Бахшҳо

Вакилони Зайд: Ҳар қадамамонро назорат ва телефонҳоро гӯш мекунанд

Вакилони мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари зиндонии Тоҷикистони нав, иддао доранд, ки масъулони Оҷонсии зидди фасод пайваста сӯҳбатҳои телефонии онҳоро гӯш мекунанд.

Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили дифои Зайд Саидов, дар нишасти матбуотии 5 феврал дар Душанбе гуфт, аз изҳороти ахири Фаттоҳ Саидов (Абдуфаттоҳи Ғоиб), раиси Оҷонсии зидди фасоди молӣ, бармеояд, ки “онҳо ҳар қадами моро пайгирӣ карда, сӯҳбатҳои телефонии моро гӯш мекунанд.” Қудратов ин кори масъулони Оҷонсии зидди фасоди молиро ғайриқонунӣ хонда, таъкид намуд, барои дифоъ аз ҳуқуқи худ ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати умури дохилӣ муроҷиат мекунанд.

Вакилони дифоъ, инчунин, даъво доранд, ки Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ, дар нишасти хабарияш дар ҳаққи онҳо ҳарфҳои беасос гуфтааст. Вакилон дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, ҳоло қасд доранд, аз болои Фаттоҳ Саидов ба додгоҳ шикоят бубаранд, то мӯй аз хамир ҷудо гардад.

Фаттоҳ Саидов (Абдуфаттоҳи Ғоиб) рӯзи 4 феврал дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, ташхиси ДНК-и Зайд Саидовро, ки муфаттишон ба додгоҳ пешниҳод кардаанд, 99,9 дарсад дуруст аст. Дар мавриди он ки вакилони мудофеъ навори масъулини “Био Папа”, масъули ташхиси ДНК-и Зайд Саидовро, пешниҳод карда, нишон доданд, ки хулосаи ироакардаи муфаттишон тақаллубӣ аст, Фаттоҳ Саидов изҳор дошт: “Ин кори дасти вакилон аст, ки бо ин роҳ мехоҳанд, ба наздикони Зайд нишон диҳанд, ки кор карда истодаанд. Зеро мо медонем, ки 9 моҳ боз адвокатҳо ҳатто субҳонаро дар хонаи Зайд Саидов мехӯранд.”

Аммо Қудратов гуфтаҳои Саидовро ҳатто дар мавриди он ки вакилони Зайд Саидов 9 моҳ боз субҳонаашонро дар хонаи зерҳимояашон мехӯранд, беасос хонда, таъкид намуд, ки тайи ин муддат вакилони дифоъ ҳамагӣ ду бор - замони боздошти писарони Зайд ва фавти наберааш ба хонаи ӯ рафтаанд.

Зайд Саидов баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони Нав” боздошт шуд. Додгоҳ моҳи декабри соли гузашта, баъд аз ҳафт моҳи боздошташ, ӯро дар қаллобӣ, сӯиистифода аз мақом, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номус муҷрим шинохта, барои 26 сол равонаи зиндон кард. Вакилони мудофеи Зайд Саидов мегӯянд, то ҳол нусхаи ҳукми додгоҳро дарёфт накарда, додрас Шавкат Абдулхайров ба онҳо шарт гузоштааст, ки танҳо дар сурати ифшо накардани ҷузъиёташ ҳукмро ба онҳо хоҳад дод.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Хеч намефахманд мансабдорони мо, ки дар нишастхои расми гапро фикр карда задан даркор. Имруз-нюс ва Туркманистон ба Хукумов эътироз карданд, акнун адвакатхо ба Саидов. Вай мардаки баакл метофт, аммо чи шуд ки ба завтраки адвакатхо дахолат кард. Мумкин ба эхсосот дода шуда бошад. Неки надо держат себя.

Зайд Саидов Вас надо выдворит с страны ваша делегация что делала в Хороге с начальником МБ и прокурором области у вас там проблемы не лезте в хорог решаате свои проблемы у себяЗамон,

Кучо шуд коментарияи ман баройи чи шумо коментария моро намебуроред

Muhammad
Salom! Fatoh Said va Shavkat Abdulkhayrov hamrohi khojagonashon dar peshi khudo javob khohand dod!!!

Ин Адвоктхо боз ноухдабарои худро нишон дода истодаанд...ба чои ин занак гапхо (ки дар кучо чой хурдааст) Шумо Фатох Сидовро бо БИО-ПАПА сар ба сар кунед охииир!! ки у дар суханонаш Ба имиджи лабаратория латма ворид крада аст АНА ИН МАСЪАЛАРО бардоред, ки серавно аз дасти шумо хичи намеояд Шояд лабаратория тавонад коре кард!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)