Бахшҳо

Азсаргирии кори фурудгоҳ дар пайи сардиҳо ва норозигии мусофирон (АКСУ ВИДЕО)

Кори фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, ки дар пайи сардии ҳаво мутаваққиф шуда буд, баъд аз зӯҳри 3 феврал аз сар гирифта шуд. Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳи байналмилалӣ, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳоло фурудгоҳ барои қабулу гусели ҳавопаймоҳо омода аст ва то кунун парвозҳо аз пойтахти Тоҷикистон ба самти Маскаву Самара ва Сургут анҷом шудааст.

Ин дар ҳолест, ки фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар пайи барфрезии шадид парвозу нишасти ҳавопаймоҳоро аз бегоҳи 2 феврал мутаваққиф карда буд, ки дар натиҷа садҳо мусофир саргардон монда буданд. Қаблан торнамои расмии фурудгоҳ навишта буд, ки ҳудуди 20 парвозу нишасти тайёраҳо дар хатсайрҳои гуногун ба таъхир гузошта шудааст.



Хабарнигори “Озодагон” субҳи севуми феврал аз фурудгоҳ хабар дод, ки толори интизории мусофирон пур буда, бархе дар фаршҳо нишастаанд. Мусофирон аз он шикоят кардаанд, ки масъулини ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳатто аз ҳоли онҳо хабар нагирифта ва ё пешакӣ онҳоро аз мутаваққиф шудани парвозҳо огоҳ накардаанд.

Мансур Назаров, ки барои хатсайри Душанбе-Самара аз ширкати “Уралские авиалинии” билет гирифтаасту бояд соати 20:00-и 2 феврал парвоз мекард, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз соати 18:00-и дирӯз дар фурудгоҳ қарор дорад. Ӯ изҳор дошт, натанҳо ӯ, балки занон низ шабро дар сардӣ рӯз карданд, чун бисёрашон аз навоҳӣ омадаанду ҷое барои рафтан надоранд.

Азсаргирии кори фурудгоҳ дар пайи сардиҳо ва норозигии мусофирон (АКСУ ВИДЕО)Дар ҳамин ҳол, Рустам Холиқов, раиси фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, дар суҳбат бо хабарнигорон таъкид намуд, аз соати 12:00-и 3 феврал қабулу гусели тайёраҳоро аз сар мегиранд: "Ҳозир тамоми нерӯро барои тоза намудани хатти парвозу нишаст равона кардаем." Ӯ ба шароити тоқатфарсои мусофирон дахл карда, изҳор дошт, ки ширкатҳои ҳавоӣ дар сурати таъхири беш аз 6 соат уҳдадоранд муштариёни худро бо ғизою шароити зарурӣ таъмин кунанд.

Холиқов афзуд, феълан намояндагони ширкатҳои ҳавоиро даъват кардааст, то ба мизоҷонашон кумак кунанд. Раиси фурудгоҳ дар идома гуфт, аз чунин ҳолатҳо, ки ба далели номусоидии боду ҳаво сурат мегиранд, фурудгоҳ ҳудуди 20 ҳазор доллари амрикоӣ дар як шабонарӯз зарар мебинад.


Азсаргирии кори фурудгоҳ дар пайи сардиҳо ва норозигии мусофирон (АКСУ ВИДЕО)

Азсаргирии кори фурудгоҳ дар пайи сардиҳо ва норозигии мусофирон (АКСУ ВИДЕО)

Азсаргирии кори фурудгоҳ дар пайи сардиҳо ва норозигии мусофирон (АКСУ ВИДЕО)

Азсаргирии кори фурудгоҳ дар пайи сардиҳо ва норозигии мусофирон (АКСУ ВИДЕО)

Азсаргирии кори фурудгоҳ дар пайи сардиҳо ва норозигии мусофирон (АКСУ ВИДЕО)

Азсаргирии кори фурудгоҳ дар пайи сардиҳо ва норозигии мусофирон (АКСУ ВИДЕО)


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Акои рустамба гап нестай, кор мекна бинен, ки хатто галструк набастай чиста рабочий форма.

Шармандаги! 1солба 1вор барф меборад хаваям тоза кардан наметавонад. хайрият мисли Русия харруз барф нест. Набошад Точикистон банкрот мешуд. Хотя итак банкрот. Ну черт с вами.

Kishvare ki koni namak dorad, nametavonad mushkiloti FURUDGOH-ro hal kunad.

мухочир
дар як итревиюаш рохбари фурудгох гуфта буд ки мо метавонем дар якруз чан ресро ба хоричи кишвар зиёд кунем куватамон мерасад гуфта буд, амо имруз мебинем ки то кадом андоза куваташо мерасидааст барой муштариён хато чой нишаст надоранд амо гап мезананд гуё бо хама шаройтхо мухаёст фуруд гох!!! хай хай шармандагист ин хама.

м
хато диспечрхо телефонхоро чавоб намедихан ки мусофирон бар хонаи худ бар гарданд то аз ресхои худ бохабар бошан

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)