“Тоҷик Эйр”: Нуқсони МА-60, 622 тобути муҳоҷир ва зиёни депортшудагон (ВИДЕО)
Фирӯз Ҳамроев, раиси ширкати “Тоҷик Эйр”, дар нишасти хабарии 28 январ дар Душанбе аз мушкилоти ҳавопаймои МА-60, ифтитоҳи хатсайрҳои нав ва садҳо ҳазор доллар зиён аз депорти муҳоҷирон суҳбат кард.
Ҳамроев гуфт, қаблан ният доштанд, ду ҳавопаймои МА 60-ро харидорӣ мекунанд, аммо баъд аз он ки чархҳои тайёраи якуми МА-60-и чинӣ ғайричашмдошт дар ҷои исташ ҷамъ шуданд, дар онҳо шубҳа пайдо гардид. “Баъд аз ифшои баъзе нуқсон акнун фикр дорем, ки тайёраи дуюми МА-60-ро бихарем, ё не”,-афзуд Ҳамроев.
Раиси “Тоҷик Эйр” таъкид намуд, МА-60-и харидоришуда дар соли 2014 умуман дар Тоҷикистон истифода нахоҳад шуд, зеро, ба гуфтаи ӯ, тибқи шартнома ин тайёраро дар ихтиёри Афғонистон гузоштаанд. Ӯ таъкид кард, мусофирон зимни парвозҳо ба тайёраҳои “Боинг” авлавият медиҳанд: “Масалан МА 60-то Бишкек давоми 3 соат парвоз мекард, дар ҳоле ки Боинг дар як соат мерасад.”
Икром Мавлонов, муовини директори генералӣ оид ба иқтисодиёт ва муносибатҳои байналмилалии “Тоҷик Эйр”, низ дар ин нишасти хабарӣ сӯҳбат карда ва гуфт, аз ҳисоби афзоиши депортшудаҳо дар соли гузашта зиёни бештар дидаанд. “Онҳоеро, ки аз фурудгоҳи Русия баргардонанд, мо ройгон бозпас ба Ватан овардем ва аз ин ҳисоб 350 ҳазор доллар зарар дидем”,-гуфт ӯ.
Неъматулло Соҳибов, ёвари раиси ширкат, низ афзуд, соли гузашта 622 тобути муҳоҷири тоҷикро ройгон ба Ватан овардаанд. Ӯ таъкид намуд, интиқоли ҷасади шаҳрвандони Тоҷикистон тибқи дастури ҳукумати кишвар бе пардохти маблағ сурат мегирад. Масъулони “Тоҷик Эйр” инчунин гуфтанд, ки ба далели зараровар буданаш парвозҳо аз Душанбе ба Самараву Бокуро қатъ кардаанд. Онҳо афзуданд, дар соли равон хатсайрҳои навро дар самти Душанбе-Гуанҷоу, Душанбе-Пекин ва Душанбе-Кобул-Исломобод-Душанбе ба роҳ хоҳанд монд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |