Холмуродов: “Додгоҳ мегӯяд, мо ҳаққем ё вакилони Зайд”

Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон ташхиси аввалияи генетикиро, ки нишон додааст, Зайд Саидов -- соҳибкори боздоштшудаи тоҷик падари фарзанди духтарест, ки гӯиё мавриди таҷовузи ӯ қарор гирифтааст, аслӣ хонда, тақаллубӣ будани онро рад намудааст.
Фирӯз Холмуродов, роҳбари гуруҳи тафтишотии парвандаҳои Зайд Саидов, дар суҳбат бо “Азия Плюс” тақаллубӣ будани ташхиси аввалияи генетикиро қатъиян рад намуда, гуфтааст, имкони қалбакӣ сохтани чунин санад мавҷуд надорад. Ӯ гуфтааст, бо ташхиси дуюми генетикӣ, ки аз ҷониби вакилони дифои Зайд Саидов гузаронда шудаасту тақаллубӣ будани ташхиси аввалияро нишон медиҳад, шинос нест. Ӯ афзудааст, айни ҳол ҳарду ташхис дар дасти додрас буда, баҳои ҳуқуқиро ба онҳо танҳо додгоҳ медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки вакилони мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари зиндонии Тоҷикистони нав, ҳафтае қабл аз болои гуруҳи муфаттишони Оҷонсии зидди фасод ба Додситонии генералӣ шикоят бурда, талаб кардаанд, алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардад. Вакилони Зайд Саидов иддао доранд, ки гуруҳи муфаттишони Оҷонсии зидди фасод, таҳти роҳбарии Фирӯз Холмуродов, зимни тафтишот алайҳи зерҳимояашон ба тақаллубкорӣ роҳ дода, ба додгоҳ ташхиси тақаллубии ДНК-ро пешниҳод намудаанд.
Онҳо мегӯянд, ташхиси дубораи ДНК-и нафари таҳти ҳимояташон дар Маскав нишон додааст, ки Саидов бо фарзанди зане, ки гӯиё мавриди таҷовузи ӯ қарор гирифтааст, ягон робитае надорад. Шӯҳрат Қудратов, Фахриддин Зокиров ва Исҳоқ Табаров, вакилони Зайд Саидов, рӯзи 19 ноябр бо баргузории нишасти хабарӣ гуфтанд, ахиран Исҳоқ Табаров мӯи сари зерҳимояашонро гирифта, дар Маскав ташхиси дубора гузарондааст. Худи оқои Табаров гуфт, “ташхиси дубора низ монанди ташхиси аввала дар ҳамон ташхисгоҳи “Био Папа” гузаронда шуд ва падарии Зайд Саидовро комилан рад намуд.”
Ба иттилои вакилони Зайд Саидов, масъулини ташхисгоҳ изҳор доштаанд, ки дар хулосаи аввалаашон низ ба мақомоти Тоҷикистон падарии Зайдро комилан рад намуда буданд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи вакилони мудофеъ, муфаттишони парвандаи Зайд Саидов аз номи “Био Папа” ба додгоҳ хулосаеро пешниҳод кардаанд, ки гӯиё падарии Зайдро ба фарзанди “ҷабрдида” тасдиқ мекунад.
Зайд Саидов, соҳибкори тоҷик як моҳ пас аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ боздошт шуда, дар як қатор ҷиноятҳо, аз ҷумла ду мавриди таҷовуз муттаҳам мешавад.Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |