Бахшҳо

Изҳороти вакили парлумон: "Рӯзи Валентин иди Шайтон аст"

Турсунбой Боқир-уулу, вакили парлумони Қирғизистон, хостори манъи таҷлили Рӯзи ошиқон ё худ Рӯзи “Валентини Муқаддас” дар кишвараш шудааст. Ин намояндаи мардумии қирғиз рӯзи 7 феврал дар ҷаласаи парлумоние гуфтааст, Рӯзи ошиқон ин иди Шайтон аст ва онро набояд ҷавонони кишвараш таҷлил кунанд.

Ӯ таъкид кардааст, “ин рӯзро мо ҳаргиз таҷлил накардем ва ҳоло онро дар макотиби таҳсилоти умумии Қирғизистон бошукуҳ ҷашн мегиранд. Иде, ки ба миллати қирғиз бегона аст, таҷлили онро бояд манъ кард.”

Турсунбой Боқир-уулу аз паёмадҳои нохуби таҷлили ин рӯз ба мақомоти кишвараш ҳушдор дода, гуфтааст, дар сурати сар задани ягон ҳодисаи нохуб миёни ҷавонон ҷавоб хоҳанд гуфт: “Ман расман ба худи раисиҷумҳур ва аъзои ҳукумати Қирғизистон ҳушдор медиҳам, ки агар миёни ҷавонони кишвар фоҷиае рух диҳад, онҳо ҷавобгӯянд.”

Рӯзи Валентин ё рӯзи ошиқон ҳамасола 14 феврал аз сӯи ҷавонон таҷлил карда мешавад. Таърихи пайдоиши ин ид ба давраҳои аввали масеҳият бармегардад ва дар Тоҷикистон низ назарҳо дар бораи таҷлил кардан ё накардани он назарҳо мухталифанд. Рӯҳониён борҳо онро ба пайравони дини Ислом бегона хонда, хостори манъи таҷлили он шудаанд, вале бархе аз ҷавонон онро як рӯзӣ хушӣ медонанд, ки ба қавли онҳо ба ҳеч дину мазҳабе дахл надорад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
точик
Руи очат сиех. Ту ба иди Валентин чи кор дори? Барои фахмидани ошику ошики маданят даркор ки шумо надоред.

Бояд вакилони ЧТ ибрат гиранд...)

Мухаммад
Офарин, инро мегуянд намояндаи хакики, ки дар гами миллату сарбаландии кишвар аст.
Худо чазои дунё ва охиратро насиби ишон гардонад

Иди чи охи мусалмон ду ид дорад Рамазон ва К,урбон

точики бесавод хай ихел боша мон духтарта ё хохарта валентин кадан бигира бад юинем ку чи мешава ё не

ТОЧИК
точик,
дар хамин 1 чумлаат аллакай то чи андоза маданият доштани ту ошкор шуд. Бегонапарасти худбехабар, пагох дар кабр аз Валентини "мукаддас"-ат шафоат талаб кун. Дар таълимоти исломи хадисе ривоят шудааст аз паёмбари Худо, ки мазмунан чунин аст:

" Касе, ки худро монанд ба кавме мекунад, у низ аз хамон кавм аст".

посух ба ошиқ
точик,
да фаҳму даркт садқа ҳафтафам
баъшам як депутати қирғиз барои миллат ва ватани худаш як пешниҳод додаст ба ту ки ишқро мефаҳмад ё не ЧРТК

Дар чаласаи парлумон масьалаи марзро мухокима кунед.

Адл Москва
Барои ишку ошики хама руз муайян шудааст. Рузи 14 феврал хамчун рузи Ошикон кайд мешавад. Аз як тараф ин рузи санчиш аст, санчиши вафодори, мехру мухаббат. Дар ин руз ошикон бо бехтарин суханхо, шеърхо, сурудхо, расму суратхо, гулхо хамдигарро муборакбод менамоянд. Хастанд нафароне, ки ин рузро галат мефахманд. Ба фикри онхо гуё дар ин руз бо дилхох зан бояд изхори мухаббат куни, ки ин хатост. Ин руз барои онхоест, ки то Рузи ошикон ошики хамдигар буданд ва хастанд. Ин рузро дар сатхи давлати кайд кардан зарурат хам надорад. Факат дилдодахо, лайлию мачнуни хамдигар бояд ин рузро аз руи одоб кайд кунанд. Ин ид барои мо мусулмонон бегона аст. Агар дар ин руз ошикон нисбати хамдигар аз руи хурмат, одоб, мехру садокат ва вафодори дар доираи талаботхои Ислом амале намоянд, ба фикрам хеч гунохе нест.

Точик
Турсунбой молодец! Рост мегуяд.Иди Валентин барои мардумони Осиёи маркази бегона аст.

бе ном
ин марди мансабдор рост мегуд ин ид иди шаитонист ва онро чашн гирифтан номумкин аст. ИДИ ОШИКОНро чашнгирифтан гон фоидае надорат бад ошики ин кори харом аст.

Трабзонспорн
ТОЧИК РУТА СИЁХ НАКУН.ИДИ ВАЛЕНТИНИ МУКАДДАС ЗЕРИ ХУД МАФХУМИ ДИНИ НАСРОНИРО ДОРАД.ХОН!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)