Бахшҳо

Президент намегузорад, дар утоқаш “кондитсионер” насб кунанд

*Президент иҷоза намедиҳад, ки дар утоқи корияш “кондисионер” насб кунанд, зеро “назди одамоне, ки имкони чунин корро надоранд, шарм медорад”;

*Ба нашри аксҳояш дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва утоқҳои кории мансабдорон бо ин далел, ки “дар кишвари мо чун ман ҳафт миллион зиндагӣ мекунад” розӣ нашудааст;

*Бо супориши ӯ тамоми мошинҳои “Мерседес”-и ҳукуматӣ фурӯхта шуда, ба ҷои он барои истифодаи вазирон сабукравҳои арзон харидорӣ мешавад;

*Барои мансабдорон истифодаи ронандаи шахсӣ ва парвоз бо класси аввали ҳавопайморо манъ мекунад;

*Ними кабинаи ҳукуматашро ба ферма мефиристад, ба гуфтаи ӯ “он ҷо манфиаташон ба мардум бештар мерасад”.


Дар бораи ин мард, ки ба унвони ростқавлтарин президенти ҷаҳон шинохта шудааст, аз бародарам шунидам. Баъдан ба Интернет сар задаву дидам, ки дар мавриди зиндагӣ ва рӯзгораш маълумоти зиёду ҷолибе ҳаст. Ӯро ҳатто Че Гевараи африқоӣ лақаб додаанд. Томас Санкара. Президенте, ки бояд идеали ҳамаи президентҳо бошад.

Фикр мекунам, барои Шумо хонандагони азиз низ донистани чанд далел аз зиндагӣ ва кори ин мард ҷолиб хоҳад буд. Аз ин рӯ, тарҷумаи бархе қисматҳои зиндагиномаи ӯро пешниҳод мекунем.

Буркина-Фасо ҳамеша як давлати фақир буд: вақте Волтаи Боло ном дошт, мустамликаи Фаронса буд ва ҳатто вақте дар соли 1960 мустақилият ба даст овард. Ин кишвар ҳам монанди бештари давлатҳои африқоӣ истиқлолият ёфтаву ба доми инқилобҳои давомдори хунини ҳарбӣ печид, ки дар натиҷа демократҳо диктаторҳоро сарнагун мекунанд, то диктатураи худро барқарор созанд.

Аммо баъзан чунин чархишҳои сиёсӣ имкон медиҳад, одамони олӣ сари қудрат биёянд. Нафароне, ки таърих ба некӣ ёдашон мекунад. Санкара ҳам яке аз чунин афрод аст. Волидони ӯ аз қавмҳои мухталиф буданд. Падараш Самбо Жозеф Санкара аз мардуми моси ва модараш Маргарита аз фулбе. Аз ин рӯ ӯро «силми-моси», яъне одами «навъи сеюм» мегуфтанд. Санкара дар 19 солагӣ ба хизмати ҳарбӣ меравад. Ба гуфтаи таърихшиносон ҳар чӣ ки дар зиндагӣ ноил шуд, маҳз бо шарофати ҳамин амалаш буд. Дар артиш зуд аз худ дарак дод. Баъди як сол ӯро ба мактаби афсарон ба Мадагаскар фиристоданд. Онҷо дар баробари илми ҳарбӣ ба ғояҳои сотсиалистӣ таваҷҷуҳ карда, бо осори Маркс ва Ленин хуб ошно гардид.

