ВИДЕО: Кабирӣ мегӯяд, радикалҳо дар маҳфилҳои мазҳабии Осиёи Марказӣ пешсафанд

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) мегӯяд, ҳоло дар маҳфилҳои иҷтимоию мазҳабии Осиёи Марказӣ ташаббус дар дасти гуруҳҳои радикал мебошад.
Раҳбари ҲНИТ, ки дар Конфронси байналмилалии “Ибтикори фикрӣ дар раванди бедории исломӣ дар Осиёи Марказӣ” дар Бишкек дар ин бора ибрози назар мекард, гуфт, ҳоло дар Осиёи Марказӣ ташаббус дар самти давлатдорӣ дар дасти гуруҳҳои худкомаву дунявӣ мебошад. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ, ин чиз дар соҳаи иҷтимоию динӣ дар дасти гуруҳҳои радикалӣ қарор дорад.
Вале Муҳиддин Кабирӣ дар ин бобат Қирғизистон ва Тоҷикистонро дар бархе маврид истисно намуд. Кабирӣ аз раванди демократикунонӣ дар Қирғизистон истиқбол карда, ин кишварро як ҷазираи демократӣ дар Осиёи Марказӣ хондааст: “Бархе аз мусоҳибаҳои раисиҷумҳури вақти Қирғизистонро мехонам ва он метавонад, намунаи хубе барои кишварҳои минтақа бошад. Қирғизистон як ҷазираи демократӣ дар Осиёи Марказӣ ҳаст.”
Инчунин оқои Кабирӣ ба баргузоркунандагони ин ҳамоиш изҳори минатдорӣ карда, афзудааст: “Мо мусулмонон набояд аз арзишҳои худ дур ва аз истилоҳи “бедорӣ” ҳарос дошта бошем. Мо бояд, шарҳ диҳем, ки ҳамаи истилоҳот маънои дурусти худро дорад. Бедории исломӣ ҳамеша иқдомоти радикалӣ нест.”
Қодир Маликов, яке аз баргузоркунандагони ин ҳамоиш ва раҳбари Маркази таҳқиқоти “Дин, ҳуқуқ ва сиёсат” низ дар конфронси мазкур суханронӣ намуда, аз бозичаи дасти дигарон шудани мусулмонҳо нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, имрӯз мусулмонҳо абзори дасти гуруҳҳои сеюми мухталиф шудаанд, ки бояд ба хотири мубориза бо ин раванд, гирди ҳам омад: “Ин гуруҳҳо ба таври сунъӣ мусулмононро ба фирқаҳо, суннӣ ва шиа тақсим менамоянд, дар ҳоле, ки арзиш ва муқаддасоти ҳамаи пайравони дини Ислом якест.”
Конфронси байналмилалии “Ибтикори фикрӣ дар раванди бедории исломӣ дар Осиёи Марказӣ” рӯзи, 24 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш аз Тоҷикистон, Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси варзидаи тоҷик ва номзад ба мақоми президентӣ аз Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон дар интихоботи 6 ноябр, Бобоҷони Қайюм, узви Раёсати олии ҲНИТ, Абдуллоҳ Мукаммилов, узви Маҷмааи уламои ҲНИТ ва чанд тани дигар иштирок доштанд.
Бояд гуфт, дар конфронси мазкур интизор мерафт, Ҳоҷи Акбари Тураҷонзода, руҳонии саршиноси тоҷик низ ширкат намояд. Вале оқои Тураҷонзода аз сафар ба Бишкек худдорӣ кард. Ин рӯҳонии шинохтаи тоҷик рӯзи 23 ноябр дар суҳбат бо “Озодагон” хабари даъват шуданаш ба ин конфронси байналмилиро таъйид карда, дар шарҳи худдорияш аз иштирок дар ин конфронс гуфт: “Ба хотири ҷои дигар сафар карданам, ман бо ташкилкунандагон тамос гирифта аз эшон узрхоҳӣ кардам, ки ҳозир шуда наметавонам.”
Ба гуфтаи Кодир Маликов,, дар он тарҳи сулҳи пойдор дар партави омӯзишҳои исломӣ ва роҳҳои мубориза бо ҷараёнҳои ифротӣ ба баррасӣ гирифта шуданд. Ба ин ҳамоиш намояндагони баландпояи исломӣ ва коршиносон аз кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон, Русия, Чин, Эрон, Туркия, Покистон Афғонистон даъват шуда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |