Нигарониҳо аз баҳси тоҷикон дар бораи шиаву салафӣ дар Интернет

Дар олами маҷозӣ ё худ шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Фейсбук, бештар баҳсҳои мазҳабию динӣ майдондорӣ мекунанд. Ин баҳсҳо аксаран аз сӯи гуруҳҳои мухталиф сурат мегиранд, ки бархе аз онҳо аз равияи Шиа ва қисме аз Салафия пуштибонӣ мекунанд.
Ин баҳсҳо дар бисёр маврид муҳокимаҳои илмӣ набуда, ба таҳқиру дашном ва такфиру ихтисос додани якдигар ба гуруҳҳои ифротию экстремистӣ анҷом меёбад. Бобоҷони Қайюм, равоншиноси тоҷик мегӯяд, он чӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, баҳс нест, як ҷанги комилан гуфториву навишторӣ мебошад. Васоили баҳс истидлоли илмиву мантиқӣ мебошад ва васоили ҷанг таҳқиру такфир аст. Пас инҳоро метавон ба гунае ҷанги лафзӣ байни намояндагони ифротии мазоҳиб номид, на баҳси илмӣ. Баҳси илмӣ шароит ва васоили хосси худро металабад.
Аз сӯи дигар Аъзамшоҳи Қуқаншоҳ, коршиноси масоили сиёсӣ, мегӯяд, пушти ин баҳсҳо ҷонибҳои манфиатдор қарор доранд, ки мехоҳанд аз ин маворид истифода кунанд: Ин тундравиҳо ва бадгӯиҳо нисбат ба ин ё он мазҳаб фикр мекунам,об аз дарёи бегонагон мехурад, ки шояд душманони дин бошанд ва ба ин роҳ мехоҳанд мусулмононро гирифтори баҳсу ҷадалҳои кучаку ҷузъӣ намуда, худ болои онҳо салтанат ронанд.
Коршиносони тоҷик бар инанд, ки бозичаи дасти бархе кишварҳо ё ҷонибҳо қарор гирифтани баъзе аз ин гуруҳҳо низ хатари дигар аст. Зеро ҳар гуруҳ баъдан шояд талош кунад, ки барои ғалаба бар рақиби худ имконотро аз кишвар ё гуруҳе ба даст оварад. Дар ин сурат онҳо ба бозичаи он кишвар ё ҷониб табдил мешаванд,- таъкид дорад Бобоҷони Қайюм.
Бештари коршиносон ниҳояти ин равандро вахим арзёбӣ карда, мегӯянд, дар сурати идома ёфтани ин баҳсҳои тунд ба амнияти кишвар хатари бузург таҳдид менамояд. Абдулқодири Муҳаммадӣ, яке аз корбарони фаъоли шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз ин падида нигарон буда, бар ин аст, ки баҳсҳои тунд миёни гуруҳҳо оқибат ба даргириҳои шадид анҷом хоҳад ёфт: Вақтҳои охир пайдо шудани ҳаргуна гуруҳ ва равияҳо дар Тоҷикистон сабаби кашмакашҳои зиёд шудааст. Баҳсу муноқашаи пайравони ду гуруҳ Шиа ва Салафия хеле тезу тунд идома дорад, ки дар оянда ба даргириҳои сахт мепайвандад.
Ин ҷавони тоҷик илова мекунад, ки дар сурати бетаваҷҷуҳӣ ба ин раванд, ҳолати Тоҷикистон дар оянда аз нигоҳи амният ба Сурия табдил меёбад: Дар онҷо чи тавре мебинем, мусалмонҳо, Шиа ва Суннӣ бо худ меҷанганд, ки дар ин сурат, ҳукумат низ наметавонад муқобала кунад.
Бобоҷони Қайюм низ дар таъйиди гуфтаҳои оқои Муҳаммад, меафзояд, зарари баҳсҳои ин ду гуруҳ, ки бо мазҳаби бештари сокинони кишвар бегона аст, оқибат гиребони ҳамаи миллати тоҷикро низ гирифта, Тоҷикистонро аз нигоҳи амният ба кишваре ноором табдил хоҳад дод: Чунин баҳсҳо ба Ироқу Покистон ва ғайра табдил шудани Тоҷикистон аз нигоҳи амниятӣ ва оғоз шудани даргириҳои мазҳабӣ дар кишварро дар пай дорад.
Равоншиноси тоҷик иброз медорад, ки ингуна баҳсҳо" барои мардуми тоҷик ғайри қобили қабул аст ва аз он бояд канорагирӣ кард. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд пайравони мазҳаби Ҳанафӣ ба мисли дигар мазоҳиби чоргона тарафдори таҳаммулпазирӣ аст ва Ислом низ ба ҳамаи эътиқодоти мардум эҳтиром мегузорад, вале ба хотири омода набудани натанҳо ҷомеаи тоҷик, балки аксарияти ҷомеаҳои ҷаҳони сеюм ба шароити мусоламатомези мазҳабӣ бояд аз ин баҳсу ҷадал парҳез шавад.
Бобоҷони Қайюм раҳоӣ аз ин буҳронро танҳо дар таъсиси як ниҳоди муташаккил аз руҳониёни бонуфузи Тоҷикистон медонад:Роҳи дурурсти ҳалли ин мушкили ҷомеаи тоҷик метавонад, таъсис ёфтани як ниҳоди вижа аз сӯи уламои шинохта ва варзидаи кишвар бошад, ки дар он ҳамаи шахсиятҳои бонуфузи динии Тоҷикистон гирдиҳам ҷамъ шаванд.
Ба гуфтаи Аъзамшоҳи Қуқаншоҳ, ин баҳсу тундравиҳо дар ҳоле сурат мегиранд, ки ҷавонони тоҷик маълумоти ибтидоӣ дар бораи мазҳаби худ Ҳанафияро намегиранд ва ҳангоми тамошо кардани шабакаҳои телевизиони хориҷӣ ё шунидани суханҳои пешвоёни дигар равияҳо зуд таҳти таъсири онҳо қарор мегиранд. Ин коршиноси тоҷик мегӯяд, бояд барои наврасон аз сини мактабӣ таълимоти динӣ дар бораи мазҳаб ва расму оини худӣ дода шавад: Роҳи ягона ин аст, ки таълими мазҳабии бобогиро аз сини мактабӣ ба ҳар як навраси тоҷик омӯхта шавад, то ӯ бо таълим дар кишварҳои бегона зери таъсири андешаҳои бегона қарор нагирад. Мадрасаи диние, ки мо дар кишвар дорем, ҷавобгӯи талаботи кулли мардуми тоҷик нест. Илова бар ин, гирифтани таълимоти динӣ баъд аз сини 17 ё 18 солагӣ хеле дер мебошад, чун то ин замон дигар гуруҳу равияҳо барои ташвиқу тарғиби ақидаи худ пешдастӣ хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |