Қалён - эпидемияи нав дар Қазоқистон
Дар пайи як пажуҳиш, ки дар чорчуби барномаи “Алмаато бидуни тамоку” анҷом гирифт, маълум гардидааст, ки дар Қазоқистон ҳаводорони қалён дар ҳоли афзоиш будааст.
Торнамои Tengrinews.kz менависад, ин пажуҳиш 2100 хонандаи синфҳои 6-9-и мактабҳои миёнаро фаро гирифта ва 13 дар сади онҳо гуфтаанд, ҳади аққал як маротиба қалён кашидаанд. Нуҳ дар сади пурсидашудаҳо иқрор кардаанд, ки ҳади аққал як бор сигор дуд додаанд. Сини миёнаи аввалин кушиши истифодаи қалён 12 будааст.
71 фисад изҳор доштаанд, ки дар оянда хоҳиши даст кашидан аз истифодаи қалёнро надоранд. 82 дар сад дар як соли ахир ҳатто талоши даст кашидан аз онро накардаанд. Ин дар ҳолест, ки бештари наврасоне, ки сигор мекашанд, изҳор доштаанд, мехоҳанд аз он даст бикашанд ва дар 12 моҳи ахир барои ин кушишҳое ҳам кардаанд.
Эътилофи миллии “Барои Қазоқистони озод аз дуди тамоку!” аз вакилони парлумон хостааст, барои комилан манъ кардани муомилоти тамоку барои қалён дар Қазоқистон тасмим бигиранд. Эътилоф қалёнро навъи ҷадиди эпидемия дар Қазоқистон номидааст. Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |