарро талаб хоҳем кард. Бо мусофирони ҷабрдида суҳбат хоҳем кард ва ҳаҷми зарари онҳоро низ муайян месозему ҷуброни онро талаб мекунем”,-илова кард Собкалов.

Ҳоло дар мавриди вокуниши ниҳодҳои Русия ҳеч иттилое рӯи даст нест, шояд изҳороти онҳо ҳам боиси ҳайратамон мешавад?
Мӯҳр
Dev
Janobi Sobkalov shumo bo kasone kor karda istodaed,ki baroi kajfiyati hudashonu oilaashon millatro lagadkub mekunand. Janobi Hukumov yak umr az Russiya karzdor , baroi bachasha raho kardan, tak chto in saron yagon mardi nadorand.

Хайронем аз ин ки Сафорати ЧТ барои вагонхо чуброн мехохаду барои латхурдагон не??? Оханхои Хукумов аз Точикони латхурда мухимтаранд-ми?

А
Дар бисйор чизхо хайронем, яке нишондодхо бо ракамхо мухочирон дар росия росия 1милион зийод точикистон 700хазор фарк зийода аз 300хазор.даромади мол аз хитои 1милиарду 730милион.гумруки точикистон 700милион долар фарк 1милиард зийод.5фоиз аз 4милиону 130хазор 210хазор мешудааст. мумкин камтар хато бошад !

Хайрон,
Барои онхо на чёрт нужнахан мухочироне, ки шатта хурдаанд, барои онхо мабмаг даркор....

Оё шумо намедонед,ки рафик хУКУМОВ шаттаи русхоро як бор хурдааст манзури ман "вокеъаи халабонхо" бинобар ин моргазида аз банди ала бисёр сахт метарсад.

бетраф
мухтарам хабрнигорон, чаро беасос хангома мкунед. дар катора ягон кас осеб надид, ман шохид.

Иқбол лоҳyри чи хyб гуфтаст
Худо он миллатеро сарвари дод,
ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт,
ба он миллат сарy коре надорад,
ки деҳқонаш барои дигарон кишт.
Дар ҷои дигар мегуяд
Ҳамчy оина машав маҳви дигарон,
аз дилy дида фурушyй чамоли дигарон,
дар ҷаҳон болy пари хеш кyшyдан омyз,
ки паридан натавон бо парy боли дигарон.
Дар инҷа миллати мо мо ба ҳам гунаҳкор чyн мо хyдро ҳақи хyдро нашинохтем ба қадри қиммати инсонии хyд намерасемy лиҳозо на давлатмардон моро мехоҳанд шиносанд на давлатмардони дигар кишварҳо. Миллат сардаргyм шyдастy бахотири як пора нон виҷдони имони худро ба давлатмардони мyтакабир ва миллатбезорy бесавод фурухтааст.Кош номyси милли медоштем то ба бедодгарии дохили ва хориҷи ақалан садо баланд мекардем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Феврал 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)