Бахшҳо
29 янв 2014 15:00Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Собиқ масъули IRS: "Тамоми роҳҳо пулакӣ шаванд, хуб аст"

Рустам Абдуллоев, ноиби раиси Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи “Душанбе-Чаноқ”, мегӯяд, беҳтар аст, ҳукумати Тоҷикистон тамоми роҳҳоро пулакӣ кунад ва аз ин нафъ хоҳад диду зиён на. Оқои Абдуллоев ин ҳарфҳоро рӯзи 29 январи соли ҷорӣ дар ҷараёни як нишасти хабарӣ дар Душанбе баён дошт.

Ӯ таъкид кард, агар нигаҳдории роҳи “Душанбе-Чаноқ” ба ихтиёри ширкати IRS гузошта намешуд, иқтисоди кишвар зиён медид. Абдуллоев, ки дар гузашта ба ҳайси мудири фаннии ширкати IRS (Инноватив Роуд Солюшнз) кор кардааст, гуфт, "ҳоло дар тамоми дунё нигоҳдории пулакии роҳҳо вуҷуд дорад ва чунин амал барои беҳтар нигоҳ доштани роҳҳо мусоидат менамояд."

“Фаъолияти сесолаи ширкати IRS нишон дод, ки ин ширкат фаъолияташро хеле хуб ба роҳ мондааст. Раҳмат ба ширкати IRS, ки омада ҳамин роҳи моро нигаҳдорӣ мекунад”,-афзуд ӯ. Ба қавли Рустам Абдуллоев, яке аз сабабҳои вайрон шудани роҳҳои дар ихтиёри IRS гузошташуда, ин гузаштани мошинҳои вазнин аз ин роҳ мебошад. Номбурда мегӯяд, "роҳ барои мошинҳои вазнашон то 40 тонна сохта шудааст, аммо мошинҳои аз 40 тонна боло гузашта роҳро вайрон мекунанд."

Ширкати Innovative Road Solutions (IRS), ки дар ҷазираҳои Вирҷиния сабт шудааст, нигоҳдории шоҳроҳи Душанбе - Чаноқро ба ӯҳда дорад. Ин ширкат фаъолияташро дар Тоҷикистон аз соли 2009 оғоз намуда, ҳукумати Тоҷикистон ба он сабукиҳои зиёдеро қоил шудааст. Қаблан, расонаҳо ин ширкатро ба муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон ва домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон, Ҷамолиддин Нуралиев, мансуб медонистанд, аммо худи Нуралиев ин иддаоро рад карда, таъкид намуд, ки соҳиби IRS нест ва ҳеч робитае бо ин ширкат ҳам надорад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ронанда
Ин гапи шумо дурустаст. Вале медонед, ки агар хама роххо пулаки шавад хамон пул ба хамон рох сарф мешавад ё ба фоидаи ширкати дигар кас мегузара??? Мисоли одди баъди тармин рохи Душанбе-Хучандро пулаки карданд баъд чи шуд... Авал рохбанди буд дар фасли зимистон холохам ин ходиса хаст...

Musofir
Akai Abdulloev "ҳоло дар тамоми дунё нигоҳдории пулакии роҳҳо вуҷуд дорад gapat rost neki bo rohi alternativi guftani gap hast baroi halki kambagal halki bechora fakat da azobai izo namekashen aibai

хама медонаки пулаки шава барои шумо хуб аст неки шумо факат фикри хутона мекунену фикри мардуми камбагала не хамара пулаки кунен мо дига ай хонохомон баромада натонем

тамоми дуне пулаки аст рост морам налог барои мошин месупорем хаму барои чияй ки бо инуш намерасид камтар фикр кунен чомеаи мо ба ин рост намеояд зиндагиро мачбур бурдестиян хами мардуми мо

“Рох пулаки шавад ба манфиати хукумат аст”. Албатта ба манфиати Хукумат аст бо хаёлтон ба фоидаи ахолии осоишта аст? Шумо танхо худро фикр мекунед. Хамин рохи таърифитон дар падёмош чойи чарххои мошин шиштагияй. Ин аз сабаби бо бори вазнин баромадани мошинхост. Кани бори чанд мошинро, ки вазнин буд фаровардед? Бас аст дуруггуи. Дар Точикистон кор набоша маоши каноатбахш набоша аз кучо пули рох медихем? Дар рох пул те шахр ворид шав дар камера пул дех, ки чаримахои осомони доред мардум чи тавр зиндаги кунад? 500 сомон маош метие то ин моха хазор сомон карздор мешем... Як гапро аник мегуям ки зиндаги кардан дар Точикистони сохибистиклол руз аз руз душвор шуда истодааст!!!

Илохо мардуми точикро худат кумак кун.
Бовар кунед хаминаш намерасид. танхо фикри худашон.
шарм нокарда мегуянд ба хукумат фойда дорад. магар ягон пешниход кардаед ки гуфта бошед ба фойдаи мардум аст???
ба хотири зиндаги кардан дар точикистон хам сари одам налог кунед хубтар мешавад чаро ки худатон танхо мемонед!!

Саид
Гург чупон шудаастРонанда,

32
Охир чихел фойда будаст? вакте ки маоши мардум 500с аз кучо гирад мардум пулро? Вакте ки худатба тенч боши, мардум хама ба кор таъмин бошад <базара нет> пулаки кун! Лекин "КУРПАТБА НИГОХ,КУН"

dadojon
на шарму на хае на инсофу одамгари намонда - хама ба доллар фурухта шуда!!
кани рохи алтернативи?
ки медонад ки пули чамъшуда дар кадом счети банки аст?
чанд хонаву мошин харида шудааст аз он пул??

ронанда
Зиён хукумат намебинад зиён халки бечора мебинад савол :халки бечорада ту худат ягон фоида оварди ки бо дигарора маслихат додести.

намедом ин ширкат ба мардуми бечора чи фоида овардабошад ки хукумати ЧТ ин ширкати пул хурро 25 сол аз андози давлати озод кардаст.

33
агар хамаи шумо лаънат хонед ба хамин гуна шахсоне ки ба зарари мардуми камбагал карору лоиха мебароран иншоолох хеч чиз намешавад безор шудум аз хамин гуна конунхои пуч

налоги роха метан бас нес рохи бепул амачода АСТ да катори пулаки бад ки ба кадом Рох мерад хдш интихоб мекнад чопш кне

Дуруст лекин нархи тарозу бе хад балад баъд яко ё дуто мешуд хафто ин як беинсофи нисбати мардуми точикистон ва вилояти сугд .боз иззо накашида чунин гапхоро мезанед аз худованд тарсед

Вой бар холи миллату ватандори.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)