Бахшҳо
04 фев 2014 10:58Тоҷикистон / Сиёсат / Видео

VIDEO: Раиси Оҷонсӣ дар мавриди ташхиси "қалбакӣ"-и ДНК-и Зайд Саидов

Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии мубориза зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон, тақаллубкорӣ дар парвандаи Зайд Саидов – соҳибкор ва раҳбари зиндонии Тоҷикистони навро рад кард. Ҷаноби Саидов дар нишасти хабарии 4 феврал аз хулосаи ташхиси “Био Папа”, ки муфаттишони Оҷонсӣ ба додгоҳ пешниҳод карданду бар асоси он Зайд Саидов падари фарзанди яке аз “ҷабрдида”-ҳои парвандаи “таҷовуз ба номус” дониста шуд, ҳимоят кард.

“Мо барои ташхис пул ҷудо намуда, равон кардем. Натиҷааш 99,9 дарсад мусбат баромад. Ин ташхисро на муфаттишон, балки мутахассисони ҳамон пажӯҳишгоҳ гузарондаанд”,-таъкид кард ӯ.



Ин дар ҳолест, ки вакилони дифои Зайд Саидов ба пажуҳишгоҳи “Био Папа” муроҷиат карда, муайян намудаанд, хулосае, ки муфаттишон ба додгоҳ аз номи ин пажуҳишгоҳ пешниҳод кардаанд, тақаллубӣ аст. Масъулини “Био Папа” дар навори видеоӣ изҳор доштанд, дар хулосае, ки ба мақомоти тафтишотӣ пешниҳод карданд, падарии Зайд Саидов куллан рад карда шуд.

Аммо Фаттоҳ Саидов дар ин робита изҳор дошт, ки ин кори вакилони дифоъ аст, ки ба ҳамин восита мехостанд, ба наздикони Зайд нишон диҳанд, онҳо кор мекунанд. “Баъдан касе исбот накардааст, ки ин лаборантҳои баромадкарда киҳо ҳастанд?”,-суол гузошт Фаттоҳ Саидов.



Дар мавриди мусодираи амволи Зайд Саидов, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ изҳор дошт, ки феълан тамоми молу мулки “Тоҷикатлас” ба фоидаи давлат мусодира шудааст: “Дар мавриди молу мулки боқимонда то ҳукми қонунӣ гирифтани қарори додгоҳ чизе гуфта наметавонам.” Зайд Саидов, соҳибкор, вазири пешини саноат, баъд аз эълони азмаш барои таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав боздошт ва моҳи декабри соли гузашта ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳ ӯро дар қаллобӣ, сӯиистифода аз мансаб, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номус гунаҳкор донист.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Яъкуб.
Хамон духтаре,ки баромад дошту мегуфт З.Саид падари он кудак нест корманди ин ташхисгох Био Папа хаст.Агар барномахои Пуст Гаворят ро тамошо карда бошед факат ин зан аз номи Био Папа баромад мекунад.Хатто дар хамон барномаи Саид Шарипов хам падар будани Саидро у гуфт.Инхо на шарм доранд на вичдон руирост дуруг мегуянду ростгуро хоину фитнагар мегуянд.

Jon
Salom Ogoi Saidov,

Dar bobatii Zaid Said man tarafdorii Shumo hastam. In Zaid yak khohinii milat bud. Mardumi mo soda hastan namedonan ki dilii zayd chiqadar siyoh bud. In kasroo Khudo zad na balki digaroo. Bajoe ki yakasroo dastgirii kunad bar aks mardumii begonaroo chashmii didan nadorad. Man shohii on hastam ki begair az Seb furushoii gharmii yagon odamii begona dar shirkatii in shakhs kor namekard. Agar ki kor ba ham megiriftan hamonruz zayd mefahmid gumashon mekardan.. Anairoo Zayd menomad. Dar sokhtmonhoo hato dar plaza armaturii khitoii istifodaa burdagii hast man Khudo gufta shishtam ki yake ruz ne yak ruz hamon bino omadaa dar sarii mardum merezad. In shakhs be insof hast.

