Посухи Додситонии кул ба шикояти вакилони Зайд Саидов

Маҳмурод Раҷабов
Прокуратураи генералии ҶТ пахши навори телевизонии парвандаи дувуми “таҷовуз”-и Саидов Зайд Шеровичро қобили қабул эълон кардааст. Он ҳама қонунвайронкунӣ ва бемантиқие, ки дар зимни пахши навор дида мешавад (поёнтар дар ин масъала хоҳем гуфт), гӯё буд ва гӯё набуд. Хулосаи як шаҳрванд баъд аз чунин посух ин мешавад, ки Прокуратураи генералӣ иҷрои қонунҳоро назорат мекунад ва ё поймол кардани онҳоро?
Шоми 30 октябр телевизионҳои давлатӣ гузоришеро пахш карданд, ки дар он аз қавли ноболиғ “Г.Е.” гуфта мешуд, Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускорони таъсиси ҳизби сиёсии “Тоҷикистони нав” ва соҳибкори муваффақ, ба номуси ин ноболиғ “таҷовуз” кардааст. Садои омиронаи ровии гузориш тарзе ба гӯш мерасид, ки гӯё Зайд Саидов кадом як “ҷинояткори махсусан хавфнок” аст. Бараъло рӯшан буд, ки ин гузориш на аз ҷониби кормандони телевизион таҳия шудааст, балки онро мақомоти манфиатдор бо ҳадафҳои якҷониба таҳия кардаанд.
Ин гузориш бо чунин ҷумлаи подарҳавои ғайрикасбии ҳуқуқӣ ва рӯзноманигорӣ, комилан якҷониба, ки хусусияти муттаҳам карданро дорад, оғоз мешавад: “Дар рафти тафтиши пешакии парванда, ҷабрдида “Г.Е.” нишон дод, ки Саидов Зайд Шерович тахминан миёнаҳои моҳи июни соли 2012 ӯро, ки ноболиғ мебошад ва ба синни 14 солагӣ нарасидааст, бо роҳи фиреби ӯ ба модараш шаҳрванди Федератсияи Русия “Г.Д.”, ки гӯё ба лагери пионерӣ мебарад, ба бўстонсарои худ воқеъ дар ноҳияи Варзоб оварда, бо истифода аз воситаҳои мадҳушкунандаи номаълум ба ҳолати оҷизона оварда, аз ин ҳолати вай истифода намуда, бар хилофи ирода ва бидуни хоҳишаш ба номусаш таҷовуз кардааст.”
Дар идомаи ин гузориш ҷумлаҳое баён мешаванд, ки Зайд Саидовро комилан ҷинояткор эълон мекунанд. Барои мисол яке аз ин ҷумлаҳо: “Зайд Саидов ҳолати оҷизонаи ноболиғи бараъло ба синни 14 солагӣ нарасида “Г.Е.”-ро, ки бино бар хурдсолиаш наметавонист ба кирдорҳои ҷинояткоронаи ӯ муқобилият нишон диҳад, истифода бурда, бо мақсади қонеъ намудани ҳиссиёти шаҳвонии худ, нисбати вай кирдорҳои хусусияти шаҳвонидоштаро ба анҷом расонид.”
Аз ҳама қисмати аҷоиби ин гузориш инҷост, ки ровӣ мегӯяд, “Ғайр аз ин ҳангоми гузаронидани амали тафтишотӣ барои шинохтан, пешниҳод намудани шахс ҷабрдидаи ноболиғ “Г.Е.” Зайд Саидовро ҳамчун шахсе, ки ба номуси ӯ “таҷовуз” кардааст, шинохт.” Баъд аз шунидани ин ҷумла аз куҷо бовар кунем, ки парвандаи Зайд Саидов холисона ва одилона сурат мегирад? Зеро шинохтани Зайд Саидов аҷиб нест, балки нашинохтани вай боварнакарданист.
Аммо якҷониба ва муғризона будани ин гузоришро ин нукта исбот кард, ки дар тамоми тӯли гузориш ҳатто як калима ҳам аз забони Зайд Саидов садо надод. Дурусттараш нагузоштанд, ки вай ҳарф занад, лоақал бигӯяд, ки ин иттиҳомро қабул надорад. “Говсуд”-и ҳақиқӣ. Ӯро муттаҳаму ҷинояткор эълон кардаанд, ҷабрдида нишондод дод, вале гумонбарро иҷозат надоданд, ки ҳатто як ҳарф баён кунад.
Адвокатҳои Зайд Саидов ба дунболи нашри ин гузориш ва вайрон гардидани талаботи моддаи 361 Кодекси Ҷиноятии ҶТ ба Прокуратураи генералии ҶТ муроҷиат карда буданд. Дар мактуби адвокатҳо омадааст: “Пахши ин навор дар ҳолест, ки тафтишоти ин қазия дар ҳоли оғоз қарор дошта, аз тарафи мақомоти тафтишоти пешакӣ нисбати зерҳимояамон Саидов З.Ш. ягон айб эълон карда нашудааст. Ин амалиётҳои тафтишотӣ қаблан дар бинои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар санаи 24 сентябри соли 2013 гузаронида шуда буданд. Ҳамзамон пеш аз оғоз намудани ин амалиёт мақомоти тафтишотӣ аз иштирокчиёни он, бахусус ҷониби ҳимоя тибқи талаботи моддаи 361 Кодекси ҷиноятии ҶТ дар бобати ҷавобгарии ҷиноятӣ барои “фош кардани маълумоти таҳқиқи ибтидоӣ ё тафтиши пешакӣ” огоҳ карда шуда, забонхатҳо гирифта шуда буданд.”
Аммо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия талаботи мазкурро дағалона вайрон намуда, маълумоти тафтиши пешакиро оммавӣ гардонидааст.
Прокуратураи генералӣ бошад, ин ҳамаро нодида мегирад. Дар посухи худ ба мактуби ҳимоятгарони Зайд Саидов муфаттиши Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералии ҶТ Узоқов Ҷ.Р навиштааст, ки: “... дар наворҳо масъалаи гунаҳкор будан ё набудани Саидов З.Ш. мавриди муҳокима қарор дода нашуда, балки нишондодҳои шахсони нисбати ӯ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ариза пешниҳод кардагӣ оварда шудаанд.”
Ёбеду гиред! Даъво ин аст, ки маълумоти тафтиши пешакӣ, ки бо талаби худи Агентии мубориза бо коррупсия махфӣ эълон шудаву боз ҳам аз ҷониби ҳамин ниҳод дағалона вайрон шудааст, вале Прокуратураи генералӣ инро нодида мегирад. Метавон тахмин кард, ки Агентии мубориза бо коррупсия ниҳоди нав аст, шояд ҳуқуқдонҳояш гаҳ-гаҳ ба иштибоҳ роҳ медиҳанд, вале чаро Прокуратураи генералӣ бо он ҳама потенсиали ҳуқуқиаш иштибоҳ мекунад? Ҳеч бовар кардан имкон надорад, ки ин иштибоҳҳо ва нодидагирифтанҳо барқасдона бошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |