Бахшҳо
05 фев 2014 09:46Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Боздошти мансабдори Идораи андози Душанбе ба гумони порагирӣ

Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ ё коррупсия як мансабдори Идораи андози Душанберо барои тамаъкорӣ боздошт карда, ба ҳабси пешакӣ гирифтааст.

Ин ниҳод мегӯяд, Ҷумъахон Холов баъд аз 6 моҳи санҷишу гирифтани 50 ҳазор сомонӣ “пора” аз соҳибкор Мирзокаримов, аввали соли ҷорӣ дигарбора аз ӯ пул талаб намуда ва шарт гузоштааст, ки дар акси ҳол фаъолияташро аз санҷиш хоҳад гузаронд. Ба иттилои манбаъ, ҷаноби Холов рӯзи 3 январи соли ҷорӣ ба Мирзокаримов гуфтааст, барои аз нав мавриди санҷиш қарор надодани фаъолияти сҳибкории ӯ, ҳаққи хидматашро ба маблағи 5 ҳазор доллар оварда диҳад.

“Мирзокаримов ноилоҷ 1000 доллари бо худ доштаашро ба ҳайси пора ба Ҷумъахон Холов додааст. Холов дар навбати худ то рӯзи дигар оварда додани 4000 доллари боқимондаро талаб намудааст”,-мегӯяд манбаъ.

Бино ба хабари Оҷонсии мубориза зидди фасоди молӣ, Мирзокаримов бегоҳи 3 феврал бо аризаи шикоятӣ нисбат ба ҳаракатҳои Ҷумъахон Холов ба ин ниҳод муроҷиат намудааст: “Санаи 4 феврали соли 2014 тахминан соати 13, дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ-тафтишотӣ дар ҳудуди кӯчаи Маяковскийи шаҳри Душанбе Ҷумъахон Холов ҳангоми аз Р.Мирзокаримов гирифтани пора ба ҳисоби 4000 доллар дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуд.”

Ин ниҳод таъкид мекунад, ки феълан Холов дар боздоштгоҳ қарор дошта, парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ мавриди тафтиш қарор дорад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
sohibkor
Biser kori xub shudast , kormandoni ziddi fasod kandotona zaned.

Антикоррупсия
сраза хукми катл е 100 сол аз озоди махрум кунед хоинро.

Аждахори калон Зубайдуллоев мебошад чаро очонси инро намебинад

IN BESOXIB AZ YAGON AVLOD NABUDAY CHI?? JOI KORASH DARKOR SHUDAY YAGON JIYANI XAZRATDA!!!

Гражданин
Ахсан ба кормандони Агенти. Аз Шумо як хохиш хамин Зубайдуллоев-сардори нозироти андози нохияи Фирдавси-ро аз кафояш шавед. ин кас худашро асри 21 нисбати хам кормандон ва сохибкорони бечора рафтор мекунад. аз хама бадаш хам пула РУИРОСТ (дар таги когазо мон мега бо) калон калон мегираву мега ман ай Дангара одами акаи Нуриддин (Бародари Чаноби Оли) кчои ки мерен брен....................... е войййййййййй дддддддооооооооодддддддде ба холи сохибкори бечора .......ха чи кор кунам мачбурам бинависам............ илтимос аз кормандони Агенти як бор кору фаъолияти хами Зубайдуллоев-ро санчида бинед.

гр-TJ
Пеш аз фазифаро харидан аввал шиносномаи Дангараро харидан даркор буд.

аз Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ хохишдорам, ки хамин Зубайдуллоева кати навкарош назорат кунен ман хамчун сохибкор аз вакте ки хамин омадай дилма гирифтай хамин системаи андоз. Хулоса аз кафош шиден баъд мефахмен ки чихели одамай.
Ба Кумитаи андоз гуфтаниам ки дар вакти интихоби кадрхоят иштибох накун баъд системаи корита осон кун. барои мо як маълумотнома дар кор мешава барои озмун дар вакташ гирифта наметонем ........ хай гутани бисёрайю чи Шумора бегем чи девора!

ба гражданин
Метони доказат карда пешниход кун корупсияда бкапанша, даказательства надори значит ягон гарази шахси дори одама тухмат накун, касе худуш камбуди дора, пули налоги давлата супоридан намефораша, налогавикора бад мебина.

сохибкор
Чи ика коргарои андоза шум мебинен кадоми созибкоро андоза дуруст месупорен хами коргарои андоз планошона вазнин мондагиян чко кнан и гапои менависен асос надора чзе месупорен барои давлат месупорен.

Е сохибкоро шумора худо мезана кадом рузе . Гардиши молиатон миллионхоро ташкил медихад аз хисоби андоз насупориданатон сохиби хонаву дар шуден бо гап мезанен. Шугрона кнен ки малумотои шумора ба агенти наметан агане хамат суд мешен!!! Холи ташкил мекнан андозчие фурухтани сохибкорора

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)