Бахшҳо
19 ноя 2013 15:51Тоҷикистон / Акс / Видео

АКСУ ВИДЕО: Ташхиси дубораи ДНК ва ифшои тақаллубкории муфаттишони Зайд

Вакилони мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари зиндонии Тоҷикистони нав, мегӯянд, ташхиси дубораи ДНК-и нафари таҳти ҳимояташон дар Маскав нишон додааст, ки Саидов бо фарзанди зане, ки гӯиё мавриди таҷовузи ӯ қарор гирифтааст, ягон робитае надорад.

Шӯҳрат Қудратов, Фахриддин Зокиров ва Исҳоқ Табаров, вакилони Зайд Саидов, рӯзи 19 август бо баргузории нишасти хабарӣ гуфтанд, ахиран Исҳоқ Табаров мӯи сари зерҳимояашонро гирифта, дар Маскав ташхиси дубора гузарондааст. Худи оқои Табаров гуфт, “ташхиси дубора низ монанди ташхиси аввала дар ҳамон ташхисгоҳи “Био Папа” гузаронда шуд ва падарии Зайд Саидовро комилан рад намуд.”



Ба иттилои вакилони Зайд Саидов, масъулини ташхисгоҳ изҳор доштаанд, ки дар хулосаи аввалаашон низ ба мақомоти Тоҷикистон падарии Зайдро комилан рад намуда буданд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи вакилони мудофеъ, муфаттишони парвандаи Зайд Саидов аз номи “Био Папа” ба додгоҳ хулосаеро пешниҳод кардаанд, ки гӯиё падарии Зайдро ба фарзанди “ҷабрдида” тасдиқ мекунад.



Бо зикри ин, вакилони дифои Зайд гуфтанд, баъд аз нишасти матбуотӣ ба додситон муроҷиат намуда, талаб мекунанд, ки алайҳи муфаттишони парвандаи Зайд Саидов барои тақаллубкорӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардад. Муфаттишони Оҷонсии зидди фасод алайҳи Зайд Саидов ду парвандаи ҷиноии марбут ба таҷовуз ба номусро боз намуда, таъкид намудаанд, ки яке аз ҷабрдидагон аз Зайд Саидов фарзанд дорад.


АКСУ ВИДЕО: Ташхиси дубораи ДНК ва ифшои тақаллубкории муфаттишони Зайд

АКСУ ВИДЕО: Ташхиси дубораи ДНК ва ифшои тақаллубкории муфаттишони Зайд
Мӯҳр
Насим
Худованд, ки болову паст офарид \
Забардасти хар даст даст офарид. Хамеша хак ба хакдор хохад расид, агарчи шояд дер хам бошад ва баъзе корхоро дигар наметавон чуброн кард

Сухроб
Эй вой додддддддддддддддддддддддддддддддд!!!!!!!!!!!!

Дилёб
Зафархои аввалин муборак шавад бобои Зайд! Иншоаллох ба наздики озодиро бароят муборак мегуем.

Худо хохад ба озоди мебарои хамеша ба пеш.

ин муфаттишону судияхо бо хаёти инсон бози мекунанд.Дар зиндонхои Точикистон хазорон ашхоси бегуох нигахдори мешаванд.

Юсуф
Ҳарчи фикр кардам, ки аз хушҳолӣ чи нависам танҳо иборае, ки барои ибрози ин хушҳолӣ ба зеҳнам омад ин буд. АЛЛОҲУ АКБАР!

адвакат
ин муфатишону судяхои бевичдон дар ду дунё руяшон сиёх аст!
чох, кан зери чох, мешавад иншоАллох,!

Yo tavvvbaaa
Hatman nigoh kuned pagoh boz chi dasisae ba sarash meorand. Aslan man ba in mufattishon bovari nadoram.

гариб
Мошолох!!! Бобои Зайд худованд дастгиру мададгорат бошад ОМИН.

Zaid Saidov begunoh ast shumo khudaton medonet ,Zaid khelo khizmat kard dar milat vay invalid ast , Alloh dar dilhoi shumo rahm ato kunad OZODASH KUNEN !!!!!

Тафтишоту суд нисбат ба як шахси маъруфу қавӣ инқадар сохтакорӣ, тӯҳмат ва беадолатиро раво бинад, пас одамони қаторӣ назди онҳо пашша барин қадр надоштааст. Ҳамин аст, ки латукӯбу шиканҷа дар он ниҳодҳо як кори маъмулӣ аст. Одамҳо онҷо тап-тап мурда истодаанду касе ҷавобгар нест. Фикр мекунам дар Тоҷикистон низ созмони "Ҷамъияти шаҳрвандӣ" сохта шуда, барои реформаи тафтишот ва суд муборизаи беамон барад. Чӣ тафтишот ва чӣ судҳо бояд аз ихтиёри давлат хориҷ шуда, ба органҳои мустақил табдил ёбанд. Демократия ва адолати иҷтимоӣ бояд аз ҳамин органҳо оғоз ёбад.

Бобо
Зайд Саидов Президенти ояндаи Точикистон.

advokatho pula zada giriftan gireton az zaidaton.yak-'dnk'aro kapideddaaa..digar jinoyathoyash chi? 10jinoyati digar ast pula gired ohista-ohista kora burdan gired sarosema nashaved boz.1-solba 1-jinoyatasha hal kuned 10-solba tamom kuneton.advokathoi baloooooo.biznesdaaaa.

Бобо,
БОБО ИН СУХАНА ДИГАР НАНАВИС, КИ ХУКУМАТДОРОН ЗАЙДРО БО НАКУШАН АЗ ТАРСА...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)