Бахшҳо

Нигаронии Кабирӣ аз сангаргириҳо дар мавриди шиаву суннӣ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон, аз баҳси густурдаи мусалмонҳо дар бораи шиаву суннӣ изҳори нигаронӣ кардааст.

Оқои Кабирӣ, ки дар як суҳбати ихтисосии худ бо “Наҷот”, нашрияи расмии ҲНИТ, дар ин бора ибрози назар кардааст, мегӯяд, “талоши беҳудаи ҳамаро яксара шиа ё суннӣ кардан миллиардҳо маблағ ва миллионҳо нерӯи инсониро ба худ машғул кардааст.” Ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, ин раванд вақтҳои охир ба бузургтарин мушкилоти нерӯҳои исломӣ табдил ёфтааст. Раиси ҲНИТ илова кардааст, имрӯз ҷаҳони Ислом дар марҳилае қарор дорад, ки Ғарб онро чандин аср пеш тай карда буд: “Мо тақрибан дар ҳамон марҳилае мебошем, ки Аврупо чандин аср пеш буд ва католикҳову протестантҳо якдигарро аз лиҳози мазҳабӣ таҳаммул надоштанд.”

Инчунин, раиси ҲНИТ яке аз мушкилиҳои асосии дигари ақибмондагии олами Исломро дурӣ аз илму дониш арзёбӣ кардааст. Ӯ мегӯяд, “мушкили асосии олами Исломро имрӯз дар камбуди маърифат ва илм мебинам, болои ин ду масъала сармоягузорӣ накардем. Дар сурате ки Ғарб ҳарчи дорад аз маърифату илм аст. Мо ҳам ҳарчи дар гузашта доштем, аз эътибор додан ба ҳамин ду масъала бастагӣ дошт. Имрӯз мо, мусалмонҳо танҳо фахре дорем аз ин ду мафҳум, на аз асли онҳо. Ҳамаи мушкилоти мо: иқтисодиву сиёсӣ, ҳатто диниамон ҳам аз ҳамин ду масъала маншаъ мегиранд.”

Ибрози назари раиси ҲНИТ дар бораи мазоҳиби исломӣ дар ҳолест, ки вақтҳои охир баҳси суннию шиа ба мушкили умда табдил ёфтааст ва ахиран ҳам Муҳаммад Ҷавоб Зариф, вазири умури хориҷии Эрон низ аз бархурди фирқаии пайравони дини мубини Ислом нигаронӣ карда, ин равандро таҳдид ба амнияти минтақа хонд: “танишҳои фирқаӣ байни мусалмонони шиа ва суннӣ ҷиддитарин таҳдид барои амнияти ҷаҳон аст.”
Мӯҳр
Хамон давлатхои исломие, ки миллиону миллиард сарф мекунанд аз барои таблиготи мазхабияшон (шиъа ва вахоби) ва чандин халку миллатро ба чангу ихтилофоти динию мазхаби меоранд оё наметавонанд хамон миллиону миллиардашонро барои баланд бардоштани сатхи зиндагии мусулмононе, ки аз кашокию гуруснаги ба халокат расида истодаанд сарф кунанд...
Дар Африко чандин давлатхоест, ки халки мусулмонаш хамаруза чанд хазор аз гуруснаги ба халокат мересад, ки онхоро ООН кумак мекунад хама сола...яъне Арабистони сауди Ирон ва дигар давлатхои исломии араб барои вахобию тафрика андозии мусулмонон миллиард сарф мекунаду ООН ва давлатхои насрони гуруснахои мусулмонро сер мекунад худатон бародарони азиз мукоиса кунед, ки ин аст вахобию шиъа.... БИСЁР ХУБ МЕШУД, КИ ХАМА ДАР МАЗХАБИ ХУД БОШАНД ВА МАЗХАБИ ХУДРО МУХОФИЗАТ КУНАНД.... МО ДОНЕМ, КИ ШИЪАЕМ Ё ВАХОБИЕМ ХУДАМОН БЕ ТАБЛИГОТ ЯК МАЗХАБИ ДУРУСТРО КАБУЛ МЕКУНЕМ ЛЕКИН АЗ ХАМАИ ОНХО ДУРУСТУ КАРИБ ИН МАЗХАБИ ИМОМИ АЪЗАМ (Р) АСТ, КИ МО КАРОР ДОРЕМ
....... МО ХАЛКИ МУСУЛМОН ТО ВАКТЕ, КИ ТАБЛИГОТИ ДИНИ МЕБАРЕМУ ИХТИЛОФОТИ МАЗХАБИ БА ЯГОН ТАРАКИЁТУ ЗИНДАГИЮ ПЕШРАВИ НАМЕРАСЕМ....
ТАРАКИЁТИ ТОЧИКИСТОНИ МО БА ФИКРИ МАН АЗ АРАБИСТОНИ САУДИ ДИДА ПЕШ АСТ БАРОИ ОНЕ, КИ ОНХО ЧИ КОРЕ МЕКУНАНД БО ВОСИТАИ АМРИКОИХОЮ АВРУПОИХО МЕКУНАНД, КИ ЯГОН МУТАХАСИС НАДОРАД МО БОШЕМ ЯК ДУТО МУТАХАСИС ШУКР КИ ДОРЕМ.

