Як моҳи боздошту шиканҷа ба ҷои писараммаи Рустами “Хаммер”

Баҳодур Шарифов, як сокини ноҳияи Фархори вилояти Хатлон танҳо барои он ки ҳамному насаб ва ҳамсоли писараммаи Рустам Ҳайитов, мулаққаб ба “Хаммер”, раҳбари як гурӯҳи ҷиноӣ будааст, як моҳи худро дар боздошт сипарӣ кардааст. Ин ҳодиса ду соли қабл иттифоқ уфтода, вале баъд аз боздошти Баҳодур Шарифови гумонбар, писараммаи Рустами “Хаммер” рӯи об баромад.
Абдураҳмон Шарифов, падари Баҳодур, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҳанӯз моҳи октябри соли 2012 писари ӯро ҳангоми аз Русия омадан дар марзи Қазоқистон боздошт кардаанд. “Вақте бо қатор аз Русия меомадем, писари маро дар Қазоқистон аз қатор фароварданду гуфтанд, ки дар ҷустуҷӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҳаст. Писарамро аз қатор берун карданд, ҳарчанд хостам бо онҳо равам, аммо иҷозат надоданд. Ба Ватан баргаштаму тӯли як моҳ даводав кардам, бароямон маълум гашт, ки як нафар бо гумони содир намудани ҷиноят дар ҷустуҷӯ буда, ҳамному насаб, аз як ноҳия ва ҳамсоли писари ман будааст”,-нақл кард Абдураҳмон Шарифов.
Ба гуфтаи ӯ, “Баҳодур Шарифови гумонбар ва писари ман, ки ӯ ҳам Баҳодур Шарифов асту ҳарду аз ноҳияи Фархори вилояти Хатлон мебошанд, дар як сол таваллуд шудаанд. Танҳо номи падар ва зодрӯзашон мувофиқат намекунаду бас.” Баҳодур Шарифови ҷабрдида аз 12 октябр то 9 ноябри соли 2012 дар боздоштгоҳи муваққатии Қазоқистон нигоҳ дошта шудааст. Падари Баҳодур мегӯяд, “писарамро дар боздоштгоҳ латту кӯб кардаанд, то қоил шавад, ки ҷинояткор худи ӯст. Барои озод намудани писарам беш аз 3 ҳазор доллар сарф кардам. Он маблағе, ки дар муҳоҷират ҳамроҳ ҷамъ карда будем, барои озод намудани ӯ харҷ намудем.”
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон 20 декабри соли 2013 Баҳодур Шарифови 27-соларо, ки писараммаи Рустам Ҳайитов ё Рустами “Хаммер” буда, ҳангоми боздошти дувумӣ гӯиё фирор кардааст, дастгир намуданд. Ҳайитов, ки ба ҳайси раҳбари як гурӯҳи ҷиноӣ муаррифӣ мешавад, ҳанӯз моҳи августи соли 2012 ба 24 соли зиндон маҳкум шуда буд.
Мақомот гуфтанд, Баҳодур Шарифов барои ҳамдастӣ бо Рустам Ҳайитов муттаҳам мешавад. Аммо Мавлудҷон Салихов, вакили мудофеи Баҳодур Шарифов, ба “Озодагон” гуфта буд, нафари таҳти ҳимояташ дар ҷиноятҳои Ҳайитов шарик набуда, худро бегуноҳ донистааст. “Айни ҳол Баҳодур Шарифови гумонбар дар боздоштгоҳи муваққат қарор дошта, тафтишот алайҳи ӯ оғоз гардидааст”-афзуд Мавлудҷон Салихов. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |