Бахшҳо

Ҳимояти собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон аз Зайд Саидов

Дар мурофиаи навбатии Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи Тоҷикистони нав, ки рӯзи 27 ноябр паси дарҳои баста дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ баргузор шуд, Фаррух Муҳиддинов -- собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон бозпурсӣ шудааст. Инчунин, котибаи Зайд Саидов дар ин мурофиа ба суоли вакилони мудофеъ, намояндаи додситонӣ ва додраси парванда посух гуфтааст.

Фахриддин Зокиров, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов, ба “Озодагон” гуфт, собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон аз рӯи иттиҳомоте, ки Оҷонсии зидди фасоди молӣ алайҳи нафари таҳти ҳимояташон пеш гузоштааст, шоҳидӣ дода, аз ӯ ҳимоят намудааст. Ба иттилои манбаъ, котибаи Зайд Саидов низ дар мурофиаи додгоҳӣ шоҳидӣ додааст, ки Зайд Саидов мунтазам дар ҷои кор ҳозир шуда, муносибаташ бо корафтодагон ва одамоне, ки ба қабулаш меомаданд, хеле хуб буд.

Зокиров афзуд, мурофиаи Зайд Саидов ба марҳилаи ниҳоӣ расида ва айни ҳол айбдоркунандаи давлатӣ барои омода намудани баромади ниҳоияш як ҳафта танаффус гирифтааст: “Баромади ниҳоии айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи чоршанбеи 4 декабр дар назар аст. Ҷониби ҳимоя охирин суханашро рӯзи ҷумъаи 6 ноябр ироа хоҳад кард ва бо ҳамин додраси парванда барои қабули қарор ба ҳуҷраи машваратӣ хоҳад рафт.”

Ин вакили дифоъ афзуд, танҳо дар мурофиаи рӯзи 27 ноябр ҳудуди 10 санадро, ки бегуноҳии зерҳимояашон нишон медиҳанд, ба додгоҳ пешниҳод кардаанд. Ин дар ҳолест, ки қаблан низ шоҳидони зиёд аз Зайд Саидов ҳимоят карданд. Аз ҷумла, Дилшод Раҳимов, соҳибкор ва бародарзодаи Зайд Саидов, дар мурофиаи додгоҳӣ иттиҳомоти Оҷонсии зидди фасодро алайҳи Саидов, дар мавриди кашида гирифтани “Тоҷикатлас” беасос хонда буд. Оҷонсии зидди фасод Зайд Саидовро дар он муттаҳам мекард, ки ҳангоми вазирияш корхонаи “Тоҷикатлас”-ро бо сӯиистифода аз мавқеяш аз Низомхон Ҷӯраев кашида гирифтааст. Аммо Дилшод Раҳимов мегӯяд, “Тоҷикатлас”-ро ӯ харидааст, на Зайд Саидов.

Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон, баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” боздошт шуда, айни ҳол дар фасодкорӣ, қаллобӣ, сӯиистифода аз мавқеъ, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номус муттаҳам мешавад.
Мӯҳр
ҳамватан
Худо ҳамеша ҳамроҳат бод марди Худо ва марди бузург!

Муҳаммад
Худо ҳамеша ёрат бод Зайд Саидо!

Халк
И броя, уже лидерш маълмай.

мухиддин
Котибаи Зайд Сайид хакикат гуяд, хакикати истениро гуяд. Котиба хамон кадар аз Зайд фоида гирифтаги хаст, ки ба чои падаруш медона Зайда.
Ин додгох аст. Мачлиси профсоюз нест, ки чихатхои пилусаро гуфта, аз вазъият барорануш. Характеристикаи котибаи Зйд Сайид чи рол бози мекунад. Як корафтода ва ё коргари то капидани Зайд дар корхонахои Зайд кор мекардагиро даъват карда пурсен, ки чаро онхо маоши худро гирифта наметавонанд.

додрас
мухиддин,
Зайда маҳкам каде ҳамаи шотоша басте( ба умеде ки танҳо тоҷири мувафақи хориҷ аз хонаводаро) низ шикаста ҳамаша ай худ мене( Мовароуннаҳр, Умарали Қувват, Султон Қуватов, Ғафор Мирзоев, ва садҳои дигар барин) ҳоло ин БУЗУРГМАРД дар зиндон чхел маоши коргароша тия то вақте ки да озоди буд маоши аз ҳама баланд коргарои Зайд мегирифт
Каме ҳам бошад ба виҷдон ва эмони худ муроҷеа кунед

Диловар
мухиддин,
Бру кушод бачем кори худта бку фомиди? ва да ҳаркор ақлаки наку.

МУХИДДИН. ту аз кучо медони дар бораи ин марди бузург ва Худотарс ! Худованд хидоятат кунад

точик
Худо хамеша ерат бод эй марди бузург!

ба Хакчу
ин одам дар замоне дар Т-н сари курси буд,ки дар ягон системаи фаъолияти хукумат шафофият вучуд надошт ба кавли дигар "худам шоху табъам вазир"
ин марди бузурге ки ту уро чунин ном ниходаи аз хисоби кадом маблагхо точири мувафак шуд?шояд аз хисоби маоши мохонааш??

ФИРДАВС
ЗАЙД САИДОВ МАРДИ БУЗУРГ АСТ ХУДО ТЕЗТАР БА ОЗОДИ БАРОРАША

Рохгузар
фирдавс комилов,
Вакте Зайд Саидов аз Русия ба Точикистон баргашт чандин миллион доллар сармоя дошт. Вакте одамхои монанди ту нотавонбину бахил гирифтори чангу бахсхои бехуда буданд, Зайд дар Масква бизнес дошт ва садхо мухочирро чои кор мухайе карда буду пул кор кард. Баъди баргаштан хам аклашро кор фармуду бизнес ба рох монд. Магар факат дузду горатгару кумондон бояд пулдор бошанд? Ин гапи ту ошно гапи як одами чохил аст. Зайд нишон дод, ки бо рохи халол мешавад пул кор карду зиндаги кард ва сохиби пулу моли зиёд буда гами халки бечораро хурд. Чанги Торики бар зидди Равшани ва Харом бар зидди Халол хазорсолахост, ки давом дорад. Зайд хамеша дар суи Равшани ва Халол буд, ки афсус имруз дар чохи тухмату кунчи зиндон андохтанд...

Салмон
Зинда бод равшанфикрон!!!!!!!!-

Ба РОХГУЗАР
Суханеро чохилона мегуянд,ки бе далелу бе мантик аст,монанди суханхои ту!ба фикри ту хукумат аз Зайдхо баринхо метарсад??ё аз шумо тарафдоронаш?барои Рахмону тарафдоронаш шумо монанди магасе хастед,ки ба хама чо сар мефуроранд!!!ин одаме,ки ту бузургаш мехони котиби А.Нури шуда кор мекард ва ин маблагхояш сарчашмааш ончост )))ту худатро хакикатпараст медонию хакикатро намедони!хайфи ту))))

ozod
фирдавс,
kotibi nuri budan gunoh ast magar...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)