Janobi Kabiri shumo problemayi musalmonhoro khub dark kardaed ammo charo hamasola dahho javononi tojikro ba Iron mefiristad? Magar shumo fikr namekuned ki onho omada dar bayni mardumi sunnimazhabi Tojikiston ikhtilifhoi mazhabie ki dar davlathoi islomi ruy doda istodaand barpo mekunand? Magar shumo inro khiyonat ba DIN va sunnimazhabii mardumi tojik namedoned? Yagona sababe ki bisyorihoro az HNIT dur kardaast in garavidani HNIT ba shiagaroist. Janobi Kabiri shumo shakhsi bosavod hasted mekhostam mavqei shumo va hizbroi dar bora rushan melarded!...(khohish mekardam chop shavad)

НАВШОД. Хоруг
"Инчунин, раиси ҲНИТ яке аз мушкилиҳои асосии дигари ақибмондагии олами Исломро дурӣ аз илму дониш арзёбӣ кардааст. Ӯ мегӯяд, “мушкили асосии олами Исломро имрӯз дар камбуди маърифат ва илм мебинам, болои ин ду масъала сармоягузорӣ накардем"

ХАЛОЛАТ БОД ЧАНОБИ КАБИРИ. кош мисли Шумо аккалан 10 фоиз зиёи медошт и миллат. аммо тавре титиулина иктибос карда буданд....афсус... рухи Рудаки то Икболу Айни норохат аст аз кирдори мо насли навини точик...

Хукуматдорони давлатхои исломи се корро фахру пешрави медонанд.
1. Гуломи Амрико будан
2. Айши дар Лондонро
3. Тафрика андози дар байни мусулмонон.

Ҷаноби Кабирӣ! Ҷавоноро камтар ба мамлакатхое, ки хадди аксарашон шиъа аст равон намоед, аз он чумла писари худатон дар Кум мехонад, Шумо чи фикр доред, ки баъди хатми мадориси шиъа омада суннигари мемузонад? Бас кунед шиъорпартоиро, ин гапҳо кухна шуданд.

мард
аввал сафхои Хнит-ро аз шиахо тоза намуда, баъд дар ин бора сухан гуед.

равон
мо дар асри 21 зиндаги мекунем асри неруи аклу хирад. асри камолоти донишу тачриба .кадом мазхаб хубтар бошад , бо замона хамкадам бошад ба хакикат у адолат наздиктар бошад, идомадехи кори Пайгамбар бошад мардум хамонро интихоб хохад кард. ло икрофа фи дин. агар сунние мазхаби шиаро ва агар шиае мазхаби сунниро интихоб карда ба он гарафад дар мачмуъ ислом чизеро аз даст намедихад. имруз шиъаи Ирон талоши кайхонро дорад ва сунии Саъуди ташвику таргиби толиббон ва салафиятро. ки талаботи замон бо он созгор нест.. тарконд кушт катл кард мактабро баст духтаронро захролуд кард арусро гушу бини бурид писари ноболигро тачовуз кард ва гггг албатта мардумро монда ва дилгир аз дин мекунанд..ислох бояд шуд. АЗ АКЛ БОЯД КОР ГИРИФТ.

