Бобоназарова: "Наметавонам ҳукумати таъсисшударо ҳукумати нав гӯям"

Эмомалӣ Раҳмон, ки дар интихоботи 6 ноябри соли ҷорӣ барои чаҳорум бор пирӯзӣ ба даст овард, баъд аз адои савгандаш ба ташкили ҳукумати нав оғоз намуд. Мақомот мегӯянд, 60 дарсади ҳукумат нав шуда, синни миёнаи мансабдорон аз 56 ба 52 поин оварда шудааст. “Озодагон” аз соҳибназарон пурсид, оё аъзои ҳукумати нав онҳоро қонеъ мекунад, ё не?
Исмоил РАҲМАТОВ, сиёсатшинос:
“Дар бораи аъзои ҳукумате, ки нав ташкил шуда, мутахассисони 52-53-сола ҳам ҳастанд, чизе гуфта наметавонам. Онҳо бояд корро шурӯъ кунанд, баъд метавон мавқеъгирӣ намуд. Пас аз 2 ё 3 моҳ метавонем бигӯем, ки ин ҳукумат чӣ кор карда метавонаду вазирону раисон ба чӣ қодиранд. Фаъолияти кории онҳо ба фасли сармо рост омад. Ҳамин се моҳи аввал метавонад, натиҷаи фаъолияти минбаъдаи онҳо бошад. Акнун мо мебинем, ки вазири ҷадиди барқу об ба чӣ қодиранд. Фаъолияти ҳукумати тозатаъсис то баҳор алакай комилан ошкор мешавад.”
Ойниҳол БОБОНАЗАРОВА, ҳуқуқдон:
“Ин ҳукуматро, ки таъсис дода шуд, ҳукумати нав ҳам гуфта намешавад. Чунки дар он тақрибан ягон чеҳраи нав нест. Тамоми онҳо аз як мансаб ба мансаби дигар гузаштанд. Ман ягон мутахассиси навро намебинам. Ҳукумати ҷадид он вақте мегӯянд, ки дар он кадрҳои ҷадид ва ҷавон бо диди нав ворид шавад. Аммо ин ҳукумати феълӣ ҳукумати қаблие ҳаст, ки дар интихобот муваффақ нашуданд. Ман ҳоло чизе гуфта наметавонам, вале ба ҳар сурат ба фикри ман фаъолияти ин ҳукумат ҳам ба монанди ҳукумати қаблӣ мешавад. Бо иваз шудани чанд насаб ман наметавонам бигӯям, ки ҳукумати мо дигар шуд.”
Абдуқаюми ҚАЮМЗОД, журналист:
“Ҳукумат ба фаъолияти худ шурӯъ кард ва қобили дастгирӣ ҳаст, ки баъзе аз кадрҳои ҷавон дар ҳукумати навбатӣ ҷамъ шуданд. Дар умум, пешрафт ва рушди ҳукумати Тоҷикистон бештар аз раиси ҳукумати кишвар вобастагӣ дорад. То ҷое медонем, ҳама руасову вузарои мо ҳеч масъаларо дар танҳоӣ ҳал намекунанд. Онҳо бидуни иҷоза ва ё ишора аз боло ба коре даст намезананд. Албатта, дар бисёр маврид ин аз шахсияти руасову вазирон ҳам вобаста ҳаст, ки то куҷо онҳо метавонанд раисиҷумҳурро барои тағйироте мутақоид созанд. Аммо мо медонем, ки вузарову раисони мо на барои манфиати ҷомеа, балки бештар барои розӣ кардани раисиҷумҳур фаъолият мекунанд. Ман зиёд хушбин нестам, ки раисону вазирони мо тавонанд дар ин марҳила коре ва ё ақидаи худро татбиқ намоянд. Баъзе кадрҳое дар ҳукумат омаданд, ки дар ҳамон бахши таъиншудаашон соате кор накардаанд то ин замон. Ба сифати далел аз ҳамин вазири ҷадиди молия метавонем мисол орем. Бо ин гуна меъёрҳои интихоби кадрҳо натиҷаи мусбатро интизор шуданд номумкин аст.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | 31 | |