Бахшҳо

Лола VS Гулнора. Баҳси ду духтари Каримов ба додгоҳ меравад?

Лола Каримова-Тиллоева, духтари дувуми Ислом Каримов гуфта, ки барои туҳматҳо нисбат ба ӯ ва шавҳараш – Темур Тиллоев апааш – Гулнораро ба додгоҳ мекашад.

Чанд моҳи ахир, Гулнора Каримова, духтари калонии президенти Узбакистон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, ба вижа Твиттер «дарди дил» мекунад ва дар баробари мақомоти амниятии кишвараш наздикони худро ҳам зери тозиёнаи танқид қарор медиҳад. Аз ҷумла, дар як навиштааш ӯ модар ва хоҳарашро дар он муттаҳам кард, ки пешравиҳояшро намехоҳанд. «Модарам ваъда дода буд, ки агар ба корҳои ӯ дахолат кунам, тамоми чизи марбут ба манро нобуд мекунад»,-навишта буд Гулнора.

Пас аз нашри рейтинги сарватмандтарин одамони Швейсария, ки маҷаллаи «Bilan»-и ин кишвар нашр кард, Гулнора Каримова навишт, ки дороиҳои Лола зиёдтар аз он аст, ки ин маҷалла нишон додаст. Ӯ хоҳарашро мултимиллионер гуфт.

Гулнора Каримоваро дар чанд соли қабл вориси аслии курсии Ислом Каримов, президенти Узбакистон, медонистанд. Аммо чанд вақти ахир дар мавриди сардӣ миёни ӯ ва падараш ҳам сару садоҳои зиёде ҳаст. Ҳатто гуфта шуд, Ислом Каримов Гулнораро задааст. Ҳоло чаҳор шабакаи телевизионии марбут ба ӯ аз фаъолият боз монда, бархе аз ширкатҳои вобаста ба духтари раисиҷумҳури Узбакистон мавриди бозҷӯии мақомоти қудратии узбак қарор гирифтанд. Хонум Каримова ин овозаҳоро таъйид ва иқдоми мақомоти қудрати кишварашро ғайриқонунӣ унвон карда буд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)