DIVIDE ET IMPERA!
РАЗДЕЛЯЙ И ВЛАСТВУЙ!
ТАФРИҚА АНДОЗ ВА ҲУКУМАТ БИКУН! laughing

донишч,у
Ман дар як чил хайронам, чаро мардуми мо ин кадар гумрох, шудаанд ва чаро аз "динни ислом" ва пешвоёни "равшанфикри мусулмон" инк,адар нафрат доранд, боз мегуянд, мо мусулмонем…
"Мух,иддин Кабири фахри динну миллат аст!" агар фахмиди ач,аб хуб нафах,миди дар к,иёмат мефахмонанат.
"Муъмин бародари муъмин аст!"

Муосфир
Ин Кабири худ шахси дуруяву дуругу менамояд.Робитаи кавии у бо шиамазхабони точик аз хеч кас пинхон нест,дар атрофаш дустону пайравони ташаюъро чамъ кардаасту имруз боз нигарони дорад!!
Дер шуд огои Кабири дер шуд..Хатман натичаи ин нофахмиву даргирхои ду мазхабро дар ТЧ дар оянда мунтазир бимонед

Ин Кабири худаш рофизи хаст мехохат мардумро фиреб кунад

ин Мухиддини Кабири худаш рофизи хаст

Ин Кабири рофизи хаст

Дар ҳама чиз роҳи васате роҳи хубе мебошад ва фикр мекyнам роҳи аҳли суннат ва ҷамоат ва билхyсyс мазҳаби Имоми Азам роҳи васат аст. Ҳам шиаҳо ва ҳам салафиҳо роҳи ташадyдро дар пеш доранд ва аслан дар таблиғи ин ду роҳ имрузҳо сиёсат дар ҷое аввал меистад. Дар ҳар кишваре ки Ирон сафорат дорад 90 фисади кормандон машғyли таблиғи шиа кардани фарзандони мусалмони суни мебошанд. Давалати Арабистони Саyди ҳам ҳамин роҳро пеш мебарад ва аслан дигар роҳоро намепазирад. Натиҷаи кори инҳо ихтилоф тафриқа андохтан байни мусалмонҳост. Имрузҳо шиа суниро аз ғайри мусалмон бадтар медонад ва ҳамчyнон гуруҳи салафи шиаҳоро. Мазҳаби Имоми Азам дар ин роҳи васатро пеш дорад. Ҳар дуро бародар мехонад вале роҳи пешгирифтаи ин ду гуруҳро бар зарари мусалмонҳо медонад. Ҷаноби Кабири агарчанде дилy гурдае барпо пиёда намудани роҳи дуруст надорад вале дорои ақидаи дуруст мебошад. Мусалмонҳо агар хоҳанд пешрафт кунанд илми динии асил ва дунявиро аз худ кунанд.

Абдулло
Хамном ин Кабири чанд писар дораду кадомаш дар Кум мехонда бошад

Ахноф
Кабири худаш РОФИЗИ аст мардуми шиъа вахти дар ягон танги браван пагоношона алиш мекнан хами Кабири хдш амхелиай хамай мардуми Точик фамид ки кабири ахли Суннат нестай бо хдша сафед кестай агар Кабири Рофизи набоша чиба бачой Точика Кум хондани рой мекна,,????

огои мухиддин маъзарат мехохам аммо чаро шумо аз Саидюнус дар тааччуб нестед ки чавонои моро шиа карда истодааст шумо нигарон аз киемиддини гози бошед чавононро шиа кард мо ахли суннат токат надорем вакте ки модарамон оишаро лаънашро гуш кунем е асхобро куфр буданашро аз шиаен. Шумо бар парлумон пешниход кунед ки шиа шудан чиноят аст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)