Бахшҳо
31 янв 2014 10:38Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Дастури Раҳмон ба вазири нав дар мавриди “Тоҷикатлас”-и баҳсӣ

Шавкат Бобоев, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, аз қатъи фаъолияти 113 корхонаи саноатӣ дар соли гузашта хабар дода, инчунин, аз фаъолияти “Тоҷикатлас” интиқод кард. Бобоев рӯзи 31 январ дар сӯҳбати рӯбарӯ бо хабарнигорон дар шарҳи аз кор мондани 113 корхонаи саноатӣ дар соли гузашта гуфт, аксарашон ба далели мушкили молӣ фаъолияташонро қатъ кардаанд.

“Баъзеҳо аз бонк қарздор буданд ва саривақт натавонистанд, онро баргардонанд. Қисми дигар пойбанди маҳсулоти хориҷӣ шуданд ва бархе бо технологияи кӯҳна фаъолият карда, ба таҷҳизоти муосир дастрасӣ надоштанд”,-афзуд вазир.

Ҷаноби Бобоев инчунин аз кори заифи “Тоҷикатлас” ва “Хуҷандатлас” интиқод намуд. Ӯ афзуд, дар ҷаласаи ахири ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз фаъолияти сусти “Тоҷикатлас” интиқод карда, барои ҷоннок намудани кори он супориш додааст. Вазир таъкид кард, дар ин корхона дар гузашта корҳои ғайриқонунӣ сурат мегирифтаанд, аз ҷумла ҳангоми хусусигардонияш ва афзуд, “мо ҳамаро таҳлил карда, барои густариши фаъолияти “Тоҷикатлас” чораҷӯӣ мекунем.”

Ин дар ҳолест, ки Оҷонсии зидди фасод, Зайд Саидов -- соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндонро дар кашида гирифтани “Тоҷикатлас” аз соҳибкор Низомхон Ҷӯраев муттаҳам мекард. Оҷонсии зидди фасод Зайд Саидовро дар он муттаҳам мекард, ки ҳангоми вазирияш корхонаи “Тоҷикатлас”-ро бо сӯистифода аз мавқеяш аз Низомхон Ҷӯраев кашида гирифтааст. Аммо Дилшод Раҳимов, бародарзодаи Зайд дар додгоҳ шоҳидӣ дод, ки “Тоҷикатлас”-ро ӯ харидааст, на Зайд Саидов.

Ба иттилои мақомот, ин корхона ахиран ба шаҳрванди Эрон Алиасғари Шеърдӯст фурӯхта шудааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Точик
О дар чои корхонаи "Точикатлас", "Хонаи Ирон" сохтанд ку?

а
Точикатлас ширкати хусуси аст. Намефахмам чаро вазорати саноат барои чоннок шудани он чора мечуида аст.

Собик коргари ТА
Мисли ин ки ин вазир намедонад дар саноъати Точикистон чи хабар аст. аввалан Точик Атлас аз солхои 1995 кораш маъни надошт ва комилан муфлис шуда буд. ин корхонаро Низомхон Чураев солхои 2005 харида буд. соли 2007 ба Дилшод Рахимов фурухта буд (дар ин хангом Зайд Саидов дигар вазир набуд!!!). Дилшод Рахимов (чияни зайд Саидов) бошад ба Окушев (Казок) фурухта буд. Окушев бошад ба сафири Эрон Шеърдуст фурухта буд ва Шеърдуст бошад ин корхонаро комилан хароб карда дар чояш "Хонаи Эрон" сохта буданд, ки дар кушодашавиаш Махмуди Ахмадинажод иштирок карда буд.
Ин чи навъ давлатдори аст, ки на президент намедонад ва на вазираш ки корхонае ки ду сармоягузори хоричи харидаанд ва куллан аз байн рафтааст дар чи холе карор дорад?!
мухтарам вазир бо фареб додани президент саноъат пеш намеравад, лутфан ба чаноби ъоли фахмонед ки истехсоли атлас дар Точикистон аслан гайри имкон аст ва аз назари тичорат хеч ракобате наметавонад кунад бо молхои Хитой ки 10 баробар арзонтар аз атласи Точикистон ворид мешавад. Хатто атласи Узбекистони хамсоя то 7-8 баробар арзонтар аз атласи Точикистон ворид мешавад.
Шумо мухтарам вазир бисёр хохиш кам кам хакикатро ба Чаноби Ъоли гуед. Харчанд имкон надорад ки у аз ин вазъият хабар наошта бошад...

чалласавод
Ачаб мантике?! Ин 113 корхонаро чанобато кушода буд ба эътимоли хеле зиёд, вале вакти кушодани онхо мардумро фиреб кардед херо ин корхонахо хеч барномаву заминаи фаъолифт надоштанд ва барои кур кардани чашми марудм онхоро хамчун корхонаи нав ба кайд гирифтед вале холо худатон ба чохи кандаатон афтодаед. агар дар ягон давлат дар як сол 113 корхона он хам саноати аз кор монад ин катастрофа ва ъэлони вазъияти фавкулодда неки бо осони шумо мегуед ки дар соли гузашта 113 корхона аз кор монд. оё вокеан ин корхонахо вучуд доштанд?

аба
Вазорат хаст корхона нест теорема.е аксиома

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)