Президент аз «бонкирҳо» талаб кард, мукофотпулиҳоро баргардонанд
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон сардори раёсати Бонки марказӣ ва раҳбарони дигар муассисаҳои қарзию молиявии кишварашро танбеҳ додааст.
Бино ба иттилои нашрияи «Туркменистан: золотой век», дар ҷаласаи васеи кабинаи вазирони Туркманистон Бердимуҳаммадов кормандони ниҳодҳои бонкиро барои ғаримақсаднок истифода кардани маблағҳо танқид кардааст. Ӯ аз ҷумла ба «ихтисоси маблағҳои зиёд барои раҳбарон ва муовинҳои бонкҳо ба сифати мукофотпулӣ» ишора кардааст.
Президенти Туркманистон бо имзои даҳҳо амр дар бораи танбеҳ додани раҳбарони муассисаҳои молиявӣ баргардонидани тамоми мукофотпулиҳои қаблан гирифтаи «бонкирҳо»-ро талаб кардааст.
Ба иттилои расонаҳо, раиси Бонки марказӣ, раҳбарони бонкҳои «Туркманистон», Бонки давлатии рушд, «Халқбонк», «Дайханбонк», «Туркманбошӣ» аз ҷумлаи танбеҳгирифтаҳоянд.
Дар Туркманистон қариб ҳамаи бонкҳо давлатӣ ҳастанд ва танҳо бонки «Рисгал» ғаридавлатист, ки аз ҷониби Иттиҳоди саноатҷиён ва соҳибкорон таъсис ёфтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |