Бахшҳо

21 рӯзи рӯзадории масеҳиён барои Эмомалӣ Раҳмон

Бархе аз сокинони Тоҷикистон бо ирсоли паём ва шеърҳои эҷодкардаи худ Эмомалӣ Раҳмонро барои бори дигар президент шуданаш табрик намудаанд.

Бештари муаллифони ин номаҳо аз рушду пешрафти Тоҷикистон дар давоми 21 соли ҳукмронии Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, ӯро бо Исмоили Сомонӣ, асосогузори давлати Сомониён, муқоиса кардаанд ва ҳатто бархеҳо аз раисиҷумҳур ба унвони падар ё шоҳи хеш ном бурдаанд.

Дар яке аз ин номаҳо, ки дар торнамои расмии дафтари матбуотии раёсати ҷумҳури кишвар ба табъ расид, аз номи Ҷамшед Одинаев, як сокини Тоҷикистон, омадааст: “Ман, ки як муаррих ҳастам, ба солҳои сари қудрат омадани шахсиятҳои бузург диққати ҷидӣ медиҳам ва бо мувофиқ омадани солҳои таърих, ки баъди чандин аср ба вуқуъ меояд, лаззат мебарам. Соли 992 дар давлати Сомониён шоҳ Исмоили Сомонӣ сардори давлат шуд. Ӯ тавонист, ки ин давлатро мустаҳкам ва пешрафташро ривоҷ бидиҳад. Баъди 1100 сол Худованд дар соли 1992 Шуморо сардори давлати нави тоҷикон, сари қудрат овард. Шумо дар муддати кӯтоҳтарин ин кишвари ҷангзадаро ба сулҳу ваҳдат оварда, тоҷиконро аз вартаи нобудӣ наҷот додед.”

Ҷалолиддин Нуров, корманди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар дар паёми табрикии худ, 6 ноябри соли ҷориро дар саҳифаи таърихи тоҷикон санаи муҳим ва хотирмон хонда, бо шеъри эоҷднамудаи хеш пирӯзии Эмомалӣ Раҳмонро дар интихобот табрик кардааст:

“Эй Раҳбари Олии мо аз нав шудӣ ту интихоб,
Тоҷи шаҳаншоҳӣ ба сар, дишаб туро дидам ба хоб.
Аҳсан турову офарин, зебо намудӣ меҳанат,
Сарвар будан бодо ҳалол, чун шири модар бар танат.
Кардӣ сияҳиҳоро сафед, бахшидӣ бар дилҳо умед,
Сулҳофари даврони мо дар роҳбарӣ роҳат сафед.
Дар фикри они то ҳанӯз, Роғуни худ гардон кунӣ.
Ҳам равшании хонаро бар тоҷикон арзон кунӣ...


Саёҳат Иброҳимова, яке аз муаллимаҳои тоҷик, низ дар паёми табрикотияш, аз хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, гуфтааст, ӯро ҳамчун падарвор дӯст медорад. Ин муаллима изҳор доштааст, ки ин суханонро ба мисли бархе шаттоҳон ба хотири мансабу ҷои кор намегӯяд. Ӯ аз раисиҷумҳури Тоҷикистон хостааст, то барояш як мулоқти ғайрирасмиеро баргузор намояд: “Дар дил як орзу дорам, ки бо Шумо як бор ҳам бошад дар зиндагиам рӯ ба рӯ шуда, ҳамсӯҳбат шавам. Расмӣ не, зеро дар суҳбати расмӣ дар назди наворбардор худамро гум мекунаму рӯирост гап зада наметавонам.”

Инчунин, масеҳиёни Тоҷикистон низ бо ирсоли як нома ба унвони дафтари матуботии раёсати ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро барои даст боло шудан ба рақибонаш дар интихобот табрик гуфтаанд. Масеҳиёни тоҷик гуфтаанд, ки онҳо ба хотири бори дигар ба курсии раёсати ҷумҳури Тоҷикистон нишастани Эмомалӣ Раҳмон 21 рӯзро рӯзи рӯзадорӣ ва дуо барои интихобот эълон кардаанд: “Мо дар калисо 21 рӯз рӯзаву дуо эълон кардем. Ва ҳар субҳ аз соати 6:30 то 7:30 ҳама имондорон дар калисо якҷоя ҷамъ шуда махсус барои Шумо дуо кардем, ки Худо бори дигар прездидент интихоб ва таъин гардед. Имрӯз рӯзи охири дуо ва рӯзаи 21 рӯза буд.”
Мӯҳр
Дишаб туро дидам ба хоб Тоҷи шаҳаншоҳӣ ба сар,
Бар сӯйи мани бемансабак кошки кунӣ як бор назар.

Barodaroy musalmona da Siriya, Somalia,Afghoniston,Palestin khunshon rextest be gunoh, ino ruzavu giriftiyanu duo kardiyan((((((

Сухроб
Масехихо хеч вакт барои мусалмон дуъо намекунанд!?

Шоири чавон
Эй Раҳбари Олии мо аз нав шудӣ ту интихоб,
Мансаб ба ман даркор аст, лутфе бикун ту, эй Чаноб.

мусо
Аввалан
Агар соли 992 Исмоили Сомонӣ ба қудрат расид пас тибқи ҳамон таърихе ки ту лофи муаррихиаш мезани соли 999 суқут кард. Пас бар асоси мантиқи ин таърихнигори ҷадид давлати сомониён ба ҷои 100 сол ҳамагӣ 7 сол ҳукумат карда аст
Сониян
аз 992 то 1992 ҳазор сол мешавад на 1100 ки ту МУАРРИХИ БУЗУРГ ВА МАТЕМАТИК ҳисоб кардаӣ. Агар мусобиқаи чоплусӣ ба Раҳмон идома ёбад рузе вайро нахустин презденти Тоҷикистон эълом хоҳанд кард. Чун вай дуст дорад дар ҳар заминае НАХУСТИН бошад

Dev
21 рӯзи рӯзадории масеҳиён va 21 soli ruzadorii mardumi tojik , natija , sabab prezident Раҳмон wink

Точикбача(1)
Эй рахбари Олии мо, аз нав шуди ту "интихоб", Дар давлати мо хафт сол намешавад свету об.

salom bahama NEKI HARAT BA MAKRAT HAMARA GIRIFTI KHUDO HIDOYATAT KUNAD

Каламфур
Бародархои дар поин нуктаи назарро ифодакарда. Рости гап ин суханбозихои шумо бахси хушдоман ва келини аз шавхар чудошударо мемонад. Шумо дигар чи ки нависед, интихобот ва обруи хасакии шумо дар байни чомеа маълум шуд. Маълум шуд, ки адр вокеъ шумо дар Бадахшон ва сугд умуман обру надоред. Сафсатахоятон аз сухтаи паси саратон шаходат медихад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Феврал 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)