ДУРУГ МЕГУИ.ДУРУГУЮ ФИТНАГАРИ МОНДА ШУДАСТ ХАЛК АЗ ДУРУГУИОТОН

Ба ҷони беҷон
Jon,
гуфти ки мардум аз дили Зайд хабар надоранд ва ту хабар дорӣ пас ту (наузубиллоҳ) Худо ҳасти! ту бо ин иддиъо мехоҳи гуи ки Худо ҳасти ки аз дили инсонҳо хабар дорӣ? чун танҳо Худованд аз ончи ки дар дил мегузарад хабар дорад
2 танҳо шахсияте ки маҳалгаро нест ва тахасусгаро аст Зайд аст! агар чашмони калони тоҷики дошта боши бирав руйхати коргарони ширкатҳои Зайдро бин. Фикр мекуни бо ин дуруғбофиҳоят устодони дуруғатро кумак мекунӣ? касоне ки ба интернет сарукор доранд 1 милион бор дарку фаҳмашон аз ту ва ту баринҳо болост. Он арматураҳои хитойӣ иншоаллоҳ дар сари душманони Зайд(ки дар воқеъ душмани миллатанд) чаппа хоҳанд шуд!!!

ey joni bejon tu gumon kardi ki mardum kurand ba namebinand haifi tu!!! Zaid behtarin odam ast va memonad

ба Jon-и ноҷавонмард
Мардӣ набувад фитодаро пой задан.....
Онки мақомот чӣ туҳматҳоеро ба Зайд Саидов бор карданд як тарафи дардовари масъала аст,аммо тарафи дардовардтари ин масъала туҳматҳои ноҷавонмардонае аст,ки баъзе ноҷавонмардоне чун Jon ба ин инсони мазлум ва ба кунҷи зиндон уфтода мезананд.
Фақат кофист ба таркиби ҳаводорони Зайд,ки дар рӯзи эъломи ҳукми зиндони вай ҷамъ омада буданд назар андозем ,ки онҳо намояндагони минтақаҳои гуногуни кишвар буданд,пас ошкор аст,ки Саидов ҳаргиз маҳалчӣ набуда аст...
Дар ин маврид қиссаи ибратомӯзе аз орифи бузург Мансури Ҳаллоҷ ба ёд меояд...
Гӯянд, замоне ки ӯро дор заданд, мардум бар ҷисми ӯ санги бисёр мезаданд. Шиблӣ, аз урафо ва сӯфиёни машҳур, низ ба хотири дур намондан аз қофилаи мардум, тиккаи гили кучак ба Мансур зад. Аз вуҷуди Мансур оҳе бархост баланд. Гуфтанд: ин чӣ сирр аст? Аз ин ҳама санг ҳеҷ нагуфтӣ, аз гиле андак оҳ карданат чист? Гуфт: онҳо, ки намедонанд маъзуранд. Аз Шиблӣ аҷабам омад, ки медонад ман кистам, намебояд меандохт ва андохт.

Восеъ
Дар ин кишвар имруз точик будан бисёр айб ва хавфнок хаст....

Ман як чизро нафахмидам, ин чихел мешавад ки 4 сол пас аз тачовус одам кудак тавалуд кунад. Хамихелиям мешидай???

Точики бе ватан
Ба ин Фаттох Саидов касе хаст гуяд, ки ДНК хеч вакт аз 96% зиёд намешавад? ин чи аблахист? шарму хаё аз ин миллат дурш шудааст.
чаро то ин хад зулмро ин мардум сабр мекунад? чаро худо маро точик офарид, шарм медорам аз точи буданам

Барои чи саволхои рузноманигорон дар рафти сухбат садо намедиханд. Театр одного актера!

гр-TJ
Бо ин сардорони бесаводу беадолати Точикистон андаке мондааст,ки миллати Точик несту нобуд шавад


Фаттох Саид мегуяд, ки адвокатхо хатто сахари хуракашона дар хонаи Зайд Саидов мехуранд.
Фаттох Саидов пас бо он ду духтар чи коре дорад ки ин 8-9 мох якеашонро дар хонаи худаш нигох медорад? боз дар маркази шахр?!
пас маълум мешавад ки метарсанд ки онхо аз чанголи Фаттох халос шаванд хатман аз фикрашон мегарданд...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Январ 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)