Боздошти бародарзодаи Зайд Саидов ҳангоми бозгашт аэ Эрон

Дилшод Раҳимов, бародарзодаи Зайд Саидов -- соҳибкор ва раҳбари зиндонии “Тоҷикистони нав” рӯзи 18 ноябр, ҳангоми бозгашт аз Эрон дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боздошт шудааст.
Фахридин Зокиров, яке аз се вакили дифои Зайд Саидов, ба “Озодагон” гуфт, ҳоло онҳо дар фурудгоҳанд ва Дилшод Раҳимов дар боздошт қарор дорад. Ба қавли ӯ, мақомот дар шарҳи боздошти Раҳимов гуфтаанд, гӯиё бародарзодаи Зайд Саидов бо маълумоти пешниҳодкардаи Оҷонсии зидди фасоди молӣ таҳти пайгард қарор дошт.
Дилшод Раҳимов қаблан иттиҳомоти Оҷонсии зидди фасод алайҳи Зайд Саидов дар мавриди аз Низомхон Ҷӯраев кашида гирифтани "Тоҷикатлас"-ро буҳтон номида буд. Оҷонсии зидди фасод Зайд Саидовро дар он муттаҳам мекард, ки ҳангоми вазирияш корхонаи “Тоҷикатлас”-ро бо сӯиистифода аз мавқеяш аз Низомхон Ҷӯраев кашида гирифтааст.
Аммо Дилшод Раҳимов мегӯяд, “Тоҷикатлас”-ро ӯ харидааст, на Зайд Саидов. Ӯ таъкид намуда буд, агар амнияту дахлнопазирияш дар Тоҷикистон кафолат дода шавад, омодааст, ба Ватан баргардад ва ба қазияи “Тоҷикатлас”-у Зайд Саидов рӯшанӣ андозад.
Аммо зимни бозгашт дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боздошт шуд. Фахриддин Зокиров мегӯяд, мақомоти тоҷик ҳақ надоштанд, Дилшод Раҳимовро боздошт кунанд, чун алайҳи ӯ парвандае боз нашудааст ва ӯ танҳо ба сифати шоҳид ба Тоҷикистон даъват шуда буд ва имкон дошт, ба парвандаи Зайд Саидов дар мавриди Тоҷикатлас рӯшанӣ андозад.
Гузашта аз ин, Дилшод Раҳимов мехостааст, дар маросими дафни модараш, ки рӯзи 17 ноябр даргузаштааст, иштирок намояд.Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |