Ваъдаи ҳукумат барои ихтисоси $100 миллион барои рушди соҳибкории хусусӣ
Вазорати молияи Туркманистон аз ҳисоби Сандуқи тавсеа барои рушди бахши соҳибкории хусусӣ ба Бонки давлатии рушд 300 миллион манат, муодили беш аз 100 миллион доллар ихтисос медиҳад.
Turkmenistan.ru менависад, бонки давлатӣ ин маболиғро ба сифати қарзи бидуни фоиз ба бонки тиҷоратии “Рисгал” медиҳад.
Чунин тасмим дар ҷаласаи ҳукумати Туркманистон гирифта шуда, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури ин кишвар зери қарори дахлдор имзо гузоштааст. Ба иттилои манбаъ маблағи мазкур “бо мақсади таъсиси рақобатпазирии бозори иқтисодӣ, рушди кишоварзӣ ва саноат, ҳамчунин бунёди ҷойҳои нави кор ҷудо мегардад”.
Дар санади имзокардаи президент гуфта шудааст, ки “Рисгал” аз маблағҳои мазкур ба аъзои Иттиҳоди саноатчиён ва соҳибкорон қарзҳо бо фоизи на бештар аз 1 дар сади солона медиҳад. Маблағҳо бояд барои тарҳҳои рушди саноат, чорводорӣ, паррандапарварӣ ва маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ масраф шаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |