Бахшҳо

Раиси Иттиҳоди мусулмонони Қазоқистон ба пуштибонии Гулнора Каримова бархест

Иттиҳоди мусулмонони Қазоқистон (ИМҚ) аз мақомоти кишвари худ хостааст, ба Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури Узбакистон ҳаққи паноҳандагии сиёсӣ диҳад.

Ба иттилои расонаҳои қазоқӣ, Мурод Телибеков, раиси ИМҚ бо ирсоли як нома ба унвони вазири умури хориҷии ин кишвар, аз ӯ хостааст, ки фавран ба Гулнора Каримова ҳаққи паноҳандагии кишварашро пешниҳод кунад. Ба гуфтаи Телибеков, ироаи паноҳандагии сиёсмии Қазоқистон ба духтари раисиҷумҳури Узбакистон қадами ҷадид дар стратегияи сиёсати хориҷии кишвараш маҳсуб мешавад: “Шояд ин иқдом ба раванди демократикунонӣ дар Осиёи Марказӣ низ саҳм гузорад.”

Раҳбари Иттиҳоди мусулмонони Қазоқистон ҳукумати феълии Узбакистонро зери бори танқид қарор дода, аз он ибрози таассуф намудааст, ки ин кишвар замоне пойтахти фарҳангии Осиёи марказӣ маҳсуб мешуд.

Гулнора Каримова духтари калонии Ислом Каримов, президенти Узбакистон аст. Гулнораро дар чанд соли қабл вориси аслии курсии падар медонистанд. Аммо чанд вақти ахир дар мавриди сардӣ миёни ӯ ва падараш сару садоҳои зиёде ҳаст. Ҳатто гуфта шуд, Ислом Каримов Гулнораро задааст. Ҳоло чаҳор шабакаи телевизионии марбут ба ӯ аз фаъолият боз монда, бархе аз ширкатҳои вобаста ба духтари раисиҷумҳури Узбакистон мавриди бозҷӯии мақомоти қудратии узбак қарор гирифтанд. Хонум Каримова ин овозаҳоро таъйид ва иқдоми мақомоти қудрати кишварашро ғайриқонунӣ унвон карда буд.

Мӯҳр
МУХОЧИР
ЯХЕЛ ДАВЛАТОИ ДИГАДАМ АМИХЕЛИ МЕШУД ИНШОАЛЛОХ БИСЁ ВАРИАНТИ ХУБ МЕШУДДД.....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)