Бахшҳо

Чаро президент Ҳукумовро пеш аз “мӯҳлат” барканор кард?

Дар ҳоле ки Амонулло Ҳукуматулло, раиси собиқи корхонаи "Роҳи оҳани Тоҷикистон", дар нишасти ахири хабарияш гуфта буд, то моҳи майи соли ҷорӣ “муҳлат” дорад, чаро раисиҷумҳур ӯро барвақттар ба нафақа гусел кард? Ин суол ҳоло дар аксари маҳофил пурсида мешавад ва ҷавобҳо низ мухталифанд. Ҳар кас фарзияи худро дорад.

Аммо барканории Ҳукумов метавонад бештар ба чӣ рабт дошта бошад? Ба изҳороташ, ки мояи нигаронии Туркманистон шуд ва ё таҳдидаш ба хабарнигорон? Ё гилаи рӯиросташ аз Матлубхон Давлатову Маҳмадсаид Убайдуллоев? Дар ҳоле ки ҳатто садамаи маргбор ва пурсарусадои писари ноболиғаш дар моҳи октябри соли гузашта натавониста буд, Ҳукумовро аз ҷояш “биҷунбонад”.

Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, барканории Амонулло Ҳукуматулло ба ҳеч ваҷҳ ба нашри матолиб дар бораи ӯ дар расонаҳои маҳаллӣ дахл надорад. Ба қавли ӯ, ҳарчанд синни Ҳукумов ба нафақа расидааст, аммо барканории пеш аз мӯҳлаташ баёнгари он аст, ки дар кадом шакле ба раисиҷумҳур маъқул нашудааст. Вале ӯ афзуд, “мумкин ин ба қазияи писари 16-солааш низ марбут бошад. Эҳтимол ба ин масъала одамони президент аз дигар “клан”, аз гурӯҳи “Ориёнбонк” таъсир расондаанд, ки ба Роҳи оҳан ҳам таваҷҷӯҳ доранд.”

Вале Саймиддин Дӯстов, раҳбари бунёди ИНДЕМ, бовар дорад, яке аз иллатҳои барканории Ҳукумов нишасти хабарии номуваффақи ӯст, ки 29 январи соли ҷорӣ баргузор шуд. “Маҳз ҳамин сабаб шуд, то афроде, ки қарор қабул мекунанд, ба иттилои қаблӣ дар бораи Амонулло Ҳукумов, аз ҷумла кори писараш Рустам Ҳукумов ва муносибати ӯ бо Хадамоти махсуси Русия аз нигоҳи нав назар кунанд”,-афзуд ҷаноби Дӯстов.

Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони иҷтимоии “Перспектива+”, мегӯяд, фикр намекунад, ки расонаҳо ба барканории Ҳукумов таъсир кардаанд. “Аввалан, синни Ҳукумов ба нафақа расидааст. Дувум, ба барканории ӯ изҳороташ дар бораи сохтмони роҳи оҳани миёни Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, ки бо Ашқобод ҳамоҳанг нашудааст, низ таъсир гузоштааст.” Хонум Бобоназарова назарҳо дар бораи он ки Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад, ба ин тартиб баъзе афроди наздикашро аз мақомҳои давлатӣ дур кунад, нодуруст шуморид. Ӯ гуфт, “агар раисиҷумҳур мехост, афроди наздикашро аз мақомҳои давлатӣ барканор кунад, аз аввал ба онҳо мансаб намедод.”

Як коршиноси наздик ба ҳукумати Тоҷикистон, ки нахост номаш ифшо шавад, дар ин маврид гуфт, дар қарори ҳукумат хеле дақиқ гуфта шудааст: “ба сабаби баромадан ба нафақа...” Вале ба ҳар ҳол, мусоҳиби мо гуфт, “мумкин, ба барканории ӯ нишасти хабарии пур аз эҳсосоташ сабаб шуда бошад. Дар ҳар сурат, вақташ омад, бояд ҷойро холӣ кунад.”


Видеои нишасти хабарии Амонуллои Ҳукуматулло (29 январи соли 2014)


Мӯҳр
Хато ба мани кишлоки хам Бармало маълум хаст ки Хукумовро факат вокуниши ТУРКМАНИСТАОН аз вазифа ПАРОНД вагарна писараш хатто 10 нафарро хам мекушт "ЧО" уро аз вазифа намегирифт.....Дар хукумати мо одат шуда аст...Факат тасмимхои чиди вакте гирифта мешаванд ки "ОБ АЗ КУЗА" рехта шуда бошад..

Саид
"Ба ин масъала одамони президент аз дигар “клан”, аз гурӯҳи “Ориёнбонк” таъсир расондаанд, ки ба Роҳи оҳан ҳам таваҷҷӯҳ доранд.” Ана хамин фикри Зафар Абдуллоев ба хакикат наздиктар аст. Чаро матбуот дар казияи Рустам, писари калонии Хукумов ва Расул, писари хурдии у ки боиси кушта шудани се нафар ва хамин кадар маъюб гардид таъсир накард..так что журналистон талли шоди назанед ..сухан дар мо асар надорад.

Darvesh
I tarzi sukhanronii rohbara bined!!!!!! Voy dod

наид
Э и пула чам кардагияй дигар вазифа чи даркор.

Озодагони азиз, Шумо бараъло медонед, ки Ҳукумофро Президент не, Раиси шаҳр "барканор" кард аз вазифа. Инҷо гапи туркман муркман нест, ин ҷо ҳамон ҷумлаи "ман ранги шумо газетаҳои иғвоангез надорам" гуфтаи Ҳукумоф, "контрол вистрел" дар ҳукми Ҳукум буд. Ин нуги як гапи калонро кушод бо ин гапаш, аммо мо ҳоло аз асли кору бор бехабарем.
Қонунгузорӣ барои гуноҳи як одам дигар одамро ҷазо доданро пешбинӣ накардааст. аз ин хотир писарон садама карданд, ин ҷинояти Ҳукумов нест, ин ҷинояти ҳамон рустам аст, аз Ҳукум не. Дар доираи конуни бемании масъулияти падару модар ҳамун 120 сомон ҷарима буд, ҳамчун волидайн супориданд онҳо.
Кани бинем, то чи андоза шумо ҳиммат мекунеду ин гапи маро чоп мекунед. ба пеш, ба суи ҳақиқат

kurbon
hamai sababho durustand anikash etirozi VKH-i Turkmaniston va dar nishati habari ba zabin ovardani Matlubhon va Ubaidulloev meboshad

баъд аз нафака баромадани хукумов рохи охани точикистон ягон навигари ё пешрави намешавад бовари дорам ки раиси нав хам мисли кухна аст бехтар мешуд хукумов боз 12 сол раис бошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Январ 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)