Соли 1972 ба ватан баргашта, соли 1974 дар ҷанги марзӣ бо Мали ширкат мекунад. Баъди ду сол, соли 1976 раҳбарии маркази тамринии артишро ба ӯ бовар карданд. Санкара ҳангоми хизмат бо се афсари ҷавон ошно шуд, ки андешаи тоза доштанд. Дӯстии ӯ бо Блез Ком¬паоре, Анри Зонго ва Жан-Батист Линган хеле самимӣ буд. Ин чоргона њамеша масъалаҳои сиёсиро бо ҳам баҳс мекарданд. Санкара ва дӯстонаш дар шароити диктатураи ҳарбии полковник Сайе Зербо созмони махфии “Гурўҳи афсарони коммунист”-ро созмон медиҳанд, ки оғози солҳои 80-ум дар ҳаёти сиёсии кишвар иштирок мекунад. Мақомот ҳатто талош кард, ӯро ба ҷониби худ биёрад. Моҳи сентябри соли 1981 котиби давлатӣ оид ба иттилоот таъин шуд. Аммо баъдан мақомотро дар нақзи ҳуқуқи синфи коргар муттаҳам кард. Ӯ гуфт, «вой бар касоне, ки даҳони мардумро мебанданд!” ва 21 апрели соли 1982 ба сафи мухолифин пайваст. Соли 1982 полковник Зербо аз сӯи табиб Уэдраого сарнагун шуд. Президенти нав Санкараро дар курсии нахуствазир нишонд. Аммо ин таъинот норозигии Фаронсаро, ки ҳамчунон дар ин кишвар таъсиргузор буд ба миён овард. Дар пай Уэдраого Санкарро аз вазифа гирифт, аммо ба ин ҳам иктифо накарда, ҳабси хонагӣ кард. Дӯстони Томас - Зонго ва Лингани ҳам ба ҳабси хонагӣ маҳкум шуданд. Танҳо яке аз аъзои “чоргона” дар озодӣ буд: Блез Компаоре. Ва маҳз ӯ гарнизони пойтахтро ба қиём хезонда, Уэдрао¬горо сарнагун кард. Санкара раиси Шӯрои миллии инқилоб таъин гардид.
Томас дар посух Блезро вазири адлия таъин кард, ки аз рӯи мақом дуюмин нафар дар кишвар маҳсуб меёфт. Дӯстони дигари ӯ Зонго ва Лингани ҳам бевазифа намонданд, аммо Санкара кишварро дар танҳоӣ мутобиқ ба идеалҳои худ идора мекард. Идеалҳои ӯ инқилобҳои Куба, Фаронса ва Русия буд.

Аз инқилобҳои Фаронса кумитаҳо ва маҳкамаҳои инқилобиро гирифт. Таҳкурсии сиёсати ӯ кумитаҳо оид ба ҳифзи инқилоб буд, ки мебоист идоракуниро дар худи ҷойҳо анҷом диҳанд. Аз инқилоби Октябр нишон ва иваз кардани мақоми синфи коргарро гирифт. Санкара номи Волтаи Болоро ба Буркина-Фасо иваз кард, ки дар забони маҳаллӣ “кишвари шахсони хушбахт” тарҷума мешавад. Ӯ муаллифи суруди миллии кишвараш аст. Нишони кишварашро худаш фикр кардааст. Аз раҳбарони инқилоби Куба бошад, хоксориро интихоб кард.

Санкара нахуст бо дучарха ба кор меомад, аммо баъдан бо дархости зиёди ҷонибдоронаш онро ба як мошини арзони «Рено 5» иваз кард. Президенти Буркина-Фасо дар як манзили майдаи хиштин мезист, ки яхдонаш дуруст кор намекард. Ӯ танҳо либосҳои пахтагини истеҳсоли ватаниро пушида, кӯшиш мекард фақат маҳсулоти маҳаллиро истеъмол кунад. -Импе¬риализм чист? – мегуфт ӯ. – Ба табақҳои худ нигоҳ кунед. Шумо чӣ истеъмол мекунед? Дар табақҳои шумо биринҷ, орд ва арзани воридотӣ аст. Анна ҳамин аст империа¬лизм.

Санкара яке аз фақиртарин президентҳои ҷаҳон ба шумор меояд. Ӯ бо 450 доллар моҳонаи капитанияш мезист, моҳонаи 2000 долларияшро бошад, ба хазинаҳо барои ятимон мефиристод (баъди кушта шуданаш маълум шуд, ки дороиҳои ӯ иборатанд аз як мошини “Пежо”-и куҳна, ки ҳанӯз қабл аз ба қудрат рсиданаш харидорӣ кардааст, як яхдони куҳна, се гитор ва чор дучарха). Ҳамагӣ дар чанд соли ҳукмронӣ Санка¬ра муваффақиятҳои беназиреро соҳиб шуд. Яке аз аввалин навовариҳои ҳукумати ӯ нашри даромад ва ҳисобҳои ҳамаи мансабдорони давлатӣ буд.

