Бахшҳо

Миср аз Қатар хостааст, Юсуф Қарзовиро таслим кунад

Мақомоти Миср бори дигар расман аз ҳамтоёни қатарии худ хостаанд, Юсуф Қарзовӣ, раиси Иттиҳоди мусулмонони ҷаҳонро, ки дар чанд хутбаи ахири намози ҷумъааш, алайҳи онҳо сухан меронад, ба Қоҳира таслим кунад. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Миср, ин ниҳод рӯзи 4 феврал сафири Қатар дар Қоҳираро эҳзор ва ин мавзӯъро ба миён гузоштааст.

Бадр Абдулъотӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Миср гуфтааст, аз Давҳа қотеона талаб шудааст, то шаҳрвандони кишварашро, ки дар пайгарди қонунӣ ҳастанду ҳоло дар Қатар ба сар мебаранд, ба ватан истирдод кунад. Абдулъотӣ мегӯяд, миёни ин шахсиятҳо номи Юсуф Қарзовӣ низ гирифта шудааст.

Эҳзори сафири Қатар дар Қоҳира ба Вазорати умури хориҷии Миср бори аввал нест, моҳи гузашта низ дар робита ба интиқоди ҳукуматдорони Давҳа аз саркуб шудани ҷонибдорони Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури Миср дар ин кишвар эҳзор шуда буд. Ин дар ҳолест, ки Вазорати умури дохилии Миср низ қаблан бо судури як фармон номи Юсуф Қарзовиро дар рӯйхати афроди дар кофтукоб қарор дошта ворид карда, ба масъулини ин ниҳод дастур дода буд, то ҳангоми вуруди Қарзовӣ ба қаламрави ин кишвар ӯро боздошт кунанд.

Юсуф Қарзовӣ 88 сол дошта, яке аз руҳониёни маъруфи мисрӣ ва раиси Иттиҳоди уламои мусулмонони ҷаҳон мебошад. Қарзовӣ тӯли чанд муддат аст, Мисрро ба қасди Қатар тарк карда, то кунун имом-хатибии масҷиди Умар ибн ал-Хаттоби шаҳри Давҳа, пойтахти Қатарро ба зимма дорад.
Мӯҳр
Номулло
Ин муллохоро чй бало задаст, ки дар хама чо чомеаро ноором мекунанд.Агар муллои муллохо хамин хел бошад, вой бар холи муллочахои дигар...

Сурач
Кишвархои исломиро бо чахонбинии пасташон хамин рухониёни муттасиб фурухтаанд.Чун дониш гуфта танхо динро мефахманд ва бо бомбат атоми ва сохтани киштии кайхони аслан сару коре надоранд!

Ба Номулло ва Сурач. Бародарон агарчанде нафрат нисбати муллохо дошта бошед хам онхоро дар шакли чамъ номбар накунед. Хамаи онхо мисли гуфтахои щумо нестанд. Худо накунаду бар сари шумо мисли Карзови фочеае пеш ояд, мумкин аз тарс талхакаф шуда монед. Бомбаи атоми ва фоидаашро аз мардуми Херосимаву Нагасаки пурсед. Худдованд нигахбон бошад.

Точик
Ба Сурач! Кишвархои исломиро дар сад соли охир мусулмонзодахои гуруру ифтихори исломи надоштахо идора карда истодаанд ба истиснои Эрон. Дар си сол Эрони Исломи бо вучуди мухосираи шадиди иктисодию сиеси ва хафт сол чанги Ирок ки тамоми гарбу шарк кумакаш мекард тавонист технологияи атоми ихтиро намуда ганисозии уранро ба рох монд. Бе ердами кишвархои хоричи. Магар рохбархои Эрон муллохои исломи нестанд. Точикистон сад сол зиедтар дар зери рохбарии коммунистхо ва фарзандони хамонхо хаст чаро таракки накард. Тамоми кишвархои Осиеи Маркази аз чумла. Хаммаашон корашон гадои карзпурси ва гарант талабкуни. Фикр карда гап зан Сурач!

Яъкуб.
Ба суханони точик сад дар сад мувофикам ..Ахсан

Шамима
[b]Точик[/ Эрон аз пеши худ чизе насохтаст. Ганигардонии уранро русхо ёд доданд. Давлатро худашон идора карда наметавонанд, барои хамин дигарон рохбарй мекунанд. Эрон як тунелу як ГЭС-ро дар Точикистон 20 сол боз сохта наметавонад. Точикистон дар 70 сол хеле пеш рафт. Акалан бо Афгонистон мукоиса кунед. Худо накунад, ки боз муллохову толибон ба Афгонистон биёянд. Онгох ин кишварро Худо зад гуфтан гир, бародари точик.

Донишчу
Ба Номулло ва Сурач!бародароне,ки суханони беандешаро баён мекуне ё ин ки нафрат ба муллохо доред тахкики коро пеша гиред бифахмед ки гунахгор аст!!!Юсуф К,дуруст мегуяд!магар аз расонахо хабар надоред,ки киро дар Миср ба чи ахвол расонид. Хохиш мекунам бисёртар хоне ва нафратро аз худ дур кунед!!

Бародар Авгонистона мисол меори медони ки дар инчо 35 сол шуд.ки чангай .Дар Точикистон чор сол чанг шуд то хол ба худ намеоя офарини ин мардум.Агар аз Ислом нафрат дори,рав християн шав.

Номулло,

Аз рафти суханхоят маълум мешавад, ки ту як тупой бесаводу бе андеша будай, савод ки надори дар байни босаводхо надаро инчо чой ту нест. Дафшав бра бухон. Ха ха ха

.
Хаким,

Ин Номулло ва ба хамин монандхо манкуртхои даюс мебошанд. Ба онхо ахамият надех, саг мечакад корвон бо рохаш меравад......

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)