Муфтӣ дар Конфронси "Эҳёи исломӣ" иштирок намекунад

Дар шаҳри Бишкек Конфронси байналмилалии “Ибтикори фикрӣ дар раванди бедории исломӣ дар Осиёи Марказӣ” баргузор мешавад.
Ба гуфтаи Камил Маликов, яке аз ташаббускорони ин конфронс, ин ҳамоиш рӯзи 24 ноябр дар пойтахти Қирғизистон баргузор шуда, дар он тарҳи сулҳи пойдор дар партави омӯзишҳои исломӣ ва роҳҳои мубориза бо ҷараёнҳои ифротӣ баррасӣ мешавад.
Манбаъ мегӯяд, ба конфронси мазкур намояндагони баландпояи исломӣ ва коршиносон аз кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон, Русия, Чин, Эрон, Туркия, Покистон Афғонистон даъват шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки аз қабулгоҳи раиси Шӯрои Маркази исломии Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, аз баргузории чунин як конфронс хабар надоранд ва намедонанд, дар ин ҳамоиш ҷониби Тоҷикистонро кӣ намояндагӣ мекунад.
Баргузоркунандагони конфронси “Ибтикори фикрӣ дар раванди бедории исломӣ дар Осиёи Марказӣ” мегӯянд, ҳадаф аз барпо намудани ин ҳамоиш, иттиҳод ва кӯмак ба якдигар барои ғолиб омадан ба буҳрони идеологӣ, маънавӣ, иҷтимоию сиёсии ҷомеаи исломӣ дар Осиёи Марказӣ ва ҳифзи сулҳу суботи минтақа мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |