Парванда алайҳи директори мактаб барои ҷамъоварии маблағ аз волидон
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон алайҳи Ҳомидҷонова Мавлуда Муҳаммадҷоновна, собиқ директори мактаби миёнаи №42-и ноҳияи Фирдавсӣ барои ҷамъоварии ғайриқонунии маблағ аз волидони хонандагон ва исрофкорӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод Ҳомидҷонова Мавлуда, ки аз 7-уми сентябри соли 2012 то моҳи июни соли равон роҳбарии мактаби рақами 42-и ноҳияи Фирдавсиро ба уҳда дошт, бо маслиҳати пешакӣ бо хоҳар ва шахсони зертобеаш, маблағи 416 ҳазору 892 сомонӣ аз ҳисоби дарсҳои иловагӣ аз волидайни хонандагон ҷамъовардашударо бо роҳи исрофкорӣ аз худ намудааст.
Аммо Мавлуда Ҳомидовна дар суҳбат бо "Озодагон" ҳамаи иттиҳомоти Оҷонсии зидди фасодро "туҳмат" хонда, таъкид намуд, ки маблағҳоро хазинадор аз худ кардааст. Ӯ ваъда дод, ки зимни як суҳбати рӯ ба рӯ ҷузъиёти воқеаро шарҳ хоҳад дод.
Оҷонсии мубориза бо фасод мегӯяд, тафтишоти пешакӣ алайҳи Ҳомидҷонова ва хоҳараш барои ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ дошта идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |