Бахшҳо

Ричард Ҷонсро бо Эмомалӣ Раҳмон шинос карданд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 28-уми январ, дар доираи мулоқот бо мудири Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба Осиёи Марказӣ, Масару Хонма, инчунин бо намояндаи нави доимии ин Бонк дар Тоҷикистон Ричард Ҷонс, шинос шудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни мулоқот бо намояндагони БАТР зикр гардид, ки тайи солҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва ин бонк ба маблағи умумии 400 миллион доллари амрикоӣ созишномаҳо ба имзо расидаанд: “Ҳоло 7 лоиҳаи муштараки сармоягузорӣ амалӣ мегардад, маблағи умумии онҳо беш аз 112 миллион доллари амрикоӣ мебошад.”

Ба иттилои манбаъ ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки минбаъд имкон дорад, дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, роҳсозӣ, кишоварзӣ ва коркарди саноатии маҳсулоти ин соҳа, обрасонӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва ғайра ҳамкорӣ густариш ёбад.

Ричард Ҷонс, намояндаи нави доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон баъди муаррифияш ба Эмомалӣ Раҳмон ба хабарнигорон гуфт, назару баҳогузории Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону БАТР ӯро барои тавсеаи ҳамкориҳо ҳавасманд намуд. То ҳол ба ҳайси намояндаи доимии БАТР дар Тоҷикистон Улф Ҳинстрон ифои вазифа мекард.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)