Ӯ иҷоза надодааст, ки дар утоқи корияш “кондисионер” насб кунанд, зеро гуфтааст, назди одамоне, ки имкони чунин корро надоранд, шарм медорад. Ба нашри аксҳояш дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва утоқҳои кории мансабдорон бо ин далел, ки “дар кишвари мо чун ман ҳафт миллион зиндагӣ мекунад” розӣ нашудааст. Бо супориши Санкара тамоми мошинҳои “Мерседес”-и ҳукуматӣ фурӯхта шуда, ба ҷои он ҷиҳати истифодаи вазирон мошини “Рено 5”, дар он замон арзонтарин сабукрав харидорӣ гардидааст. Барои мансабдорон истифодаи ронандаи шахсӣ ва парвоз бо класси аввали ҳавопайморо манъ мекунад.
Ӯ ними кабинаи ҳукуматашро боре ба ферма фиристодааст. Ба гуфтаи ӯ “дар он ҷо манфиататон ба мардум бештар мерасад”. Ислоҳоти кишоварзӣ сабаби ду маротиба бештар шудани ҳосили ғалладона шуд ва мизони фақр дар кишвар тақрибан бардошта шуд. Баъди се соли сари қудрат омадани Санкара Бонки ҷаҳонӣ эълон кард, ки коррупсия дар Буркина-Фасо решакан шудааст.

Аммо дастовардҳои ӯ дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар қобили таваҷҷуҳанд, ки ташкили низоми ройгони маориф, тиб, воксинзании тифлонро дар бар мегирад. Анъанаҳои ваҳшзои буридани узвҳои таносули занон, никоҳҳои маҷбурӣ ва бисёрҳамсарӣ манъ шуд. Занҳо низ бо мардон баробарҳуқуқ эълон шуданд. Маргу мири кӯдакон ду маротиба коҳиш ёфта, нахустин маротиба дар таърих занҳо ба ҳукумат роҳ ёфтанд. Дастовардҳои ӯ хеле зиёд аст. Дар сиёсати хориҷияш низ хеле муваффақ будааст. Аммо таззоди зиндагиро бинед, ки бо вуҷуди ҳамаи ин дастовард теъдоди афроди норизо меафзуд. Гуфта мешавад, маҳз ислоҳот ва усулҳои инқилобии ӯ далели мавҷи норизоиятҳо шуд. Ба мансабдорон ду маротиба коҳиш додани ҳаҷми маошашон хуш намеомад. Сардори қабилаҳоро аз даст рафтани қудрат, ки ба кумитаҳо гузашт нигарон карда буд. Заминдорони “калон” аз он ки заминҳояшонро ба нафъи мардуми оддӣ мегирафтанд, нороҳат буданд.

Ба оташи эътирозгарону норозиҳо ҳатто дӯстони наздикаш ҳам равған мерехтанд. Хадамоти махсус ба Томас хабар медиҳад, ки Компаоре зидди ӯ қиём карданист. 12 октябри соли 1987 Санкара дар нишасти матбуотӣ мегӯяд: «Агар Блез ба сӯи ман даст бардорад, пас зиндагӣ кардани ман лозим нест. Зеро намехоҳам дар ҷаҳоне зиндагӣ кунам, ки дӯстӣ ва шараф нест”. Ӯ ба пулис иҷозат надод, ки маълумот дар бораи ошуб алайҳи ӯ аз сӯи дӯсташро тафтиш кунад. Ва ҳамагӣ баъди се рӯз ӯ дар ҳақиқат бо зиндагӣ падруд гуфт. 15 октябри соли 1987 дар пайи як табадуллоти давлатии Компаоре, Томас Санкара кушта шуд. Идораи кишвар ба дасти се дӯсти ӯ гузашт. Блез Компаоре президент шуд, Жан-Батист Лингани раҳбари пулис.

Президенти нав аввалин коре ки кард бо маблағи барои ободонии атрофи пойтахт ихтисосёфта ҳавопаймои шахсии “Боинг” харида, маоши мансабдоронро зиёд кард. Ӯ фалсафаи забти қудратро чунин шарҳ додааст: “Медонам, ки бо ёд овардани одаме, ки кайҳо дар қайди ҳаёт нест, бисёриҳо маро сарзаниш мекунанд. Аммо бигзор ба атроф нигаранд, шишаҳои муҷаллои мағозаҳо ва мошинҳои зеборо бубинанд. Агар ӯ зинда мебуд, мо ҳамаи инро медоштем? Не, не ва боз не! Вай мардумро ба меҳнати тоқатфарсо маҷбур мекард, зиндагии бенур ва дур аз ҷаҳони дигар... Барои ҳодисаи баамаломада, ман тамоми масъулиятро бар дўш мегирам ва ҳеч зарурати пушаймонӣ нест. Набераҳоямон моро муҳокима хоҳанд кард”.

Томас Изидор Ноэл Санкара соли 1949 таваллуд шуда, соли 1987 ин дунёро тарк кардааст. Ӯ ҳамагӣ чор сол президент буд. Аз соли 1983 то 1987. Аммо дар ин муддат корҳое кард, ки баъзан раҳбарони кишварҳо дар 10 солаҳо ба анҷоми он муваффақ намешаванд. Дар замоне ки раҳбарон барои қудрат ва љоҳу дороӣ талош мекарданд, ӯ хеле одӣ мезист ва тамоми кўшишаш барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардумаш буд. Ба назар мерасад, дигар чунин афрод таваллуд намешаванд. Ё шумо фикри дигар доред?
Мӯҳр
а
Хуб мешуд агар президенти мо хам аз Санкара ибрат мегирифт.

Халк
Не,_' е? Бо мехохи, ки президенти моро хам ранги Санкара кунан? И презденти хдомун да и масъалахо гарени сарш кор мена.

Чаноби Икс
Дар точикистон бояд як Санкара таваллуд шавад, "санкараи хозира" ба ман писанд нест

Халк
Не,_' е? Бо мехохи, ки президенти моро хам ранги Санкара кунан? И презденти хдомун да и масъалахо гарени сарш кор мена.

Дустони азиз!!! Алокамандони Санкара!!!! Мо давраи 70 соли "санкара"-гиро доштем.. Он вакт хам бисёрихо аз Шурави норизо буданд...
1. Шумо Точикистонро ба Буркина Фасо ва шароити моро ба мардуми он кишвар мукоиса накунед.
2. Санкара-и мо то хамин ду соли охир тамоми сафархои хоричашро тарики парвозхои маъмули бо дигар шахрвандон анчом медод, ки барои дигар президентхо гайримукаррарй аст.
3. Ягон президент ба теъдоди дарахтхои шинонидаи Санкара-и мо мусобика карда наметавонад.
4. Бисёр вакт чоплуси бо ташаббуси мансабдорон сурат мегирад на худи "Санкара".
5. Вакте, ки "Санкара"-и мо сари хукумат омад дар хазинаи кишвар 1 доллар хам набуд ва ин протссес то соли 2000-ум идома дошт...
6. ИНшааллох "Санкара" дар тули хафт соли охирин давраи президентии худ боз ха корхои шоистае анчом хохад дод, вале мову Шумо норизо хохем монд, чунки аксарият мехоханд худашон "Санкара" бошанд ва ё дар атрофи у.
......
Бо эхтиром ва самимият нисбати хамаи хонандагон

Ба Саид.
Як чизи дигареро хам илова мекарди, ки тамоми тиллои Точикистонро Сангак Сафаров ба Узбекистон бурда ба ивази ин "Санкара"-ро сари кудрат расонидану силоху аслиха барои точиккуши гирифтан дода буд. Аз "Санкара" - ат пурс ки 112 грамм тиллои холиси бо чархбол ба кисааш зада ба Термиз баъди куштани Чиёнхон рафтани Сангакро ва бо у чи маслихати кабли доштанашро оё хануз дар ёд дорад?

ба Саид
хак мегуи бародар баъзехо сиёхро аз сафед фарк накарда даст ба сиёсат мезананду аз сиёсат сухан мегуянд!

Хар бош ки ин чамоа аз фарти хари хар ку на хар АСТ кофираш мехонанд

a
Санкараи точики дар тамоми кор ба кулли мукобили Санкараи африкои аст - то гули тару тоза набошад ба мачлисгох намедарояд, то гилеми мулоими сурх напартоянд намеравад, то хафт хурок наоранд аз ужин намехезад

Коришкамба зинда мебуд аз ин коментхо сахт хафаги мекард

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)