Бахшҳо

Вазири нав аз "Роғун", саҳмияҳо ва се тақсим кардани "Барқи тоҷик" гуфт

Абдусалом Қурбонов, вазири нави молияи Тоҷикистон, гуфт, дар ҳоли ҳозир 200 миллион сомонӣ пули саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар суратҳисоби бонкҳои кишвар нигаҳдорӣ мешаванд. Ҷаноби Қурбонов, ки дар нишасти хабарии 3 феврал сӯҳбат мекард, афзуд, соли гузашта аз ҳисоби фоизи маблағҳои Роғун дар бонкҳо 40,3 миллион сомонӣ фоида ба даст омадааст.

Ба қавли вазири нави молия, дар маҷмӯъ, маблағе, ки аз ҳисоби фурӯши саҳмияиҳои “Роғун” ҷамъ шудааст, 804 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин ҳисоб 389 миллионаш барои корҳои барқароркунӣ дар нерӯгоҳи Роғун ва харидории таҷҳизот сарф шудаанд. Абдусалом Қурбонов гуфт, соли 2013, инчунин, барои нерӯгоҳи Роғун аз ҳисоби буҷа каме бештар аз 300 миллион сомонӣ маблағгузорӣ намудаанд. “Дар нимаи дуюми соли гузашта мо бо Бонки ҷаҳонӣ як графикӣ махсуси маблағгузориро доштем, ки дар он ҷо бояд 356 миллион сомонӣ барои корҳои Роғун равона мекардем. Ба далели он ки корҳо начандон хуб ташкил карда шуд, мо дар ҳаҷми 315,7 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда тавонистему бас”,-афзуд ӯ.

Масъулони Вазорати молия мегӯянд, ба ин тартиб, маблағгузориҳо ба нерӯгоҳи “Роғун” дар мувофиқа ба “Бонки ҷаҳонӣ” сурат мегирад ва барои бештар маблағгузорӣ намудан, ташхиси ин нерӯгоҳро аз ҷониби бонки мазкур интизоранд. Ин дар ҳолест, ки қаблан Усмоналӣ Усмонов, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистион, гуфта буд, қисмати асосии ташхиси нерӯгоҳи Роғун тобистони соли ҷорӣ аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ ба анҷом мерасад ва умедвор аст, хулосаи он мусбат хоҳад буд.

Ӯ дар нишасти хабарии худ гуфт, ҳоло дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” корҳои барқарорсозӣ идома доранд: “Баъд аз гирифтани хулосаи Бонки ҷаҳонӣ оид ба ин масъала пеши роҳамон кушода мешавад. Корҳо дар мавриди асосноккунии нерӯгоҳ миёни гурӯҳи кории Тоҷикистон ва он ширкатҳое, ки барои ин кор ҷалб шудаанд, хеле дар сатҳи баланд ҷараён дорад ва мо ба ин боварем, ки хулоса мусбат мешавад.”

Абдусалом Қурбонов, вазири нави молияи Тоҷикистон, дар нишасти хабарии 3 феврал дар бораи тақсими "Барқи тоҷик" низ сӯҳбат кард. Ҷаноби Қурбонов гуфт, бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи охири ҳукумат ин ширкат бояд ба се -- барқистеҳсолкунанда, барқтаъминкунанда ва фурӯши барқ тақсим мешавад. Ӯ афзуд, барои назорати вазъи молии ширкати Барқи тоҷик моҳи феврали соли ҷорӣ Шӯрои нозирон ҳам ташкил хоҳад шуд, ки раҳбарии онро нахуствазир бар ӯҳда мегирад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Абдусалом Каримович ба х,ар кор кодир аст аз ухдаи хама кор мебарояд. Худованд нигахбонаш бошад.

Америка
Акнун фоизи пулхои мардума хурда гардед. Аз тарси Америкара кандатона хурдед, ки дигар Рогун гуед. Ёдат ба хайр, Рогун!

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, қонунеро имзо кард, ки бар пояи он амрикоиҳо дар мудирияти созмонҳои молиявии байналмилалӣ уҳдадоранд, алайҳи бунёди сарбанд (плотина)-ҳои бузург дар ҷаҳон баромад кунанд.

Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, шаҳрвандони Амрико дар созмонҳои байналмилалии бонуфуз бояд алайҳи тасвиби ҳар гуна ҳуҷҷату сармоягузорие баромад кунанд, ки ба бунёди сарбандҳои бузург равона шудааст. Ин дар ҳолест, ки Амрико аз саҳмдорони асосӣ дар созмонҳои молиявии бонуфуз, аз ҷумла Бонки ҷаҳонист, ки феълан ба омӯзиши тарҳи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун“ машғул мебошад.

Бар асоси ёддоште, ки Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дошт, ин ниҳоди молиявӣ дар сурати натиҷаҳои мусбати ташхиси Роғун ваъда дод, ки барои анҷоми сохтмони он сармоягузорҳоро ҷалб хоҳад кард. Сарбанди Роғун бо баландии 335 метр дар назар аст, ки баландтарин дар ҷаҳон хоҳад буд. Ин лоиҳа дар ҳоле ки калиди мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодии минтақа арзёбӣ мешавад, мояи нигаронии Узбакистон гардидааст.

Тошканд иддао дорад, ки “Роғун” кишварҳои поёнобро беоб мегузорад, аммо мақомоту коршиносони тоҷик бо ироаи далелҳо онро қатъиян рад карда ва гуфтаанд, дар сурати бунёди нерӯгоҳи Роғун кишварҳои поёноб, аз ҷумла Узбакистонро ташналаб нахоҳанд гузошт.

Оиди таксим кардани ОАО "БАРКИ ТОЧИК" : - ИН кори хото мебошад!!! РФ 12-сол пеш чунин карда буд, аз сари нав хамаро марказониданиянд!!!! Бояд вазири мухтарам садди ин корро гиранд!!! Дар ихотаи Президент теоретикхо чамъ шудаанд!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)