Парванда алайҳи масъули ситорашиносии Академияи улум
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон алайҳи мудири гурӯҳи ситораҳои тағйирёбандаи Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Академияи улуми Тоҷикистон, Миниқулов Насриддин Худойбердиевич парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст.
Ба иттилои манбаъ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ва санҷиши кор дар Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон муайян карда шуд, ки дар давраи солҳои 2011-2013 Миниқулов Насриддин Худойбердиевич аз ваколатҳои мансабии худ суистифода намуда, маблағҳои барои таъмири Расадхонаҳои ноҳияҳои Данғара ва Ҳисор вобасташударо, ки 108 ҳазору 432,8 сомониро ташкил медиҳад, азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Оҷонсии фасод мегӯяд, парванда алайҳи Миниқулов моҳи ноябри соли 2013 оғоз гардида, айни ҳол мавриди тафтиш қарор дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |