Ёдоварӣ ва маҳкуми "Рӯзи сиёҳ" дар Афғонистон

Маҷлиси санои Афғонистон бо пахши як иттилоия бори дигар аз нахустин рӯзи ҳамлаи Иттиҳоди Шӯравӣ ба хоки ин кишвар ё худ “Рӯзи сиёҳ” ёдоварӣ карда, онро маҳкум кард.
Дар ин иттилоияи Маҷлиси санои Афғонистон, аз ҷумла омадааст, ки ин “таҷовуз”-и артиши Шӯравӣ ба мардуми афғон хисорот ва осебҳои зиёд расонида, ин миллатро зери зарбаҳои сангин қарор додааст. Вале ба навиштаи маҷлиси мазкур, сокинони ин кишвар дар баробари ин ҳама неруи артиши Иттиҳоди Шӯравӣ истодагарӣ ва то ҳадде муқовимат кардаанд, ки ин иттиҳод дар минтақа ба нобудӣ рӯбарӯ шуд. Инчунин дар он аз мардуми Афғонистон даъват ва дархост шудааст, ки дар арсаи ҳифзи осори таърихӣ, бозсозӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдат дар ин кишвар талош кунанд.
Ҳамлаи Шуравӣ ба Афғонистон рӯзи 27 декабри соли 1979 сурат гирифта, ҳамасола аз ин сана ҳамчун “Рӯзи сиёҳ” ёдоварӣ мешавад. Зеро маҳз дар ҳамин рӯз, дақиқтараш 34 соли пеш неруҳои Шӯравӣ ошкоро ба хоки Афғонистон ҳамла овардааст, ки он ин кишварро ба як ҷанги доманадор, ки то имрӯз идома дорад, гирифтор кард. Ҳамарӯза ҳазорон мардуми ин сарзамин аз дасти худиву бегона кушта мешаванду хонаву шаҳрҳо валангор мегарданд. Ин аст, ягона омили бадбахтӣ дар Афғонистонро ҳамлаи Шуравӣ бар ин кишвар медонанд. Аксари коршиносон мегӯянд, ки ҳамини “таҷовуз” сабаб шуд ки Афғонистон дар бахшҳоии сиёсӣ , иқтисодӣ ва иҷтимоии бо осебҳои ҷиддӣ рӯбарӯ шавад ва замина барои мудохилаи кишвари ҳамсоя ва ҷавлонгаҳи бароварди хостаҳои қудратҳои олам гардад.
Дар ин ҷанг Шуравӣ беш аз 13 800 нафар аскари кушта ва даҳҳо ҳазори дигар захмиву маъюб бар ҷо гузошт. Ва ба қавли бархе аз сиёсатмардон маҳз сабаби суқути ин кишвари бузург ҳам ҳамин аст. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо сарварии Ҷорҷ Буши хурдӣ бо ливои мубориза алайҳи тероризм соли 2001 амалиёти «Озодии пойдор»- дар ин кишвар шуруъ кард, то оромиву сулҳои ба ин кишвар боз орад. Инак 13 сол аст, ки Амрико ҳамроҳ бо нируҳои НАТО дар ин кишвар қарор дорад ва имсол дар назар аст, ки нируҳои худро аз он берун кунанд, аммо боз бо додани ҳазорон куштаву миллиардҳо долар масраф ҳеч натавонистааст, сулҳу истиқрорро барқарор кунанд.
Дар ҳар сурат аз ҳама бештар дар ин ҷангҳову “таҷовузҳо” маҳз мардуми бумии он зарар дидаанд. Миллионҳо кушта, миллионҳои дигар сарсону саргардону муҳоҷир. Худи кишвар бошад майдони ҳамешагии баҳсу кашмакаши қудратҳо боқӣ мондааст. Чи хоҳад шуд? Суолест, ки имрӯз онро тамоми сиёсатмадорону коршиносони ин ё он кишвар медиҳанд. Бархе аз қудратҳо бошанд инро ҳамчун фишанге барои хостаҳои сиёсии хеш сари даст доранду ин ё он ҳамсоякишвари Афғонистон ба хусус Тоҷикистонро аз рафтани Амрикову омад омади Толибон метарсонанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |